ҲОКИМ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОНРО ШУНИД

Қабули сайёри навбатии ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов дар ноҳияи Пайариқ баргузор гардид.

Шаҳрвандон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф фармуда буданд, бештар аз рӯйи масъалаҳои таъминоти барқ, гузоштани симчӯб ва трансформатор, роҳ, сохтмон, табобат, ёрии моддӣ, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, хонаву ҷой, таъмини шуғл ва гирифтани кредит муроҷиат карданд.
Ҳоким дар рафти қабули сайёр дар бораи баъзе муроҷиатҳое, ки рад карда мешаванд, ҳарф зад: 
– Баъзе шаҳрвандон аз рӯйи масъалаи субсидия барои гирифтани хонаву ҷой кӯмак мепурсанд. Мехоҳам ин чизро амиқтар фаҳмонам. Дар ҷудо кардани субсид омили инсон вуҷуд надорад. Ба Маркази хидматҳои давлатӣ муроҷиат мекунед. Ин масъала тавассути барномаи махсус танҳо ба таври автоматӣ дида мешавад. Агар ариза ва ҳолати шаҳрванд ба мизонҳои муқаррарӣ мувофиқ набошад, мо ягон ёрӣ расонида наметавонем. Имтиёзот оид ба субсидро танҳо шаҳрвандоне бояд бигиранд, ки ба он муносибанд ва эҳтиёҷ доранд. 
Инчунин, аз рӯйи масъалаи таъмири хонаву ҷой низ муроҷиат мекунанд. Албатта ба оилаҳое, ки ба ёрии моддӣ ниёз доранд, ёрӣ мерасонем, сарпараст меёбем. Намехоҳем ба шахсоне, ки лаёқати корӣ, замини наздиҳавлигӣ доранд ва аз он истифода намебаранд, ёрӣ расонида, нисбати онҳое, ки бо меҳнату ҳаракати худ ба ин чизҳо ноил мегарданд, беэҳтиромӣ кунем, – гуфт ҳокими вилоят.
Дар рафти қабули сайёр як гурӯҳ шаҳрвандон аз рӯйи натиҷаи муроҷиатҳое, ки дар қабулҳои пешина баён карда буданд, изҳори назар намуданд. 
– Аз деҳаи Тоғчиноқи ноҳияи Каттақӯрғон омадам, – гуфт яке аз муроҷиаткунандагон Қурбонқул Маҳмудов. – Дар қабули сайёре, ки дар шаҳри Самарқанд гузаронида шуд, аз рӯйи масъалаҳои роҳ ва хидматҳои коммуналии ҳудудамон муроҷиат карда будам. Ҳоло ташкилотҳои мутасаддӣ корҳои амалиро сар карданд ва хостам барои ин ба масъулон миннатдорӣ баён кунам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: