ҒАЙРАТИ ҶАВОНОНИ ДУОБА

Дар деҳаи Дуобаи маҳаллаи Дӯстлики ноҳияи Узун ҷавонони ғайратнок, ба монанди Кароматулло Меликмуродов, Алишер Рӯзиев, Маъруф Зоитов, Ойбек Раҷабов, Солеҳ Рӯзиев, Одил, Олим, Қосим Бобоевҳо ва дигарон хеле бисёранд.

 Ин ҷавонони фаъол соли ҷорӣ дар овозгирии «Опен-бюҷет» часпу талоши зиёд намуда, ғолибиятро ба даст оварданд ва 5 км. 600 метр роҳи калони деҳаро, ки бо роҳи марказии ноҳия мепайвандад, мумфарш намуда, дар қади роҳ ба ҳар як симчӯб чароғи равшаннамоӣ насб карда, ба кӯчаҳо равшанӣ оварданд.
Ҳоло шабонгоҳ ҳеҷ кас наҳаросида дар кӯчаҳо мегардад. Мисли шаҳр ҳама кӯчаҳо равшан, тоза, озода. Офарин ба чунин ҷавонон. Ҳамаи ин корҳо бо роҳбарии раиси маҳаллаи Дӯстлик Илҳом Муродов ва фаъоли маҳалла Умедҷон Файзуллоев шуда истодааст. Дар деҳаи Дуоба ҳама дӯст медоранд ин ҳарду ҷавони меҳнатдӯст ва фидоиро, зеро ҳарду ҳам ҷавони кушодачеҳра, хушқаду қомат, дарёдил, ширинзабон ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол мебошанд.
Ҳарду ҳам дар оилаҳои намунавӣ тарбия ёфтаанд.
Падари Илҳомҷон – Мурод Ниёзов солиёни зиёд дар мактаби рақами 15-уми ноҳия директор буду дар тарбияи насли навраси деҳа саҳми арзанда гузоштааст. Шогирдонаш дар ҳама соҳоти ҷамъият дар вазифаҳои гуногун камарбаста. Аълочии маорифи халқ. Ҳоло дар нафақа, ба фарзандону наберагон дуогӯй.
Падари Умедҷон – Равзатулло Олимов шифокор, одами аҷоиб, доимо ба беморон меҳрубон, ин шахсро дар ноҳияву вилоят хуб мешиносанд. Модараш Сидиқахон бонуи хона, зани сариштаву сиришта ба некӣ, ба ҳеҷ касе бадӣ надорад, баръакс хайрхоҳи мардум. Ҳарду фарзандонро дар роҳи нек тарбият карданд, ҳама соҳиби маълумоти олӣ. Дар деҳаи Дуоба яке аз оилаҳои намунавӣ ба шумор мераванд.
Бобои Умедҷон – пири барнодил, бобои Файзулло ба синни 86 расида бошанд ҳам, ҳоло ҷавон барин. Момои Умедҷон Хадичамомо ҳамчун фариштаи деҳа доимо даст ба дуо кушода ҷавононро чунин дуои нек мекунанд:
Сарат аз санг гардад, 
ҷони ман, доим 
ҷавон монӣ,
Илоҳо, аз карам бошад, 
ки бо лутфаш амон монӣ.
Диле аз меҳр пур дорӣ, 
зи ту ранҷе набинад кас,
Чунон ки меҳрубон ҳастӣ, 
ба мардум меҳрубон 
монӣ.
Кори савобро бояд ҳар як кас ҳар рӯз, ҳар соат карданаш даркор гуфтаанд.
Аз давлати мардони Ҳақ 
мардона шуд кӯҳу камар,
Аз заҳмати мардони кор 
овард саҳро ҳам самар...
Рӯзе Умедҷон бо хаёлҳои парешон тез-тез қадам монда, раҳораҳ саросемавор сумкаи пур аз коғазҳоро тагу рӯ карда худ ба худ чизе мегуфт: «Имрӯз корҳоям иҷро мешуда бошад? Бояд иҷро шавад. Охир вақт кам монд, зимистон ҳам расида меояд». Касе аз қафояш хаёлашро бурид.
– Умедҷон, ин қадар саросема ба куҷо меравед?
Умедҷон ба ақибаш нигоҳ кард ва дид, ки раиси маҳалла Илҳом Муродов, хеле хурсанд шуд ва баъди салому алейк «Ба манзили хомӯшон дарахту гулҳо шинондан даркор. Ана акаи Камол дарахтони бисёре, монанди арча ва дарахтҳои манзаравӣ овардаанд, дар ду тарафи роҳи қабристон шинондану кориданро ба анҷом расонидан лозим» гуфт.
– Э, кам нагардед, Умедҷон, шумо барин ҷавонони ғайратнок бисёртар бошанд, маҳаллаамон аз ҳама маҳаллаи ободу зебо мегардад, – гуфт раиси маҳалла Илҳомҷон.
Умедҷон соҳиби 3 фарзанди дӯстрӯяк мебошад. Имронҷон, Шоҳрӯз ва Сумая, ҳамсараш Нозигул ҷавонзани боақлу чаққон, бо шарму ҳаё, дар хидмати шавҳарашу фарзандон ва пирони дуогӯи ҳамин оила камар бастааст. 
– Ҳоло ниятҳои нек дар пеш, – мегӯяд Умедҷон. – Ниятҳо холис бошад, ба ҷавонон ғайрат ҳам зам мегардад. Ман худам раҳбарӣ мекунам.

Маҳкамтош НАБИЕВА, 
нафақахӯр.

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: