Соли 2023-юми поёнёфта дар солномаи кишварамон бо тафсилоти аз рӯйдодҳои сиёсӣ ғанӣ дар саҳифаҳои таърих сабт гардид.
Соли гузашта барои мамлакати мо пурфайзу баракот омад. Кишвари мо ба таври шинохтанашаванда зебо гардид.
Тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба майдонҳои азими сохтмону бунёдкорӣ табдил ёфтанд.
Корхонаҳои замонавии саноатӣ, шабакаҳои логистикӣ ва инфрасохторӣ, боғчаву мактабҳо, иншооти фарҳангиву варзишӣ бунёд гардиданд. Ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омада, шароити зиндагии аҳолӣ тағйир ёфт.
Махсусан, дар мамлакатамон ҷиҳати ба зинаи нав баровардани сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон, дастгирии шуғл ва соҳибкории онҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи босифат корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Ба ҳазорон нафар ҷавононе, ки мехоҳанд соҳибкориро ба роҳ монанд, ёрии амалӣ дода, имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд.
Оиди кор бо ҷавонон низоми комилан нави идоракунии вертикалӣ ба вуҷуд омад. Дар тамоми маҳаллаҳои кишварамон вазифаи пешвои ҷавонон ҷорӣ карда шуд. Тавассути ин низом барои ҷавонони маҳалла зиёда аз 100 имконият фароҳам оварда шуданд.
«Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» ном гузоштан ба соли ҷорӣ як маънои амиқ дорад. Зеро ҷавонон – қувваи ҳалкунандаи давлат ва ҷамъият мебошанд. Имрӯз иқтисодиёти замонавиро бе тиҷорати васеътараққикарда тасаввур кардан имконнопазир аст.
Ин маънои онро дорад, ки барои ба ҷавонон омӯхтани касбҳои замонавӣ, ташаккул додани малакаҳои соҳибкорӣ, амалӣ гардондани ташаббусҳои онҳо аҳамияти устувор дода, низоми фарогиру муттасил офарида мешавад, ки писарону духтаронро ҳарҷониба дастгирӣ намуда, барои дар ҳаёт мавқеи сазовор пайдо кардани онҳо ёрӣ мерасонад.
Инчунин, дар пешрафти ҳар ҷомеа солим ва баркамол ба воя расондани насли ҷавон, ки ояндаи онро таъмин менамояд, мавқеи ҳалкунанда дорад. Аз ин рӯ, ҷавонони аз ҳар ҷиҳат баркамол, донишу малакаи замонавиро азхуднамуда ва далеру ташаббускор такягоҳ ба ҳисоб мераванд.
Дар таҳрири нави Конститутсияамон ҳуқуқу манфиатҳои насли наврас бо моддаҳои мушаххас инъикос дода шудааст, бешубҳа, имкон медиҳад, ки заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт боз ҳам васеътар гардида, кори амалии мо ба зинаи нав бардошта шавад. Аз ҷумла, ба масъалаи оила, кӯдакон ва ҷавонон бахшида шудани боби алоҳида (боби XIV) аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мамлакатамон ба ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон то чӣ андоза диққати калон дода мешавад.
Дар Сарқонуни мо муқаррар шудааст, ки давлат ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологии ҷавононро таъмин намуда, иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ҳавасманд менамояд. Фароҳам овардани шароит барои амалӣ гардондани ҳуқуқи онҳо ба таҳсил, нигоҳдории тандурустӣ, манзил, шуғл ва истироҳат пурзӯр гардид.
Албатта, ҳамаи инро дар муддати кӯтоҳ ҳал кардан душвор аст. Аз ин сабаб давлат ин гуна масъалаҳоро бар дӯш мегирад. Ҳамаи ин далели он аст, ки дар Ӯзбекистони Нав манфиати инсон аз ҳама чиз боло, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷавонон ва мусоидат намудан ба тиҷорати онҳо дар маркази диққат қарор дорад.
Дар Қонуни асосии мо дар бораи дастгирии тиҷорат низ моддаҳои алоҳида мавҷуд аст. Ин онро мефаҳмонад, ки ислоҳот дар кишварамон идома дошта, корҳои хайре, ки дурандешона анҷом дода мешаванд, самараи баланди худро медиҳанд.
Сазовори эътибор аст, ки таҳкими ҳифзи иҷтимоии ҷавонон ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ба сифати вазифаи аввалиндараҷа муайян гардидааст. Аз ҷумла, мақсад гузошта шудааст, шуғли 400 ҳазор нафар ҷавононро таъмин намуда, сатҳи бекории ҷавонон аз 14 фоиз то 11 фоиз коҳиш дода шуд.
Хулоса, имрӯз дар кишвари мо шумораи ҷавонон беш аз 19 миллион нафар. Дар мамлакат бобати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои зарурӣ барои онҳо заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шуда, ин низом мувофиқи талаботи замон такмил меёбад.
Боварӣ дорам, ки дар соли нав ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва иқтисодиёти мо, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои соҳибкорӣ ва мулки хусусӣ, рушди илм, инноватсия ва технологияи иттилоотӣ диққати махсус дода мешавад. Хусусан, таваҷҷуҳ ба масъалаи ҷавонон пурзӯр шуда, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ба зинаи комилан нав бароварда мешавад.
Шерзод РАҲМОНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.