«ҲАФТ БОР ЧЕН КУНУ ЯК БОР БУР»

Рӯз аз рӯз рушду ривоҷ ёфта истодани кишварамонро дида, кас ғайриихтиёр хушҳол мегардад.

Рӯз аз  рӯз рушду ривоҷ ёфта истодани кишварамонро  дида, кас ғайриихтиёр хушҳол мегардад. Ба туфайли сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат мардум осуда ҳаёт ба сар мебарад. 
Баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи таълими халқ низ ислоҳоти назаррас ба амал татбиқ мегарданд.  Тавре ки роҳбари давлат таъкид намудааст, “Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз таълиму тарбия оғоз меёбад”.
Ҳақиқатан ҳам, барои ба ғановати насли ҷавон афзудан ва донишманд гардондани ӯ корро бояд аз боғчаю мактаб оғоз намуд. 
Шукр, ки  камбудиву хатоҳои гузаштаи мо имрӯз ислоҳи худро меёбанд. Дар замони шӯравӣ  миллати баъзе халқҳо дигар карда шуд, алифбояшон тағйир ёфт, мактабҳои таҳсилашон ба забони модарӣ баста шуданд. Алифбои форсии қадима, ки алифбои аҷдодамон мебошад, тамоман аз байн бардошта шуд. Натиҷаи чунин хатоҳоро  имрӯз ҳис карда истодаем: ҳазорҳо асарҳои бойгонии китобхонаҳо тадқиқоти худро мунтазиранд, мутахассисоне, ки  асарҳои илмиву тадқиқотӣ, таърихӣ, навиштаҷоти рӯйи сангҳо ва пештоқи обидаҳои таърихиро хонда метавонанд,  ба шумор мондаанд.
Таассуфовар аст, ки ба сабаби надонистани алифбои ниёгон насли оянда аз санъати ноширӣ, хаттотӣ, дурдонаҳои адабиёт, ки мероси миллиамон ба шумор мераванд, бебаҳра монда истодааст. 
Ба сифати омӯзгор бо такя ба таҷрибаи чандинсолаам, ба чунин хулоса омадам, ки дарҳақиқат, хонандае, ки бо забони модарии худ таълиму тарбия мегирад, чун инсони комил, фозил ва боистеъдод ба воя мерасад.
Шоире фармудааст:
Ҳар кас ба забони худ 
сухандон гардад,
Донистани сад забонаш 
осон гардад.
Меҳри кӯдаки “Алла”-и модарро бо забони модарӣ шунида ба Модар ва Ватан  зиёд мегардад. Тавре ки адиби бузурги қирғиз Чингиз Айтматов фармудааст: “Даст кашидан аз забони модарӣ, даст кашидан аз падару модар аст”. Суруду таронаи бо забони модарӣ садодода ба кас рӯҳи илоҳӣ мебахшад. Дар мамлакатамон озодии инсон, қадру қимати ӯ арзиши олӣ ба ҳисоб меравад. 
Дар Сарқонун омадааст: “Ҳамаи шаҳрвандон  ҳуқуқ ва озодиҳои яксон дошта, сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, дин, эътиқод, баромади иҷтимоӣ, шахс ва мавқеи иҷтимоияшон дар назди қонун баробаранд”. Баробари ин дар моддаи 4-уми Сарқонун алоҳида нишон дода шудааст, ки давлати Ӯзбекистон муносибати боэҳтиромонаро ба забон,  урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллатҳое, ки дар  ҳудуди он умр ба сар мебаранд, таъмин менамояд  ва ба рушди онҳо шароит фароҳам меоварад.  
Дар бунёд намудани Ӯзбекистони нав кушодадилӣ, инсонпарварӣ ва ҳамҷиҳатии миллатҳо  аҳамияти бузург дорад.
Дар ин сухани роҳбари давлат “Маънавият ҷон ва рӯҳи ҳаёти ҷамъият аст” маънои зиёде нуҳуфтааст. Имрӯз ба ҳолати асл баргардондани мактабҳои таълимашон собиқ ба забони тоҷикӣ, дар маҳалҳои тоҷикнишин ташкил намудани мактабҳои тоҷикӣ  танҳо ба манфиати давлат ва халқ аст, чунки хатмкунандагони ин мактабҳо барои ин замин ва ин  Ватан хидмат мекунанд. Имрӯзҳо дар беҳбуди таълиму тарбия, рушди маънавияти халқ ва мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо, баробари китоб, мавқеи телевизион низ калон аст. Дар ҷумҳурӣ барои халқҳои бародар намоиши барномаҳои телевизионӣ дар ҳадди қаноатбахш нестанд. Барои ғами халқро хӯрдан, дар навбати аввал маънавияти ӯро баланд бардоштан лозим ва дар ин кори хайр мавқеи телевизион калон аст. Вақти он расидааст, ки яке аз каналҳои телевизион ба забони тоҷикӣ, ки аз миллатҳои бумӣ ва сершумори Ӯзбекистонанд, ҷорӣ карда шавад.
“Ҳифзи арзишҳои миллӣ” яке аз ченакҳои сиёсати давлат  ба шумор меравад. Биёед, ба тариқи мисол аз рӯйи ин ҳолат шаҳри Нураторо таҳлил мекунем. Нурато яке аз масканҳои муқаддас, номҳои аксарияти маҳаллаву гузарҳояш тоҷикист. Аз ҷумла: Оби чаппа, Чилсутун, Дуоба, Оби чилла, Деҳибаланд, Чашма ва ғайра. Аз ҳама муҳимаш, мардуми таҳҷоӣ дар кӯча, тӯй, маърака ва корхона асосан бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. 
Дар бунёд намудани пойдевори  Ӯзбекистони нав ба мақоли “Ҳафт бор чен куну як бор бур” бояд амал кард. Дар мактабҳои шаҳри Нурато ва гирдупеши он, ки тоҷикон, қирғизҳо ва қазоқон зиёданд,  бо забони ҳамин миллатҳо кушода шудани синфҳои ибтидоӣ мувофиқи мақсад мебошад. 
Аз як ҳақиқат бояд чашм напӯшид. Дар айни замон дар мактабҳои таълимаш тоҷикӣ шароит вазнин аст. Кадрҳои ҷавон, китобҳои бадеӣ, дастурҳои методӣ, видеороликҳо, саволҳои тест намерасанд, ки ин ҳолат  ба таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад. Бо сабаби набудани кадр дар мактабҳои таълимаш ба забони тоҷикӣ баъзе дарсҳо ба забони ӯзбекӣ гузаронда мешаванд. 
Дар Ӯзбекистон таълим бо ҳафт забон ҷорист. Дар мактабҳо олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои дониш, саволномаҳои тест, ғайр аз забон ва адабиёти тоҷик, (физика, математика, кимиё, таърих, биология...) бо забони давлатӣ баргузор мегарданд, ки ин ба иштирок карда натавонистани хонандагони боиқтидор сабаб мешавад. Ғайр аз ин, барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ саволҳои тест ба забони давлатӣ ва русӣ тартиб дода мешаванд, ки ин мушкилиҳои зиёдро ба миён меорад. Агар саволҳои тест ба ҳафт забон тартиб дода мешуд, хонандагони иқтидорнок ба сарсониҳо дучор намешуданд. 

Дилмурод ҚӮЗИЕВ, 
омӯзгори мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: