СТРАТЕГИЯИ «ӮЗБЕКИСТОН–2030»: ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ

Инфрасохтори сайёҳиро беҳтар намудан, афзун гардондани манзилу маконҳое, ки барои истиқбол гирифтани чӣ сайёҳони хориҷӣ ва чӣ меҳмонони дохилӣ ихтисос ёфтааст, ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бо ин васила манбаъҳои даромади аҳолиро зиёд намудан, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ аз ҳадафҳои ниҳоӣ аст, ки дар Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» омадааст. Дар назар аст, ки дар ҷумҳурӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ аз якуним миллион нафар зиёд шавад ва сайёҳони дохилӣ бошад, ба 21 миллион на

Барои амалӣ гардонидани ин ҳадафҳои нек маҷмӯи лоиҳаҳо ба тасвиб мерасанд. Меҳмонхонаҳо, хона-меҳмонхонаҳо, хаймаву юртаҳо, истироҳатгоҳҳо бештар бояд ташкил карда шавад. Хатҳои ҳаракати нав ба нави сайёҳӣ ба тасвиб мерасанд.
Дар вилояти Ҷиззах ҳам имкониятҳои сайёҳӣ зиёд аст. Шаҳри Ҷиззах, ноҳияҳои Зомин,  Фориш ва Бахмал аз ҳамин ҷумлаанд. Мавқеи ҷуғрофӣ, манзараҳои зебои табиати ин диёр бештар таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ мекашанд.
Мувофиқи маълумотҳо порсол ба вилоят 145 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд. Беш аз 30 маскани меҳмонқабулкунӣ таъсис ёф-танд. Имсол бошад, ташкил додани қариб чиҳилто ин қабил маскан ба нақша гирифта шудааст. 
– Барои амалӣ намудани наздики 38 лоиҳаи марбут ба  соҳаи сайёҳӣ кор мебарем, то ҳозир 30-то аз онҳо бар ивази 328 миллиард сӯм ба амал татбиқ гардид, – гуфтанд аз садорати сайёҳии вилоят. – Ҳамчунин дар канори роҳи мошингарди М-39 порчаҳои зиёди  замини бекорхобида мавҷуданд, ки дар он ҷойҳо ба роҳ мондани  сохтмони масканҳои сайёҳӣ хеле мақбул аст. Бо ин мақсад ҳоло тавассути платформаи фурӯши замин ба таври фосилавӣ сурат мегирад.
Дар миқёси вилоят «Моҳонаи сайёҳии дохилӣ» идома дорад ва дар доираи он як қатор чорабиниҳо баргузор мегарданд. Аз ҷумла, дар Маркази инноватсионии ҷавонон дар шаҳри Ҷиззах намоиши имкониятҳои сайёҳии дохилӣ созмон дода шуд. Ҷавонон дар он ширкат ҷуста, аз  тарзи ташкили кори сайёҳӣ воқиф гардиданд.
Дар филиали Донишгоҳи  миллии Ӯзбекистон факултаи алоҳидаи сайёҳӣ таъсис дода шудааст. Дар намоишгоҳ талабаҳо бо дастандаркорони фирмаҳои сайёҳӣ вохӯрда, оид ба вижагиҳои соҳа маълумоти зарурӣ гирифтанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки имсол дар миқёси вилоят ба миқдори 50 миллион доллари Амрико хидматрасонӣ ба амал бароварда шавад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: