Ба шарафи 32-юмин солгарди касби истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар сафорати ин ҷумҳурӣ дар Ӯзбекистон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар он як гурӯҳ олимон, адибон, журналистон, кормандони соҳаи фарҳанг, соҳибкорон ва донишҷӯён ширкат намуданд.
– Дар саросари Тоҷикистон ҳар сол 9 сентябр ба ҳайси рӯзи мубораку фархунда – рӯзи истиқлоли Ватани азизи мо таҷлил мешавад. Ин маҳфили мо низ маҳз дар арафаи ҳамин санаи муҳим баргузор шудааст. Дар партави истиқлол кишвари мо таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ободу зебо гардида, ҳаёти мардум рӯ ба нишоту фаровонӣ овардааст, – гуфт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Вай афзуд, ки баъди дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сари қудрат омадани муҳтарам Шавкат Мирзиёев риштаҳои дӯстии тоҷикону ӯзбекон дубора барқарор ва равуо ба марзи ҳамдигар ба маҷрои аввалаи худ баргашт. Дар соҳаҳои гуногун ду кишвар ҳамкориҳои доманфарохеро ба роҳ мондаанд. Натиҷа нишон медиҳад, ки ин ҳамкориҳо ба нафъи мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд.
– Иштирок дар чунин маҳфил барои ман боиси ифтихор мебошад. Ӯзбекистон пешрафт ва дастовардҳои кишвари ҳамҷавори Тоҷикистонро ҳамеша бо хушҳолӣ мепазирад. Гузашта аз ин, барои он дастовардҳое, ки кишвари мо ноил гардидааст, Тоҷикистон низ саҳми худро дорад. Бо истифода аз фурсат тамоми мардуми Тоҷикистонро бо 32-юмин солгарди иди истиқлолият табрику шодбош мегӯям. Умедворам, ки риштаҳои дӯстии ӯзбекону тоҷикон беш аз пеш мустаҳкам ва домани ҳамкориҳои ду кишвари ҳамҷавор фарохтар хоҳад шуд, – изҳор намуд мудири шуъбаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фахриддин Набиев.
Дар идомаи маросим як гурӯҳ олимон, журналистон, адибон, фарҳангиён, соҳибкорон, донишҷӯён ва амсоли он бо «Ифтихорнома»-ҳои сафорати Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Сафири Тоҷикистон боз эълон кард, ки чаҳор нафар пешоҳангони соҳаи таълими халқи Ӯзбекистон бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва се нафар кормандони соҳаи фарҳанг ба гирифтани нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф шудаанд.
Шоми 7 сентябр сафорати Тоҷикистон ба шарафи Рӯзи истиқлол зиёфати идона барпо намуд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».