ДАР ДУ НОҲИЯ МАРКАЗИ «ИНСОН» КУШОДА ШУД

Дар ноҳияҳои Иштихон ва Оқдарё бинои Маркази хидматҳои иҷтимоии «Инсон» ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Сарвари давлат аз 1-уми июни соли 2023 «Дар бораи ташкили фаъолияти Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва Фармон «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ аз рӯйи хидматрасонии босифати иҷтимоӣ ва кумак ба аҳолӣ, инчунин, роҳандозии низоми самарабахши он” дар кишварамон агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва дар 28 ноҳия ва шаҳр ҳамчун таҷриба марказҳои хидматҳои иҷтимоии «Инсон» ташкил гардид.
Аз оғози соли ҷорӣ дар тамоми минтақаҳо чунин марказҳо ба кор шурӯъ карданд.
– Тавассути афзунсозии самарадорӣ ва мақсаднокии системаи ҳифзи иҷтимоӣ таъмини иҷтимоъгароии аҳолии ба кумак ниёзманд, ташкили ҳифзи иҷтимоӣ дар сатҳи маҳалла, роҳандозии хидматрасонии босифати иҷтимоӣ ва кумак ба аҳолӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти мо ба ҳисоб меравад, — гуфт роҳбари марказ Зоҳид Боитов. – Бино ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар ноҳияи мо 6249 нафар шахсони ногиродошта, 178 нафар пиронсолони танҳо ва шаҳрвандони маъюб умр ба сар мебаранд. Ҳоло ба онҳо 20 нафар кормандони иҷтимоӣ ва ёрдамчиёни таъинкардаи марказ хидмат мерасонанд. Аз аввали соли ҷорӣ ба 26 нафар шаҳрвандони ноҳия барои барқарор кардани саломатии худ ба сиҳатгоҳҳо роҳхат дода шуд.
Ҳоло барои ҷалби 28 нафар корманди иҷтимоӣ ба 62 маҳаллаи ноҳия чораҳо андешида мешаванд.
***
Дар ноҳияи Оқдарё низ Маркази хидматҳои иҷтимоии «Инсон» кушода шуд. Дар чорабинӣ ҳокими ноҳия Ш. Қудратов  дар бораи аҳамияти системаи ҳифзи иҷтимоии касбӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоте, ки дар соҳа амалӣ мегарданд, ҳарф зад.
Дар бораи имкониятҳое, ки барои шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд фароҳам гардидааст, маълумот дода шуд. Зикр гашт, ки кормандони марказ беш аз 70 масъаларо аз қабили кумаки моддӣ, хидматҳои иҷтимоӣ, таъмини шуғл, дастраскунии субсидияву кредит ва ғайраро ҳаллу фасл мекунанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: