МАҲАЛЛА – ИФТИХОРИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

Солҳои охир таҳти роҳбарии сарвари давлатамон ба масъалаҳои фароҳам овардани муҳити солими рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ, таъмин сохтани осудагӣ, мусолиҳаи байниҳамдигарӣ ва фароҳдилӣ эътибори зиёд дода мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти сохтори «Маҳалла» чандин фармону қарорҳои Президент ва Девони Вазирон қабул гардиданд, ки боиси таҳсин аст.
Суҳбати мо бо раиси шуъбаи вилоятии Бунёди ҷамъиятиву хайриявии «Маҳалла» Бадриддин Насриев доир ба бурду бохти соли сипарӣ ва нақшаҳои оянда буд.
– Ҳоло дар вилояти Самарқанд, – гуфт Бадриддин Насриевич, 1 ҳазору 95 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо фаъолияти пурсамар мебаранд. Аксарияти аминҳои гузару маҳаллаҳо дар интихобот бори нахуст ба вазифаи пурмасъули раиси маҳалла интихоб шудаанд. Аз ҳама муҳимаш, ҷонишинҳои раис оид ба корҳои иҷтимоӣ ва маънавиву маърифӣ таъин гардиданд, ки хидмати онҳо барои пурсамар фаъолият бурдани Бунёди ҷамъиятиву хайриявии «Маҳалла» калон аст. Шояд аз ҳамин сабаб дар беш аз 500 маҳалла ҷиноят содир нашуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 хеле зиёд аст. 
– Бадриддин Насриевич, – барои беҳдошти фаъолияти маҳаллаҳо чӣ гуна тадбирҳо андешида шуданд?
– Ҳар сол дар байни гузару маҳаллаҳо гузаронидани озмун-азназаргузаронӣ ба анъана табдил ёфтааст, ки мақсад аз он таҳлили фаъолияти мушовирон ва оммависозии таҷрибаҳои пешқадам мебошад. Дар ҷараёни озмун ҳакамон фаъолияти иштирокдоронро аз лиҳози нишондиҳандаҳо, мувофиқати онҳо ба қонун, ба адолатнокӣ барин тамоюлҳо баҳои холисона медиҳанд. Дар байни онҳо намояндагони идораҳои корҳои дохилӣ ва таълими халқ, пешвоёни дин, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ ҳастанд. Озмун бо усули саволу ҷавоб, андешаҳои иштирокчиён нисбат ба таъминшавии барқарории муҳити иҷтимоиву маънавии гузару маҳалла, тарғиби арзишҳои миллӣ ва замон, камхарҷ гузарондани тӯй ва дигар гуна маросимҳо баргузор мегардад.
Бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Бунёди «Маҳалла” дар мавзӯи «Ҳамкории ташкилотҳои ҷамоатӣ ва давлатӣ дар ташаккул додани тадбирҳои маънавиву маърифатӣ дар оила ва маҳалла бо иштироки нозирони қитъавии милитсия, посбонон ва мутахассисони кор бо занон ва мустаҳкам кардани суннатҳои аҷдодӣ дар оилаҳо анҷуманҳои таълимиву таҷрибавӣ гузаронидем, ки хеле хотирнишин буд.
Дар тӯли соли гузашта қариб 40 нафар шаҳрвандони фаъолу ташаббускор ва вакилони сохторҳои ҷамоатӣ сазовори нишони сари синагии «Ифтихори маҳалла» гардиданд.
– Чанде пеш дар рӯзномаи ноҳияи Самарқанд «Гулобод тонги» мақолаи танқидӣ бо сарлавҳаи «Маҳаллаи бе бино» чоп шуд.
– Хабардор ҳастам. Дар ҳақиқат, аминҳо (оқсақолон) на танҳо дар гузари Хоҷа Аҳрори Валӣ, инчунин дар аксар маҳаллаҳои вилоят бинои корӣ надоранд. Аммо аз ҳисоби шуъбаи мо дар маҳаллаҳои «Навбоғчиён» ва «Бахтли ҳаёт»-и шаҳри Самарқанд, «Ҷӯшота», «Булоқбоши»-и ноҳияи Нуробод, маркази маҳаллаи ноҳияи Пахтачӣ биноҳои замонавӣ қад афрохтанд.
– Огоҳ ҳастем, ки соли гузашта Бунёди «Маҳалла» 70 нафарро ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна карда буд, вале имсол...
– Имсол барои обуна ба рӯзномаҳои вилоятии «Зарафшон», «Самаркандский вестник», «Овози Самарқанд» беш аз 70 миллион сӯм ҷудо кардем. Ваъда медиҳам, ки аз моҳи феврал шумораи мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Самарқанд низ зиёд хоҳад шуд.
– Ташаккур! Акнун доир ба нақшаҳои оянда низ ҳарф мезадед… 
– Аллакай чанд тадбирҳо андешидаем, ки онҳо аз пурзӯр намудани фаъолияти маҳаллаҳо, зиёд кардани ҳисси ҳурмату эҳтиром нисбати қонунҳо, пешгирии қонунвайронкунӣ ва талоқ дар оилаҳо, бунёдкорӣ ва парвариши ниҳолҳои меваноку манзаравӣ дар маҳаллаҳо, истифодаи пурсамар аз замини наздиҳавлигӣ ва ғайра иборатанд. Ҳар як шаҳрванд бояд бо маҳаллаи худ ифтихор кунад, шиори мост.

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: