Бонки ҷаҳонӣ пешгӯии рушди иқтисодии Ӯзбекистонро беҳтар кард

Бонки ҷаҳонӣ пешгӯии рушди иқтисодии Ӯзбекистонро то соли 2023 то 5,5 фоиз боло бурд, ки нисбат ба пешгӯии моҳи июн 0,4 фоиз зиёдтар аст.

Дар назар аст, ки касри буҷет дар соли 2023 ба далели хароҷоти зиёд дар бахши энергетикӣ ва ҳамчунин масрафоти назаррас барои маориф, музди меҳнат, нафақа ва кумакҳои иҷтимоӣ дар бахши давлатӣ бо коҳиши даромади буҷет ба 5 фоиз мерасад.

Дар назар дошта шудааст, ки хукумати ҷумҳурӣ маҳдудиятҳои худро оид ба қарзгирии беруна риоя кунад. Бо вуҷуди ин, тибқи пешгӯиҳо, қарзи давлатӣ дар соли 2023 то 36 фоизи ММД афзоиш хоҳад ёфт ва дар соли 2024 ба 36,6 фоиз  мерасад.

Бо вуҷуди таҳкими барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, коҳиши интиқоли пул ва истеъмоли шахсӣ метавонад пешрафтро дар мубориза бо камбизоатӣ дар Ӯзбекистон маҳдуд созад. Дар соли 2023 сатҳи камбизоатӣ каме коҳиш ёфта, то 13,9 фоиз пешбинӣ шудааст.

Барои ин дурнамо хатарҳои манфӣ вуҷуд доранд, аз қабили вазъи иқтисодӣ дар Русия, фишорҳои ҷаҳонии инфлятсия ва вазъи молиявии ҷаҳонӣ.

Тамоюлҳои мусбат метавонанд болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба захираҳои тилло, гази табиӣ ва мис (Ӯзбекистон содиркунандаи ин молҳо) ва инчунин афзоиши маҳсулнокиро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт аз ҳисоби ислоҳоти сохторӣ дар бар гиранд.

Бонки ҷаҳонӣ таъкид менамояд, ки дар соли 2023 Ӯзбекистон дар байни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбанда хоҳад буд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: