Дар Тошканд ҷамъомади роҳбарони вазорату идораҳои илму техникаи кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад

8 апрели соли 2022 таҳти раёсати ҷониби Ӯзбекистон ҷамъомади шашуми роҳбарони вазорату идораҳои илму техникаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар рафти чорабинӣ ҷонибҳо Нақшаи ҳамкориҳои илмию техникии кишварҳои узви СҲШ-ро барои солҳои 2022-2025, Барномаи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ оид ба рушди интеллекти сунъӣ бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон ва бисёр масъалаҳои дигари ҳамкории илмию техникиро баррасӣ хоҳанд кард.

Мулоқотҳои роҳбарони вазорату идораҳои илму техникаи кишварҳои узви СҲШ аз соли 2010 инҷониб баргузор мешаванд ва нақши минбари муассирро барои таҳкими ҳамкориҳои илмию технологӣ ва инноватсионӣ мебозанд ва ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи илм ва техника мусоидат мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: