ДАВЛАТИ ДИДОРИ ДӮСТОН

Аз Душанбешаҳр мужда расид.

«Имсол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардани мо чил сол пур мешавад. Ба ин муносибат ҳамкурсон ҷамъ меоянд. Ҳатман биёед»...
Роҳ аз занҷиру банд озод шуд,
Рӯҳи Ҷомиву Навоӣ шод шуд.
Дарҳақиқат, туфайли боз гардидани роҳи равуо ва хоссатан бо азму иродаи ҷавонмардонаи сарварони ду давлати дӯсту бародар – Ӯзбекистону Тоҷикистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нарм шудани муносибатҳои тарафайн мардуми ду кишвар ба дидори якдигар расиданд, анъанаҳои азалӣ аз нав барқарор шуданд. 
Мо – шарикдарсони ӯзбекистонӣ – Ҳосил Муродови нуратоӣ, Зулфия Холдороваи чустӣ, Маҳбуба Абдураҳмоноваи фарғонагӣ, Шавкат Ғаффоров ва Фирӯза Мавлоноваи самарқандӣ ва камина азми сафар кардем. Роҳи мо аз гузаргоҳи сарҳадии «Ҷартеппа» оғоз гирифт. Сафар то шаҳри Душанбе чандон тӯл накашид. Фурсат зуд гузашту ба манзил расидем...
Моро дӯстони даврони донишҷӯию ҷавонӣ Шералӣ Сангинмуродов, Нуриддин Қаршибоев ва Ҳоҷӣ Роҳат хеле гарм истиқбол гирифтанд. Охир, солҳои зиёд  ҳамдигарро надида, муштоқи дидор будем. Ҷойи вохӯрӣ истироҳатгоҳи Дараи Ромит буд, ки дар болои дарёи Кофарниҳон воқест. 
Рӯзи дигар ҳамкурсони тоҷикистонӣ расида омаданд. Медидем, ки ҳама зоҳиран тағйир ёфтаанд. Яке ришу бурут дорад, дигаре агар ҷавони қоқина буд, ҳоло марди чорпаҳлӯст, боз нафаре қиёфа, тарҳи рӯю ранги мӯ дигар кардааст. Умуман, солҳо нақши худро дар қиёфаву чеҳраи ҳар яки мо гузоштаанд. Бо вуҷуди ин мо якдигарро ба оғӯш мекашидему ҳолу аҳвол мепурсидем. Дар чашмонамон ашки шодӣ ҳалқа мезад. 
Ба гуфтаи шоир Паймон:
Умр аз пайи ину он зи мо шуд ғорат,
Дар ғафлату бо ҷурму хато шуд ғорат...
Ҳамкурсонам сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, шоирони халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб ва Хайрандеш, раиси Ассотсиатсияи расонаҳои ахбори умум Нуриддин Қаршибоев садри маҳфил ва гули сари сабади ҷамъомад буданд. Дареғо, ки 17 тан аз ҳамкурсон ин дунёро падруд гуфтаанд. Қабл аз оғози нишаст аз онҳо ёд кардем ва аз ояҳои Қуръони Маҷид тиловат намуда, ба рӯҳи покашон бахшидем.
Шарикдарсон аз кору рӯзгори хеш нақл намудем. Хотираҳои пешинро тагурӯ кардем. Аз даврони донишҷӯӣ, мавсими пахтачинӣ дар Қӯрғонтеппа ёдовар шудем. Табиист, ки дар ёди ҳар як нафар аз он солҳо хотираҳои аҷиб боқӣ мондаанд. Бояд гуфт, ки ман бо худ чанд шумораи рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар»-ро бурда будам. Онҳоро ба ҳамкурсон тақдим намудам, ки намунаҳое аз ашъору осори бархе аз эҷодкорони тоҷики Ӯзбекистон чоп шуда буданд.
Устодонеро, ки тӯли панҷ сол ба мо дарс дода буданд, низ ёд овардем. Ҳама фавтида, ба дунёи ҳақ пайвастаанд. Номҳои Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев, Мукаррама Қосимова, Соҳиб Табаров, Баҳриддин Камолиддинов, Абдусаттор Нуралиев ва Пайванди Гулмуродзодаро бо некӣ ба забон овардем.
Ба хонаи устод Пайванди Гулмуродзода, ки дар маҳаллаи «Чортут»-и шаҳри Душанбе воқеъ аст, бо ҳамроҳии чор тан аз ҳамсабақон рафта, дуои фотиҳа хондем. Фарзанди хурдии устод Ардашер ва ҳамсарашон, янгаи Гулбаҳор моро хуш қабул карданд. Рӯҳу равони устодон шод бод!  
Рӯзи савум созмондиҳандагони вохӯрӣ маҳз мо – дӯстони ӯзбекистонии худро дар чойхонаи «Тоқӣ»-и Душанбе ба суҳбати сари як пиёла чой даъват намуданд. Аз  меҳмоннавозии аълои онҳо сарамон ба осмон расид. 
Баъд ҳамкурсамон Шермаҳмад Ёрмаҳмадов бо мошини худ моро ба тамошои Душанбешаҳр бурд. Дарвоқеъ, қиёфаи шаҳр куллан дигар, беҳтару зеботар шудааст. 
Биноҳои баландошёна, меҳмонхонаҳои ситорадор, чойхонаҳои шинаму зебо, фурӯшгоҳҳои замонавӣ бинандаро мафтун мекунанд.
Вақти бозгашт ва ҳини хайрухуш Ҳоҷӣ Роҳат китоби тозанашри писараш Бахтиёри Роҳат «Нафаси дубора»-ро ба ҳар кадоми мо бо соядасти муаллиф туҳфа намуд. 
Мо аз Дараи Чоркӯҳ ба мошини Истаравшан нишаста, сӯйи Ватан роҳ пеш гирифтем. Раҳораҳ аз оби рӯди Варзоб нӯши ҷон ва аз зардолуҳои қандаки он тановул кардем....
То боздид, то дидори оянда, дӯстон-ҳамсабақони азизи даврони донишҷӯӣ!

Собир ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: