ИФОДАИ АМАЛИИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ БА ХАЛҚИ МО ХОС

Дар кишварамон гиромидошти қадри инсон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ, таъмини зиндагии осуда ва фаровони аҳолӣ, ба куллӣ беҳтар намудани шароити зиндагии мардум дар солҳои охир ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат табдил ёфтааст.

Асоси сиёсати башардӯстонаи сарвари давлатамонро манфиатҳои куллии мардуми мо ташкил медиҳанд, ки ба ғояҳои нав асос ёфтааст ва ин сиёсат бевосита ба ҳифзи ин манфиатҳо нигаронида шудааст. Ислоҳоти пай дар пай дар давраи гузашта дар кишвар на танҳо дар рақамҳо, балки дар ҳаёти ҳаррӯзаи аҳолӣ, рӯзгузаронӣ, дасторхони он таҷассум ёфтааст.
Зиёда аз ин, дар ҳафт соли охир таваҷҷуҳ ва муносибат ба инсон ба куллӣ тағйир ёфт. Бобати бахшидани афроди аз роҳи рост гумроҳшуда ва ба ҳаёти солим баргардонидани онҳо, таҳкими фазои сулҳу ваҳдат дар оила, маҳалла ва ҷомеа корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Дар арафаи санаҳои муҳим бисёр шахсоне, ки ҷиноятҳои муайян содир намуда, вале аз кирдорашон аз сидқи дил пушаймон шуда, роҳи ислоҳро пеш гирифтаанд, авф карда шуданд.
Дар остонаи 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фармони Президент «Дар бораи авф кардани як гурӯҳ шахсоне, ки муҳлати ҷазоро адо намуда, аз кирдорашон самимона пушаймон шуда, дар роҳи ислоҳшавӣ устуворона қарор доранд» ба имзо расид, ки  далели сиёсати халқӣ ва инсонпарваронаи Сарвари давлатамон мебошад.
Тибқи ин Фармон 334 нафар шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва мақомоти пробатсия барои ҷиноятҳои тибқи моддаи 109, банди 23 Конститутсияи мо содиркардаашон ҷазоро адо намуда, аз кирдорашон самимона пушаймон шудаанд ва бо қатъият ба роҳи ислоҳшавӣ гузаштаанд, бахшида шуданд. Ин чунин маъно дорад, ки он ба ин қадар оилаҳо шодию хурсандӣ ва умед овард.
Бартарии ниҳоди авф, равиши одилона ба манфиати ҳарду ҷониб буда, манфиати ҷабррасонда ва ҷабрдидаро ҳимоя мекунад. Муҳимтар аз ҳама, ин санад, ки аз номаш бармеояд, танҳо ба маҳкумшудагон дахл дорад, ки аз кирдори худ самимона пушаймон шуда барои ислоҳ шудан аҳд доранд.
Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки ин Фармони Сарвари давлатамон барои бисёр одамон, оила ва наздикони онҳо туҳфаи ҳақиқии идона гардид. Аллакай мувофиқи ин санад шахсоне, ки надониста ҷиноят содир кардаанд, ҳоло аз кирдори худ пушаймон шуда, ҷазои худро сипарӣ мекунанд ва онҳое, ки аз кирдорашон самимона пушаймон шуда, ба роҳи ислоҳ қатъӣ гузаштаанд, авф карда шуданд.
Дар ин кори хайр, ки дар арафаи 31-солагии қабули Қомуси асосии мо ба амал омад, мазмуни амиқ ниҳон аст. Ин далели равшани ба амал баровардани ваколатҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба авф мебошад. Дар баробари ин, он ҳамчунин намунаи амалии сиёсати башардӯстонаи кишвари мо ва фазилатҳои неки мардуми мо, аз қабили таҳаммулпазирӣ, бахшандагӣ, олиҷанобӣ ва накӯкорӣ мебошад.
Аз шахсоне, ки бо фармон авф шудаанд, 34 нафар аз ҷазои асосӣ пурра ва 249 нафар аз адои ҷазо пеш аз мӯҳлат озод карда шуданд. Ҳукми маҳрум сохтан аз озодӣ ба 6 нафар бо ҷазои сабуктар иваз карда шуд. Ба 45 нафар шахс муддати ҷазои аз озодӣ маҳрум кардан кӯтоҳ карда шуд.
Бояд гуфт, ки муоширати мунтазам бо шаҳрвандони авфшуда, ҳалли мушкилоти онҳо, посухи пурра ба саволҳои онҳо омили хеле муҳими зуд мутобиқ шудан ба ҷомеа ва пайдо кардани ҷойгоҳи худ мебошад.
Сарвари давлатамон на танҳо маҳкумшудагонро аз ҷазо озод кард, балки ба  вазорату идораҳои масъул ҷиҳати ба оила ва наздиконашон баргаштан, ба ҳаёти иҷтимоӣ мутобиқ шудан, ба меҳнати фоиданок машғул шудан, ташаккули тарзи ҳаёти солим, дар ҷамъият мавқеи сазовор пайдо кардан супоришоти дахлдор дод, ки  мисоли равшани фазилати олиҷаноби башардӯстӣ гардид.
Мухтасар ифода намоем, эътимод  — хотирҷамъӣ, эҳсосот ва неруест, ки мардумро ба ҳаракат даъват мекунад, ки бояд дар ҳар як инсони зинда ва ҷомеа мавҷуд бошад. Ин, бешубҳа, ба муттаҳид шудани тамоми халқ, афзудани боварии онҳо ба фардо, мустаҳкам шудани фазилати некхоҳӣ дар ҷамъияти мо хидмат мекунад. 

Мавҷуда  ҲАСАНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: