БЕСАБАБ «ҲАЙИТКАНТӮР ШАВЕ» НАМЕГӮЯНД

Ҳар замону ҳар макон шахсони чашмикордону соҳибкори худро дорад, ки бо фаъолияти кории худ одамонро бо касбу кору неъмати рӯзгор таъмин менамоянд.

Яке аз чунин шахсони маъруфи шофирконӣ  Атобойи рангрез мебошад, ки дар деҳаи Қӯрғони Вардонзеи ин ноҳия ба дунё омада, дертар бо ҳалолкорию одамдӯстии худ сазовори эътибору эътирофи мардум гардидааст.

Пас аз истилои Бухоро аз тарафи подшоҳии Русия роҳи савдо бо ин мамлакат васеътар шуду бозорҳои маҳаллӣ  бо маҳсулоти нисбатан арзону босифати дар шаҳрҳои марказии ин давлат истеҳсолшуда пур гардид, ки  аз ин ҳол ҳунармандони таҳҷоӣ ба  касод вохӯрданд.
Бинобар ин Атобой бо якчанд ҳунармандони маҳаллӣ роҳи ин мамлакатро пеш гирифту муқими шаҳри Қазалӣ шуда, ба фабрика ба кор даромад. Дар ин ҷо рангҳое, ки ба матоъ пахш мегардид, асосан аз Аврупо оварда мешуд. Атобой ба аҳли ҷамоа аз растаниҳо тайёр кардани рангҳои босифатро омӯзонд. Ин кор бисёр маблағи фабрикаро, ки барои хариди ранг мерафт, сарфа намуду Атобой бо ин ҳунараш ном баровард. Аз ин сабаб, ба номи ӯ лақаби «кӯкчӣ»-ро ҳамроҳ кардаанду ӯро Атокӯкчӣ номидаанд.
Овони бачагии  писари Атобой Ҳайит низ дар ин ҷо паси сар шуд. Ҳайит баробари забони модарӣ забонҳои ӯзбекӣ, қазоқӣ ва русиро азхуд кард. Дар айёми салтанати амир Абдулаҳад Атобой ёди Ватан карду ба Қӯрғони Вардонзе баргашт, аммо дидани оламу мулоқот бо одамони гуногунмиллат ва омӯзиши якчанд забон ҷаҳонбинию фаҳмиши вайро ба дараҷаи куллӣ дигаргун карда буд. Ӯ аз истиқомат  дар шаҳраки Қӯрғони Вардонзе даст кашида, барои зиндагонӣ деҳаи Саврак (Саррафт)-ро, ки  дар доманаи Қӯрғони Вардонзе воқеъ буд, ихтиёр намуд. Азбаски аз ин ҷо рӯдҳои Султонобод ва Додбоғ, ки яке аз байн ва дигар аз қисми ҷануби деҳ ҷорӣ буданд, мушкилоти об набуд.
Падару писар бо деҳқонӣ шуғл варзиданд, аммо Ҳайит ба шароити вазнини тоқатфарсо розӣ шуда натавониста, охирон бо ду-се ҷӯраи ҳаммаслак роҳи Қазалиро пеш гирифт. Соле як ё ду маротиба хона омада мерафт. Ин омадурафтҳои вай ӯро ошнои пешқадамони замон – савдогарон бинмуд. Кам-кам аз  байни  доираҳои сиёсӣ ошною ҳаммаслакон  пайдо кард. Ин кор то дараҷае рафта расид, ки ӯ гурӯҳҳои мардикорони аморати Бухоро фиристодаро то ҷойи корашон бурда мемонд. Бехатариву амнияти ононро таъмин намуда, қафо мегашт  ва гурӯҳи навбатиро аз аморат гирифта мебурд.
Вақте ки дар Русияи подшоҳӣ паси ҳам инқилобҳо рӯй доданду аморати Бухороро низ аждаҳои инқилоб дар доми худ даркашид, вай ба ҳузури пешвои инқилоб Ленин якчанд маротиба даромада, аввал барои мардуми Бухоро 7 дона, сонӣ барои аҳли Чорҷӯй боз 7 адад осиёбҳои мотордор мепурсад.
7-тои осиёбҳои замонавиро, ки ӯ аз ҳукумати Русия ситонида тавонист, ба ноҳияҳои Вобканду Шофиркон ва 7-тои боқимондаро ба Чорҷӯй, ки он вақт дар таркиби Республикаи Халқии Бухоро буд (ҳоло вилояти Чорҷӯи Туркманистон), бурда мешинонад ва писари калониашро ҳамчун назораткунандаи ин ҷо таин мекунад.
Дар солҳои Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) идораи ордкашӣ – «Атокӯкчӣ –Ҳайит контора»-ро созмон дода,  бисёр аҳолии маҳаллиро ҳунар омӯзонида бо кор таъмин менамояд. То ҳол мардуми Шофиркон агар каси чашмикордону ӯҳдабароро бинанду қойил шаванд, беихтиёр «Э, қандата зан, Ҳайиткантӯр шаве!» мегӯянд, ки аз шӯҳрати як аср пешинаи ин ҷавонмард шаҳодат медиҳад.
Дар солҳои сиюми асри гузашта «абрҳои сиёҳи» сиёсати шӯравӣ ба болои сари Ҳайит низ чарх мезанад. Ӯро бо аҳли оилааш ба Қафқоз бадарға мекунанд. Ӯ тавоноиашро ба кор мебарад... Пас аз якчанд муддат ӯро ҳамчун назоратчии  бадарғашудагон таъин менамоянд. Ҳайит то дараҷае шомили боварии онон гардида,  кӯшиш намуд, ки тарзи зиндагии ҳамватанон беҳтар гардад. Онҳо дар доманаи кӯҳ барои худ хонаҳои сангин сохта, ба ҳоли қудрат умргузаронӣ менамуданд. 
Дар яке аз рӯзҳои соли 1937 Ҳайитро барои супоридани  гурӯҳи навбатии бадарғашудагони ӯзбекистонӣ ба маркази ноҳия даъват менамоянд. Ҳайит дар ин ҷо касеро мебинад, ки чандин сол пеш барои «қулоқ» кардани вай басо «ҷонбозӣ» карда буд. Азбаски мусофирон дар роҳ бисёр азоби рӯҳиву ҷисмонӣ кашида буданд, Ҳайит кӯшиш мекард, ки онҳо базудӣ бо хӯроку хонаву ҷой таъмин гарданд... Он мард бошад,  ба пойи Ҳайит  афтода нолакунон узр мехоҳад... 
Ҳайит бадарғашудагонро ба сабру таҳаммул даъват намуда мегуфт, ки Офаридгор ризқи моро дар ин ҷо пошидааст ва мо бояд нону намакамонро аз ин ҷо дарёбем!
Пас аз як сол Ҳайит умраш, ки ба остонаи як аср расида буд, дар Қафқоз дар мусофирӣ вафот кард. Ӯро бо иззату икром дафн карданд.
Пас аз муҳлати бадарға оилаи вай ба Ватан баргашт. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ яке аз фарзандони вай дар остонаи Маскав ҳалок шуда бошад, писари дигараш дар шикастани муҳосираи Ленинград  иштирок карда, бо якчанд  мукофот ба зодгоҳ баргашт.
Он солҳо писари хурдӣ дар Шофиркон осиёби падарро азнав таъмир карда, кор фармуд. Солиёни дароз дар корхонаи барқии ноҳия меҳнат карда, моҳи ноябри соли 2020 дар синни 97 вафот кард.
Ҳоло набераю абера ва пайвандҳои Ҳайиткантӯр дар ноҳияи Шофиркону Когон ва шаҳри Бухоро умргузаронӣ мекунанду бо бобояшон Атокӯкчӣ ифтихор доранд.
Дарвоқеъ, ҳамаи онҳо номи бобокалонашонро эъзоз намуда, то ҳол дар ҳамин фамилия ҳастанд.

Алимурод ТЕМИРОВ,
вилояти Бухоро.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: