ЗАҲМАТУ КОРАШ ӮРО МАШҲУР КАРД

Боре раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ Орзугул Абдураҳмонова дар бораи корҳои падараш – бобои Мирзораҳим ба мо боҳарорат ҳарф зад.

Боре раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ Орзугул Абдураҳмонова дар бораи корҳои падараш – бобои Мирзораҳим ба мо боҳарорат ҳарф зад. Ба гуфтаи ӯ падараш солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ заҳмат кашидааст ва ба ивази он маъруфият пайдо кардааст. Орзугул сонӣ андак ранҷидахотир барин илова кард, ки агар ягон журналист рафта бо падараш суҳбат мекард, кори хуб мешуд. Чунки падараш дар майдони меҳнат камол ёфтаву ба пирӣ расидааст ва ҳанӯз ором намешинад. Дар бораи корҳои ӯ бисёриҳо чизе намедонанд. 
– Ин корро ман ба зимма мегирам, – гуфтам ба Орзугул Абдураҳмонова.
Вай гӯё чизи гумкардаашро дубора пайдо карда бошад, аз ин ҳарфҳоям хурсанд шуд ва бо табассум суол кард:
– Кадом вақт бароятон қулай аст, ки мо шуморо ба хона даъват кунем?
– Ҳар вақт хоста бошед, ман омодаам, – гуфтам дар ҷавоб.
– Дар он сурат ман падарамро аз деҳа ба шаҳри Чирчиқ даъват мекунам. Чунки деҳаи мо – Испай аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Бӯстонлиқ ба шумор меравад. Дар фасли зимистон зимни равуо бо нақлиёт каме мушкилиҳо эҷод хоҳад шуд. Баъзан барфи баланд борида, роҳҳо ях мебанданд, – гуфт Орзугул. 
Рӯзи муқарраршуда ману писарам – Фаридун озими шаҳри Чирчиқ шудем. Вай дастгоҳи наворбардорӣ ва прожекторро низ бо худ гирифт. Тасмим гирифтем, ки суҳбати бобои Мирзораҳимро ба навор низ мебардорем ва ба фарзандону наберагони ӯ тӯҳфа мекунем.  
Қаблан ду-се бор то маркази шаҳри Чирчиқ омада будам. Аммо гумон намекардам, ки маркази он хеле паҳновар асту хонаҳои баландошёнаи зиёд низ дорад. Роҳбалади тайиншуда моро аз маркази шаҳр рост ба хонаи духтари хурдии бобои Мирзораҳим – Пайвастахон роҳнамоӣ кард. Ин хона дар манзили аввал воқеъ гашта буд.
– Падарам намоз мегузоранд. Шумоён ба ин хона даромада баҳузур шинед. Ҳозир апаи Орзугул бо шавҳарашон ба ин ҷо меоянд, – моро истиқбол гирифтаву барои нишастан муроот кард Пайвастахон.
Орзугул дар ҳамон суҳбат гуфта буд, ки синни падараш ба навад дакка мезанад. Аз ин лиҳоз гумон мекардам, ки ин мӯйсафед бо кӯмаки дигарон ин тараф – он тараф ҳаракат мекунад. Аммо дар они воҳид ин гумонҳоям ботил баромаданд. “Ассалому алайкум” гуфтани пирамард моро ба истиқболи ӯ хезонд ва баъди анҷоми одоби муошират бо имои мӯйсафед ба ҷойҳои худ нишастем. Вай бобои Мирзораҳими 88-сола буд, ки ҳанӯз чобуку чаққон менамуд ва ба кӯмаки касе ниёз надошт.
– Фикру зикри ин Орзугули духтарам ҳамин аст, ки шумо барин касе биёяду ман ба вай корҳои кардаамро нақл кунам. Чанд бор ҷавоби рад додам, аммо вай ба ҳолам намонд. Аммо намедонам, ки аз чӣ сар кунаму кадом лаҳзаҳои ҳаёти ман барои шумо шавқовар аст, – гуфт бобои Мирзораҳим.
Хоҳиш кардам, ки аввал давраҳои кӯдакиашро ба ёд оварад. Ба гуфтаи ӯ, гузаштагонашон аз тоҷикони Афғонистон мебошанд ва ба далели кадом як ҷангу низоъи байниқавмӣ ба ин самт кӯчида омадаанд.  Бобояш ба касби оҳангарӣ машғул будааст, вале санги осиётарошиву осиёббонӣ, деҳқониву чорводориро низ шуғли иловагӣ қарор додааст.  
Бобои Мирзораҳим гуфт, ки  бобои ӯ оҳиста ба яке аз сарватмандони ин минтақа табдил ёфтааст. Баъди инқилоби болшевикӣ, охири солҳои бистум ва аввали солҳои сивуми қарни гузашта, молу мулкашро тасарруф кардаанд ва ӯ маҷбур шудааст, ки ба кӯҳистони Бӯстонлиқ фирор намояд. 
– Мегӯянд, ки ман соли 1933 вақти чормағзпаз таваллуд шудаам. Аъзои оилаи моро 8 нафар ташкил мекард. Шаш бародару ду хоҳар будем. Вақте ки соли 1941 ҷанги ватанӣ сар шуд, се бародар ба ҷанг рафтаву турбати ду нафарашон ҳамон ҷо боқӣ монд. Баъд ҷанг тамом шуд ва тамоми мардум тамомшавии онро бо хурсандӣ ва шавқу шӯр истиқбол гирифтанд. Аммо носерӣ ҳамон давом мекард, – гуфт бобои Мирзораҳим.
Вай афзуд, ки дар чунин давраи сахту вазнин зинда мондан низ зери суол қарор гирифта буд. Бо вуҷуди ин, онҳое, ки Худованд зинда монданро дар тақдири азалиашон навишта буд, ба ҳаёти худ идома доданд. 
Мирзораҳими 9-10-сола дар колхоз говронӣ мекардааст. Соли 1947 мактаби ҳафтсолаи деҳро хатм намуда, корашро дар колхоз давом додааст. Баъд ҳуҷҷатҳои худро ба техникуми кишоварзӣ супурдааст ва онро соли 1954 ба итмом расондааст. 
– Соли 1953 модарам вафот карданд ва мо сағир мондем. Азиятамон бештар шуд, вале кӯшиш кардем, ки рӯҳафтода нашуда пеш равему ба мақсад расем. Соли 1956 ноҳияи Бӯстонлиқ аз тасарруфи Қазоқистон ба тасарруфи Ӯзбекистон гузашт. Баъди ташкили совхоз ду соли аввал бригадир шуда кор кардам. Баъд сардори шуъбаи Нанай тайин шудам. Сонӣ дар деҳаҳои Пскому Узун вазифаи сардори шуъбаро бар ӯҳда гирифтам, – мегӯяд Мирзораҳим Абдураҳмонов.
Дар он солҳо барои мардуми ин минтақаи кӯҳӣ дастрасии трактору мошин имконнопазир будааст. Ҳамаи кор дастӣ иҷро мешудааст ва аспу хар нақлиёти асосии мардум ба шумор мерафтааст. Бобои Мирзораҳим гуфт, ки ҳамеша меҳнат мекарду боғистонҳо бунёд менамуд. Аз ҷумла, ӯ дар бунёди 800 гектар боғ саҳми калон гузошт. Ин боғҳо дар Испай, Тепар нашъунамо мекарданд. Ба манзури обёрии киштазорҳо об бароварданд. Заминҳои кишту боғҳо шодоб гардиданд. 
– Ба парвариши ниҳолҳои себ, зардолу, нок, шафтолу, олу ва чормағз пардохтем. Ҳосили онро ба корхонаи консерв ва идораи қабули меваи хушк интиқол медодем. Баъд совхозамон пурра ба хоҷагии боғу чорвопарварӣ ва асалпарварӣ табдил ёфт. Он ҷо ҳашт сол сарагроном шуда кор кардам,–нақлашро идома дода мегӯяд бобои Мирзораҳим. 
Дар совхозе, ки ӯ кор мекард, парвариши 2 ҳазор қуттӣ занбӯри асалро ба роҳ монданд. Масъулияти раҳбарии онро ба дӯши ӯ бор карданд. Сонӣ вай боз як сол сардори шӯъба шуда кор кард. Соли 1993 ба нафақа баромад ва тасмим гирифт, ки хоҷагии фермерии “Испай”-ро ташкил кунад. 
– Корамон аз шурӯъи он хеле авҷ гирифт. Аз минтақаҳои каме ҳамвори кӯҳпоя ҳашт гектар замин гирифтам. Дар он ҷо ба парвариши дарахтони мевадиҳанда шурӯъ кардем. 95 сотих майдони фарохро барои парвариши кишти картошка ҷудо намудем. Аз ин замин бо аъзои хонаводаам 100 тонна ҳосили аълосифати картошка ба даст овардем. Аз ин миқдор 18 тоннаашро ба хонаводаҳои камбизоат ройгон тақсим кардем, – мегӯяд бобои Мирзораҳим.
Ба гуфтаи ин пири кору рӯзгордида вақти он расидааст, ки ба ҷойи ниҳолҳои боғи парваришкардааш ниҳолҳои нав шинонанд. Вай мегӯяд, ки акнун замони парвариши ниҳолҳои гелос ва нок расидааст, зеро даромад аз он хеле бобаракат мебошад. Ӯ гуфт, ки саводи казоӣ надорад ва ҳамагӣ техникумро хатм кардааст.
– Шумо илми заминшиносиро дақиқ омӯхтаед ва дар тамоми соҳаҳои кишоварзӣ таҷрибаи калон ҳосил кардаед. Худи ҳамин барои наслҳои ҷавон мактаби калони таҷриба  аст, – хостам таъриф кунам боборо.
– Шояд, – гуфт бобои Мирзораҳим ва афзуд: – Ман вазифаи дигар низ доштам, ки дар мактабҳои олӣ хонондани фарзандонам буд. Наметавонистам аз ин раванд сарфи назар кунам.
Бояд гуфт, ки бобои Мирзораҳим бо ҳамсараш – Банотгул соҳиби 12 фарзанд шудаанд ва даҳ нафари онҳоро ба воя расонидаанд. Ҳамсараш соли 1998 бандагиро ба ҷой овардааст. Ҳоло вай бо ҳамсари наваш – апаи Гулҷаҳон дар ҳавлии деҳааш зиндагӣ мекунад. 
– Дар байни фарзандонам бештар ҳамин Орзугул ташнаи илм баромад. Гуфт, ки хондан меравад. Гуфтам, ки тавонӣ, раву хон. Ман аз қафои ту рафта пул сарф намекунам. Бубинед, ки вай рафту ба донишкада дохил шуд. Баъд онро муваффақона хатм карда ба деҳа баргашт. Вай ҳамеша дар такопӯ ва талошу ҳаракат буд. Танбалӣ ва бемасъулиятиро хуш надорад. Дар шаҳри Чирчиқ синфи тоҷикӣ кушод. Аммо ба сабабҳои мухталиф аз байн рафт, – мегӯяд бобои Мирзораҳим.
Яке аз корҳои аҷибу ғариби бобои Мирзораҳимро шунида, ба саъй ва ҳаракати ӯ бори дигар қойил мондам. Бино ба нақли ӯ чанд сол муқаддам ба ҳокими вақти ноҳияи Бӯстонлиқ Қамбар Юлдошев гуфтааст, ки агар заминҳои ҳамвори паси кӯҳро азхуд кунанд, даромади зиёд ба даст меояд. Он ҷо фақат тавассути хару асп равуо кардан мумкин аст.
– Баъди машварат бо ҳокими ноҳия ба ҳамин қарор омадем, ки ба азхудкунии заминҳои ин минтақа шурӯъ кунем. Аммо роҳ нест, ки трактор худро ба он ҷо расонад. Ҳокими ноҳия ба сардори қисми низомӣ муроҷиат кард. Баъди чанде чархболи низомӣ як трактор ва плуги шудгоркунӣ, молакунакро ба болои кӯҳ интиқол дод. Бо ҳамин мушкили мо осон шуду монд, – ёдовар шуд бобои Мирзораҳим.
Вай, ки солҳои зиёд аспсаворӣ кардааст, дар маросимҳои бузкашӣ ё кӯпкорӣ низ маҳорати хос нишон медодааст.
– Вақте ки аспи саманди зинзадаро савор шуда, худро ба тӯдаи бузкашҳо мезадам, талош мекардам, ки аз зери суми аспҳо бузро кашола карда болои зин гирам. Ин кори содаву осон нест. Зеро дигарон низ намегузоранд, ки тӯъмаи онҳоро аз чанголашон зада гирӣ. Аммо илоҷе карда бузро аз байни тӯда кашола карда мебаровардаму болои зин гирифта, ба асп қамчӣ мезадам ва асп бодвор ба пеш метохт, – мисле, ки дар даст қамчӣ болои ҳамон асп савор аст, дастонашро болои сар давр занонда бо эҳсоси том нақл намуд бобои Мирзораҳим.
– Ин падарарӯси мо одами хушбахт аст. Чаро гӯед? Ман барин домоди хуб доранд, – аввал инро гуфта завқ бурда хандид полковники мустафъӣ Рафиқ Муйдинов. – Мо мисли дӯстон муносибату муошират мекунем. Одами хеле наҷибанд. Аммо дар байни домодҳо маро бештар дӯст медоранд!
Рафиқ Муйдинов баъд чеҳраашро ҷиддӣ гирифт ва суҳбатро идома дод:
–Дар бораи заҳматҳои кашидаи бобои Мирзораҳим як китоби калон бояд навишт. Таҷрибаҳои он кас барои ҷавонон низ мояи омӯзиш ва пайравӣ мебошанд. Он кас аз пешвоёни соҳаи кишоварзӣ мебошанд. 
– Бо падарам нишинӣ, аз суҳбаташон дилгир намешавӣ. Чунки ҳодисаву воқеаҳои зиёдро аз сар гузарондаанд. Яке аз дигаре ҷолибу шуниданист. Ман фарзанди даҳуми падар ҳастам. Бо модари шодравонам моро хеле хуб тарбият додаанд. Дар ҳарҷо-ҳарҷо корҳои неку савоби моро дида мепурсанд, ки духтари кистӣ. Баъд дуо мекунанд, ки ба тарбиятдодаат раҳмати Худовандӣ борад, – мегӯяд соҳибхона Пайвастахон.  
Вай афзуд, ки дирӯзакак ҳамшираи ӯ – Орзугулу шавҳараш бисту панҷ нафар аъзои хонаводаҳои камбизоат ва наврасони бепарасторро гирдиҳам оварданд ва тавассути автобуси калон ба тамошои шаҳри Тошканд бурданд.
– Ин кори духтарам аҷру савоби зиёд меорад. Зеро бархе аз одамон имкони молии сайру саёҳатро надоранд. Орзу мекунанд, ки аз ҷойҳои таърихии пойтахт боздид намоянд, ба зиёратгоҳҳо раванд ва тамошо кунанд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд бобои Мирзораҳим.    
Як нуктаи дигар шояд барои муштариёни рӯзнома завқе бубахшад. Бобои Мирзораҳим дар оғози суҳбат гуфт, ки аждоди онҳо аслан аз Афғонистонанд. 
Бобокалони ӯ аз зумраи ҳамон фирориён будааст. Вай ба кӯҳистони ноҳияи ҳозираи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд омада маскан ихтиёр кардааст. Баъд ба духтари Носири мингбошӣ издивоҷ намудааст. Аз ин издивоҷ падари ӯ – Абдураҳмон, амакҳояш – Абдуғанӣ ва Абдунабӣ, ҳамчунин як аммааш ба дунё омадаанд Амааш ба сабаби беморӣ дар ҷавонӣ фавтидааст. Абдураҳмони оҳангар ва осиёбон ба намояндагони сулолаи валиҳои ҳамон давру замон – Шайх Умар, Шайх Хованди Таҳур муридӣ кардааст. Ин муридшавӣ номи Абдураҳмонро низ шӯҳрат бахшидааст.
Хотираи бобои Мирзораҳими 88-сола хеле қавист. Вай номҳои чанд пушташро медонад. Падараш ба вай гуфтааст, ки номҳои Абдулло,  Раҳимбой, Ҳоҷибой, Охунбобо ва Алибоборо ҳаргиз фаромӯш накунад. Боз таъкид кардааст, ки номи гузаштагони худро ба наслҳои ояндаи сулолаашон низ интиқол диҳад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: