«ОВОЗИ ТОҶИК» – ОЙИНАИ РӮЗГОРИ МО

Боиси хурсандист, ки солҳои охир бо шарофати сиёсати оқилонаву дурандешонаи Президент Шавкат Мирзиёев бобати таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа, рушди соҳаи илму фарҳанг, хосатан, матбуот корҳои шоиста амалӣ мегарданд.

 Сарвари давлат воситаҳои ахбори оммаро дастгоҳи тавонои иттилоот мешуморад, ки баробари равшан кардани дигаргунсозиҳои бузург, вусъат додани демократия сиёсати дурандешонаи кишварро дар байни халқ васеъ интишор мекунад, тарғибу ташвиқ месозад. Поягузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ навишта буд: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад». Ба таъбири устод коре, ки як мақола ё навишта мекунад, ҳеҷ василаи дигар наметавонад анҷом диҳад.
Мо таърихи пуршарафу ғании хеш, бахусус фаъолияти ибратбахши гузаштагони худро, ки дар шароити ниҳоят душвор ғояҳои муҳаббату садоқат ба Ватанро тараннум ва таҷассум кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард.

 

Сарманшаи «Овози»-и овозадор

Соли 1924 бо ҷоннисории устод Садриддин Айнӣ, машъалафрӯзони маърифат Саидризо Ализода, Маъруф Расулӣ, Ҳасан Ирфон, Козимзода Ҳоҷӣ Муин, Абдуқаюм Қурбӣ ва дигарон дар яке аз марказҳои тамаддуни Шарқ – Самарқанди бостонӣ рӯзномаи «Овози тоҷик» рӯйи чопро дид, ки аз он дам то ҳол ойинаи рӯзгори мост. 
Инак, қариб як аср аст, ки «Овози тоҷик» бо инъикоси набзи ҷомеа, навгониву рӯйдодҳои ҳаёти ҳаррӯза, фаъолияти соҳаҳои фарҳангу маориф, саноат, иқтисодиёту кишоварзӣ, тандурустиву варзиш ва бисёр дигар матолиби иттилоотиву таҳлилӣ дар рушду пешрафти ҷамъият нақши муассир дорад. Хушбахтона, «Овози тоҷик» рисолати худро бобати расонидани иттилооти воқеӣ, ташаккули афкори созанда, тарбияи насли наврас ва пешрафту комёбиҳои кишвари соҳибистиқлоли мо ба тарзи сазовору арзанда иҷро мекунад.
Қарору фармонҳои илҳомбахш

Роҳбарони давлату ҳукумат дар марҳилаи бунёди Ӯзбекистони Нав ба масъалаи рушду нумӯи матбуоти миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Тимсоли дурахшони он Қарори Президент «Дар бораи чораҳои минбаъда инкишоф додани фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ ва таъмин сохтани озодии матбуот» мебошад. Дар ҳуҷҷати мазкур ба масъалаҳои рушди воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ, хонданибоб шудани рӯзномаву маҷаллаҳо, интишори матолиби таҳлиливу танқидӣ, пешгирии камбудиҳо, сайқал додани маҳорати хабарнигорӣ ва ғайра диққати махсус дода шудааст. Иҷро намудани онҳо вазифаи таъхирнопазири ҳар як рӯзнома мебошад ва «Овози тоҷик» аз ин истисно нест. Нашрияи мазкур аз шумораи нахустин то имрӯз барои халқу Ватан хизмати шоиста мекунад ва минбаъд низ хоҳад кард. Зеро ҷамоаи «Овози тоҷик» вазифадор аст, ки ба ҷомеа маводҳои ҷолиби диққат, дақиқ ва саривақтӣ расонад, роҳи дурусти ҳалли масоили мавҷударо бозгӯӣ кунад, то муштариён аз онҳо баҳра баранд, мубодилаи афкор кунанд, аз ахбори кишвару олам воқиф шаванд. Журналистону хабарнигорони варзида ва соҳибтаҷрибаи нашрия рисолати қаламкашии худро дар ҷамъи ахбор, коркарду таҳрири онҳо ва ташаккули афкори муштариён медонанд.

Забони ман – ҷаҳони ман

Забондонӣ, маданияти сухан, фасоҳати баён аломати маданияти барҷастаи инсон буд ва хоҳад монд. Ақлу заковат, донишу ҳунар ва хулқу атвори кас аз сухани ӯ аён мегардад. Бинобар ҳамин «Сухан оинаи марди сухангӯ» гуфтаанд. Ва инсони қаламдор бояд сухансанҷ ҳам бошад. Мо имрӯз барҳақ аз он хурсандем, ки забони «Овози тоҷик» рӯз ба рӯз хубу дилнишин ва беҳтар мегардад.
Бо вуҷуди ин тобистони соли равон, ҳангоми вохӯрии ҷамоаи рӯзнома бо устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии Бухоро, ҳамчунин дар як қатор муассисаҳои Самарқанд баъзе шахсон гилаомез изҳор доштанд, ки забони рӯзнома душворфаҳм аст.
Ҷонишини муҳаррири рӯзнома Тоҷибой Икромов ҷавобан ба ин гуна гилагузориҳо дар баромади худ суханони зерини устод Айниро хотиррасон кард: «Вазифаи бузурге, ки ба дӯши ходимони матбуот ва нашрияҳои тоҷикӣ бор шудааст, ин аз ҷиҳати забон наздик кардани матбуот аст ба оммаи мардуми тоҷик».
Кош ҳамаи мо аз нафосат ва салосати забони адабии худ хабардор бошему ба дигарон низ инро талқин кунем. 

Ҳиммат баланд дор...

Ҳоло боз маъракаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо фаро расидааст. Ба қарибӣ ба ҳамин муносибат бо вакилони рӯзномаҳои тоҷикии вилояту ҷумҳурӣ дар маҳаллаи Бӯзии ноҳияи Самарқанд вохӯрии журналистон ва муштариён ба вуқӯъ пайваст. Дар он собиқадори соҳаи таълим, адиби шинохта Солеҳи Саидмурод аз ҷумла иброз дошт:
– Модоме рӯзномаҳои тоҷикӣ минбари мо, тоҷикзабонҳост, пас чаро онҳоро дастгирӣ накунем? Дар Самарқанд тадбиркорони тоҷик бисёранд, онҳо ба масъалаи обуна набояд аз паси панҷа нигаранд. Забони модариро бояд қадр кунем, ки хам қарзу ҳам фарз аст!
Ба мардуми мо ба тӯй бо тӯёна рафтан одати хубест. Соли оянда 100-солагии рӯзномаи ҳамдилу ҳамнафаси мо – «Овози тоҷик» аст, ки ин бевосита ба гаҳвораи он – Самарқанд алоқаи зич дорад. Биёед, ба ин санаи бузургу хотирмони рӯзномаи маҳбуб бо дастовези шоиста саҳмгузор бошем. Чӣ хуш гуфтаанд:
Ҳиммат баланд дор, 
ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба 
ҷое расидаанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

***
АЗ ИДОРАИ РӮЗНОМА: Умедворем, ки мухлисону муштариён нисбати мақолаи мазкур андешаҳои хешро изҳор мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: