Роберт БЛУМ: ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТӮЛИ ЧАНД СОЛ АЗ СОЯ БА РӮШНОӢ ГУЗАШТА, ИСЛОҲОТИ ДЕМОКРАТИРО АМАЛӢ НАМУДА, ДӮСТИВУ ҲАМКОРИРО БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶИ НАЗДИКУ ДУР ТАҲКИМ БАХШИДААСТ

Дар Женева рӯнамойи китоби ходими намоёни ҷамъиятӣ барпо гардид.

Дар Намояндагии доимии кишвари мо дар назди СММ дар Женева  бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ӯзбекистон, инчунин муаррифии китоб бо забони фаронсавӣ «Ӯзбекистон: марвориди Осиёи Марказӣ» брифинг баргузор шуд. 
Дар чорабинӣ намояндагони корпуси дипломатӣ дар Женева, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, инчунин ВАО-ҳои Швейтсария ширкат доштанд.
Ба иштирокдорони брифинг дар бораи моҳият ва мазмуни Қонуни Асосии навшудаи Ӯзбекистон, ки пешбурди принсипи асосии «Инсон — чамъият — давлат» ва ғояи «Баҳри шаъну шарафи инсон»-ро пешбинӣ мекунад,  муфассал маълумот дода шуд. 
Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсони Олий Маҷлис (Омбудсман) Ферӯза Эшматова нутқ эрод намуда,  ба иштирокдорони брифинг моҳият ва аҳамияти Конститутсияи навшударо, ки тарғиби ин принсипро пешбинӣ мекунад, тавзеҳ дод.
Таъкид гардид, ки ислоҳои ба Конститутсия воридшуда, ба бунёди Ӯзбекистони Нав нигаронида шуда, дар он кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шарафи инсон, ҳифзи иҷтимоӣ ва некуаҳволии иқтисодии ӯ дар сатҳи Қонуни асосӣ таҳким ёфтааст.
Ҳозирон аз ислоҳоти мусбати Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон нигаронида шудааст, мамнун гардиданд. Аз ҷумла, пешрафти аз ҷониби Тошканд бобати таъмини баробарии гендерӣ, барҳам додани меҳнати кӯдакон ва маҷбурӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодии сухан муваффақшуда таъкид ёфт.
Ҳамоҳангии тамоюлҳо ва ғояҳои асосии Конститутсияи навшуда бо Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид «Ҳеҷ касро дар канор нагузоранд» ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳар як инсон сазовори баҳои алоҳидае гардид.
Дар ҷараёни брифинг ҳамчунин муаррифии китоби «Ӯзбекистон: марвориди Осиёи Марказӣ» баргузор шуд, ки муаллифи он президенти Доираи дипломатии Женева Роберт Блум мебошад.
Дар хотир дорем, ки Роберт Блум ходими намоёни чамъиятии Швейтсария мебошад. Ӯ барои саҳмаш дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва тиҷоратӣ бо ҷоизаҳои давлатӣ ва ифтихории як қатор кишварҳо, аз ҷумла ИМА, Италия, Тунис, Аморати Муттаҳидаи Араб, Фаронса сарфароз гардидааст.
Китоб соли 2023 аз ҷониби яке аз қадимтарин хонаҳои ноширии Женева «Atar Roto Presse SA» нашр шудааст.
Нашриёти «Atar Roto Presse SA» соли 1896 таъсис ёфтааст ва бренди табъу нашри Женева мебошад. Ҳама марҳилаҳои раванди истеҳсолот аз рӯи таъсири онҳо ба муҳити зист баҳо дода мешаванд. 
Қобили зикр аст, ки ин китоб бо истифода аз коғаз ва раванди аз ҷиҳати экологӣ тозатарин таҳия шудааст.
Роберт Блум китоби худро ба доираҳои васеи дипломатӣ муаррифӣ намуда, таассурот ва мушоҳидаҳои худро дар бораи рушди  солҳои охири Ӯзбекистони нав баён кард. Вай қайд намуд, ки тағйироти солҳои охири ҳаёти  иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ-ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва маънавии мардуми Ӯзбекистон ӯро ба андешаи навиштани китобе «дар бораи ин кишвари зебои дорои таърихи ғанӣ ва мардуми хирадманд» водор кард.
Муаллиф қайд кардааст, ки тағйироти ҷиддитарин таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев, замоне ба вуқӯъ пайваст, ки аҳолӣ ва махсусан ҷавонон имконият пайдо карданд, ки тавоноии бузург ва хоҳиши иштирок дар сарнавишти миллатро зоҳир намоянд.
Ба гуфтаи муаллиф, Ӯзбекистон дар тӯли чанд сол аз соя ба рӯшноӣ гузашта, ислоҳоти демократиро амалӣ карда, дӯстиву ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи наздику дурро таҳким бахшидааст.
Роберт Блум мутмаин аст, ки татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон-2030» кишварро ба як давлати демократӣ, одилона, мустақил, дунявӣ ва шукуфон табдил медиҳад.
Муаллиф дар охири муаррифӣ қайд кард, ки ин китоб ба ҷомеаи фаронсавӣ имкон медиҳад, ки дар бораи Ӯзбекистон, фарҳанги ғанӣ ва иқтидори бузурги он маълумоти бештар гиранд.
    
АИ  «Дунё», 
ш. ЖЕНЕВА

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: