ТАҚДИМОТИ «АНТОЛОГИЯИ ШЕЪРИЯТИ ӮЗБЕК»

Дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон муаррифии ҷилди якуми китоби «Антологияи шеърияти ӯзбек» баргузор шуд.

Китоб дар хонаи табъу нашри «Ладомир»-и шаҳри Маскав аз чоп баромадааст. 

Аз он тарҷумаи ғазал ва рубоиҳои шоирони асрҳои XI-XIX ва порчаҳо аз достонҳои «Алпомиш», «Равшан», «Кунтуғмиш», «Ширин ва Шакар», «Тоҳир ва Зӯҳро», «Орзугул» ҷой гирифтаанд.
Тарҷумони асосӣ ва масъули китоб, шоири номии Русия Михаил Синелников мебошад, ки бо тарҷумаи адабиёти бадеӣ муназзам шуғл меварзад. М.Синелников таҳқиқотчии номӣ мебошад. Шеърҳои халқҳои Аврупо, Шарқи Дур, Қафқози Шимолӣ ва турк – ӯзбек, қирғиз, қазоқ, озар, туркман, тотор, булқор, қарачаро тарҷума кардааст. Дар байни тарҷумаҳои ӯ намунаи шеърҳои форсу тоҷик низ ҳаст. Ӯ соли 2011 маҷмӯи «Шеърияти Шарқ»-ро аз чоп баровардааст. Антологияи «Вохӯрӣ бо Тбилисӣ», «Умар Хайём дар тарҷумаи шоирони рус», «Назми классикии форс», «Ҳофиз дар тарҷумаи шоирони рус» манзури мухлисони назми бадеӣ гардидааст.
Ба омода кардани китоб Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид, шоир ва тарҷумон Фахриёр, аз тарафи Русия бошад, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Русия-Ӯзбекистон» Азат Примов иштирок кардаанд. 
Барои антология шеърҳои дар солҳои гуногун тарҷумашуда ва тарҷумаҳои нав интихоб гардидааст. Тарҷумаҳоро Н. Грибнёв, С. Иванов, С. Сомова, А. Пенковский, М. Алигер, С.Маршак, Н. Заболожский дар ӯҳда доштаанд.
Нашри ҷилди дуюми антология тирамоҳи соли ҷорӣ ба нақша дароварда шудааст, ки ҳоло ҷараёни тарҷумаи он идома дорад.
Лоиҳа ба воситаи Сандуқи «Фарҳанг, фан ва варзиш»-и Алишер Усмонов ба амал татбиқ гардидааст.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: