Ширкати чинӣ дар беҳбуди инфрасохтори нақлиётии Ӯзбекистон ширкат мекунад

Дар Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон бо ширкати «CITIC construction»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба баррасии лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгардӣ ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Ширкат дар баробари таҷдиди шоҳроҳҳои "Пунгон – Намангон",  "Тошканд – Чиноз" нияти иштирок дар беҳбуди инфрасохтори нақлиётии кишварро бо истифода аз роҳҳои муосир дар соҳаи сохтмон бо истифода аз таҷрибаи байналмилалии худ дар сохтмони роҳҳои нави пулакӣ изҳор дошт.

Вазири нақлиёт дар навбати худ зарурати дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз фанновариҳои муосири ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд намудани ин роҳҳоро қайд намуда, ба кам кардани хароҷоти сохтмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

Ширкати хориҷӣ гуфтааст, ки бинобар тарҳҳо пажӯҳишҳо анҷом медиҳад ва рӯзҳои наздик пешниҳодҳои лоиҳавии ҷавобгӯи тамоми талаботро пешниҳод хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: