МАНФРЕД ЛОРЕНС – ШАРҚШИНОСИ ОЛМОНӢ, КИ ДӮСТИ ТОҶИКОН БУД

Соли 1976.

Дар курси дуюми факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил мекардам. Декани факултет, олими намоён, инсони заковатманд, профессор Мансур Бобохонов дар даст як лифофа (конверт) барои хондани маърӯзаи навбатии оид ба ташаккули муносибатҳои капиталистӣ дар Туркистон вориди дарсхона шуданд. Устод пеш аз хондани маърӯза лифофаро кушода ба мо – донишҷӯён рӯй оварданд: 
– Се-чор дақиқа вақтатонро мегирам. Ба ман имрӯз номае расид. Фикр мекунам, мазмуни он барои шумо низ аз фоида холӣ нахоҳад буд...
Мазмуни нома хулосатан ин гуна буд. Муаллифи мактуб аз ҳолу аҳволи падари устоди мо дар шаҳри Конибодом пурсида,  хотироти неки худро аз суҳбати рӯйикатии ҳавлиашон баён мекард. Аз хусуси илми забоншиносӣ ва таърихи мардуми кӯҳистони Тоҷикистон, чопи мақолаҳо ва идомаи тадқиқоти оид ба лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҳарф мезад. Аз тарзи баёни муаллиф пиндоштем, ки вай як нафар олими тоҷик аст, ки бо устоди мо – Мансур Бобохонов як ҷо ба камол расидаанд ё як ҷо таҳсил гирифтаанд. Аз ин рӯ, мазмуни мактубро чун як мукотибаи одатии байни дӯстон қабул кардем. Аммо хато карда будаем.
– Медонед, ин мактуб ба қалами кӣ мансуб аст? Имзои онро мехонам, – гуфт устод: Дӯстатон Манфред Лоренс аз Ҳумболди Ҷумҳурии Демократии Олмон.
Якбора ҳама мутаҳаййир шудем.
Зеро як мутахассиси олмонӣ ба забони тоҷикӣ чунон сухан кардааст, ки ӯ гӯё дар ягон деҳаи тоҷикнишин, дар оғӯши падару модари тоҷиктабор ба дунё омада, ба камол расида бошад. Зеро, ҳатто тариқи ҳолпурсиаш ҳам тоҷикона буд.
Устод илова карданд: – Забони модариамонро мисли Манфреди немис дӯст доред.
Аз байн ду сол гузашт. Моҳи апрели соли 1978 ба муносибати 100-умин солгарди рӯзи таваллуди адиби забардасти тоҷик Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар донишгоҳи мо тадбиру мулоқотҳо баргузор мешуданд. Дар назди меҳмонхонаи «Душанбе» пайкараи муҳташами устод Айнӣ ва қаҳрамонҳои асарҳои вай қомат афрохт. Китобу мусаввараҳои бахшида ба ин устоди беназир ва муҳаққиқи нуктасанҷ нашр шуданд. Аз кишварҳои гуногуни дунё ба ин ҷашни дар асл ҳам умумимиллӣ меҳмонони зиёд, чеҳраҳои шинохта, аз ҷумла Файз Аҳмади Файзи покистонӣ, мунаққид ва тарҷумони устод Айнӣ аз Чехия Иржи Бечка, аз Ленинград лаҳҷашинос (диалектолог) профессор Анна Розенфелд ва дигарон ташриф оварданд.
Рӯзе дар факултети мо низ дар доираи ин ҷашни бузурги адабиёт бо меҳмонони хориҷӣ вохӯрӣ ба амал омад. Дар сафи пеши меҳмонон ҳамон муаллифи нома ба устод, Манфред Лоренс ҳам иштирок дошт ва ба забони тоҷикӣ дар бораи хусусиятҳои забонии асарҳои устод Айнӣ суханронӣ намуд. Пас аз он, устод Бобохонов дар конфронсе, ки дар Донишгоҳи Ҳумболд баргузор шуд, иштирок кард.
Аз байн солҳо гузаштанд...
Бар асари номусоидӣ ва номувофиқиҳои муносиботи байни ду кишвари ҳамсоя мо аз рӯзгори тоҷикону Тоҷикистон каме бехабар мондем. Моҳи июни соли 2017 дар шабакаи Интернет хабаре нашр шуд: як моҳ қабл аз ин (дақиқан 25-уми май) дӯсти наздики Тоҷикистон, профессор, шарқшиноси маъруф Манфред Лоренс дар синни 89-солагӣ дар шаҳри Берлин аз олам гузашт.
Хӯш, дар бораи ин марди шариф, дӯстдори фарҳангу забони тоҷикӣ чиҳо медонему чиҳо бояд донем?
Дар ин бобат ба мо мақолаҳои нашрияи «Азия Плюс» кумак расонд. Ногуфта намонад, ки раҳбари ин сайту нашрия дар Тоҷикистон писари устоди мо, ҳамон Мансур Бобохонови дӯсти овони аспирантии Манфред Лоренс дар Душанбе Умед Бобохонов аст, ки бешак аз суҳбати он инсони нек баҳраманд шудааст.
Аввал бояд гуфт, ки Манфред Лоренс пас аз хатми шуъбаи эроншиносии Донишгоҳи Берлин ба аспирантура дохил шуда, таҳти роҳбарии адиби эронӣ Бузурги Алавӣ кори илмиро оғоз менамояд ва соли 1957 барои омӯхтани лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон назди профессор Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров бо мероси С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода ва дигар адибони тоҷик шинос шуда, ҳангоми таҳсил дар аспирантура дар хобгоҳ бо Бобохонов ошно мешавад ва ҳамин тавр дӯстию рафоқати беш аз 60-солаи ду инсони шариф ва олимони нуктасанҷ оғоз меёбад. Хеле баъдтар профессор Иброҳим Усмон аз суханони М. Лоренс дар бораи дӯсташ Бобохонов дар Берлин ба завқ омада навишта буд, ки «Ба мо — тоҷикон мояи ифтихор буд, ки дар мусофират як марди орифи немис, ки номи дунёӣ дорад, самимона ҳамдиёри моро сифат мекард. Меҳри мо ба ин васила ба устод дучанд меафзуд». Ин олими шинохта, профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Манфред Лоренс зимни суҳбат бо сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо гуфтааст, ки «Баъди ба Олмон баргаштан бо эҳсосоти форам ба наздиконам мегуфтам, ки ман ҳамчун узви як оила дар Конибодоми Тоҷикистон эътироф шудаам. «Падари тоҷикам» (манзураш падари Бобохонoв) вақти гусели ману ҳамсарам ба Олмон хеле ашк рехта буд. Чунин ашкрезии як нафар пирамард аз ҳама чизи дунё арзишмандтар аст, агарчи он таҷассумгари меҳру муҳаббат ва ғояти дӯстии самимӣ буд. Мо ба забони тоҷикӣ суҳбат мекардем, ҳатто бо гузашти чандин солҳо низ, вақте Мансур бо хонумаш Зебо меҳмони ман дар Берлин буданд, суҳбатҳои мо бо забони тоҷикӣ сурат мегирифтанд». 
Дар овони донишҷӯӣ Манфред ҳатто дар маъракаи пахтачинӣ дар ноҳияҳои гуногуни вилояти Қӯрғонтеппа иштирок кардааст. «Пахта чидан осон набуд, лабҳоям кафида, варам карданд», ба ёд оварда буд Лоренс. Чойнӯшиву чойрезии тоҷикона ӯро ба ҳайрат гузошта буд. Чун мухлиси шеърияти тоҷикию форсӣ соли 1987 дар ҷашни 100-умин солгарди Абулқосими Лоҳутӣ дар Душанбе низ иштирок дошт. Ҳамин тариқ, ӯ борҳо ба Тоҷикистон омадааст.
М. Лоренс баъди баргаштан ба ватанаш барои тарғиби забон ва адабиёти тоҷик кӯшиши зиёд мекунад. Шояд садҳо нафар ҷавонони олмонро бо олами забону адабиёти тоҷик ошно намудааст. Зиёда аз ин, мегӯянд, ки ӯ ҳангоми мулоқоти роҳбарони Олмон ва Эрону Афғонистон вазифаи тарҷумониро ҳам иҷро кардааст.
Манфред Лоренс дар яке аз мусоҳибаҳояш бо хабарнигорони тоҷик нисбати тоҷикону Тоҷикистон муҳаббати худро ин гуна изҳор намуда буд: «Ҳар боре, ки даврони ҷавониро пеши назар меорам, симои дӯстонам, Тоҷикистон ва лаҳзаҳои сафарам ба ин кишвар пеши назар меоянд. Эҳ, чи қадар давраҳои хуб буд. Ман ба Тоҷикистони офтобӣ ва мардуми наҷиби он сулҳ ва некуаҳволии афзоянда таманно дорам. Аз нафароне, ки дар таҳияи кори илмии ман саҳм гузоштаанд, миннатдорам». Сипас дар бораи хӯрокҳои лазизи палаву манту ва ғайра бозавқ ҳарф задааст. Ӯ ғайр аз забони тоҷикӣ инчунин забонҳои русӣ, урду, осетинӣ, полякӣ, арабию пуштуро низ медонист.
Соли 2011 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми сафари расмӣ ба Олмон Манфред Лоренсро барои саҳми бузургаш дар мустаҳкам кардани дӯстии байни кишварҳо ва халқҳо бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонид. 
Чанд рӯз қабл ба камина муяссар шуд, ки як мақолаи ҷолиби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, инсони донишманд, Абдуҷаббор Раҳмонзодаро дар бораи «дипломатияи фарҳангӣ» мутолиа кунам. Инсонҳои шарифу фарҳангдӯст аз қабили Манфред Лоренс айнан дар риштаи дипломатияи фарҳангӣ, яъне таҳкими равобити дӯстӣ бо халқҳои дунё ба воситаи фарҳангу илм саҳмгузор ва муваффақ шудаанд. То замоне, ки чунин одамон ҳастанд, дунё, зиндагӣ зебо ва пурмазмун аст!

Шоқаҳҳори МУҲАББАТЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: