МАҚСАДИ МО ФАРАҲНОК НАМУДАНИ ҲАЁТИ ОДАМОН БА ВОСИТАИ ТАЪМИНИ АДОЛАТ ВА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

Дар шаҳри Фарғона зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 28 июл ҷамъомади видеоселекторӣ бинобар вазифаҳои бартаринок дар соҳаи профилактикаи поймолсозии ҳуқуқ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар минтақаҳо баргузор гардид.

– Аз рӯзҳои аввали ислоҳотамон мо шараф ва обрӯйи инсонро чун арзиши олии ҷамъиятамон муайян намудаем. Дар Конститутсияи таҷдидёфтаи мамлакат ҷойгузин намудаем, ки Ӯзбекистон давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Мақсади ягонаамон ҳаёти мардумро аз тариқи таъмини адолат ва волоияти қонун фараҳнок намудан аст, – гуфт роҳбари давлат.
Барои ин ба ташкилотҳои ваколатдор тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар ду соли охир 10 қонун, қариб 40 фармон ва қарори Президент, бештар аз 60 қарори ҳукумат дар иртибот бо фаъолияти мақомоти ҳуқуқу тартибот қабул гаштаанд. Музди меҳнати ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хусусан мақомоти корҳои дохилӣ ба таври назаррас баланд бардошта шуд, барои онҳо имтиёзоти зиёд пешниҳод гаштааст. Барои «панҷгонаи маҳалла» беш аз 30 ҳазор штати нав ҷорӣ карда шуд, то ки таъмин намудани ҳаёти осудаи аҳолӣ маҳз аз маҳалла бояд шурӯъ гардад.
Аммо дар шаш моҳи охир дар маҳаллаҳо қариб 12 ҳазор ҷиноят содир гаштааст, ки имкон дошт онҳо бартараф карда шаванд. Аз 9,5 ҳазор маҳалла дар 1,5 ҳазорашон вазъияти нигаронкунандаи ҷиноятӣ мушоҳида мегардад.
Бинобар ин барои суст ташкил намудани фаъолияти ҷилавгирии ҷиноят ва кор бо аҳолӣ ба муовини аввали Прокурори генералӣ, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, инчунин муовини вазири корҳои дохилӣ, масъулони таъмини бехатарии ҷамъиятӣ танбеҳ дода шуд.
Роҳбарони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Сергелӣ, Янгиҳаёт, Шайхонтаҳур, Ғиҷдувон, Когон, Тупроққалъа, Тахтакӯпир, Томдӣ, Яккабоғ, Олтинсой, Зафаробод, Боёвут, Гулистон, Мингбулоқсой, Олтинкӯл, прокуророни ноҳияҳои Андиҷон, Бандихон, Бувайда, Нарпай, Юнусобод аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.
Тавре ки маълум аст, дар маҳаллаи Алтин Жагиси шаҳри Нуқус низоми нави кор бо шахсоне, ки ба ҷиноят моилӣ доранд, ҷорӣ карда шудааст. Дар доираи ин низом шахсони тоифаи мазкур ба «панҷгонаи маҳалла» бинобар принсипи «профилактикаи иҷтимоӣ» вобаста карда шудаанд. Аммо татбиқи ин низом дар саросари мамлакат суст идома дорад.
Таъкид шуд, ки тартиби нави огоҳии ҷиноят дар маҳалла татбиқ хоҳад гардид. Таҳияи вазифа ва усулҳо барои тамоми фаъолони маҳалла бинобар «профилактикаи иҷтимоӣ» супурда шуд.
Вазифаи ба кор андохтани низоми информатсионии «Вазъияти иҷтимоӣ» бинобар мушкилоти иҷтимоӣ ва ҷиноӣ дар қисмати вилоят, ноҳия ва маҳалла ва ҳамчунин рақами ёрии таъҷилии «112» бо хидмати низомандоз гузошта шуд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, сеяки ҷиноятсодирнамуда аз ҷумлаи ҷавонон мебошад. Бинобар ин барои кор бо ҷавонони номуташаккил дар асоси бархӯрди ягона Шӯрои байниидоравӣ зери роҳбарии раиси ХБД таъсис хоҳад гардид. Шӯро барномаҳои мақсадноки кор бо ҷавононро ба амал татбиқ менамояд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои ҷиноят дар заминаи маишӣ ва ҷинояти занон ба миён гузошта шуд. Таъкид шуд, ки кор бо оилаҳое, ки мушкилоти иҷтимоиву маишӣ доранд, вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ бояд гардад. Бо ин мақсад Агентии миллии ҳимояи иҷтимоӣ ташкил шуда буд. Акнун барои кумак ба оилаҳое, ки ба вазъияти мушкили ҳаётӣ дучор гаштаанд, «парвандаи иҷтимоӣ» кушода мешавад. Системаи алоҳидаи кор бинобар принсипи «Оилаи бехатар» ташкил хоҳад гардид.
Вазифаи таҳияи усулҳои нави таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани дараҷаи дониш ва ҷаҳонбинии ходимони мақомоти ҳуқуқу тартибот гузошта шуд.
Таъкид шуд, ки одамон аз вазъият вобаста бо бехатарии ҳаракати роҳ тамоман норозӣ ҳастанд.
Барои мисол, дар ним соли охир қариб 4 ҳазор садамаи автомобилӣ рух дода, 873 нафар ҳалок гардида, беш аз 3,5 ҳазор нафар зарар дидааст.
48 фоизи садама бо иллати инфрасохтори роҳ рӯй додааст. Бинобар вуҷуд надоштани шароити ногузир барои пиёдагардон имсол 1859 ҳодиса бо иштироки онҳо рух дода, 334 нафар ҳалок гаштааст.
Роҳбари давлат ташаббусро оиди ба тартиб андохтани соҳаи бехатарии роҳ пешниҳод намуд. Бинобар принсипи «Бехатарии ҳаракати роҳ – зери назорати ҷамъият» соле на камтар аз ду маротиба фикри аҳолӣ пурсида мешавад. Кумитаи роҳи автомобил ва роҳбарони масъули бехатарии ҳаракати роҳ дар ҳар ним сол дар назди парлумон ва ҷамъият ҳисобот хоҳанд дод.
Ба нақша гирифта шудааст, ки аз мафҳуми дислокатсия даст кашида шуда, барои ҳамаи ходимони хидмати роҳу патрул минтақаи масъулият бо фарогирии маҳаллаҳо муайян карда мешавад.
Дар ҷамъомад ба фаъолияти баъзе роҳбароне, ки ба номи ходими мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот доғ меоранд, дахолат карда шуд. Супурда шуд, ки ба амали онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Роҳбарони мақомоти ҳуқуқу тартибот ва ҳокимони вилоятҳо доир ба масъалаҳои баррасигардида маълумот доданд.
Соли гузашта Президент Шавкат Мирзиёев бо сохтмони мавзеи Ӯзбекистони Нав дар шаҳри Фарғона шинос гардида буд. Дар ҷараёни сафари кунунӣ ба вилоят роҳбари давлат бори дигар бо ҷараёни кори он шинос гардид.
Ҳоло сохтмон бо суръат дар ҳудуди калони майдонаш 300 гектар идома дорад. Дар ин ҷо сохтмони 298 иморати бисёрҳуҷра, ки барои беш аз 65 ҳазор иқоматкунандагон муқаррар гаштааст, ба нақша гирифта шудааст. Ин барои шаҳри аҳолиаш зичи Фарғона ва тамоми вилоят аҳамияти муҳими иҷтимоӣ дорад.
Имсол 73 иморат бунёд мегардад. Аввалин иморатҳо аллакай ба баҳрабардорӣ супурда шудаанд. Дар ҳудуди мавзеъ инчунин мактаб, муассисаи таълими томактабӣ ва тиббӣ, бунгоҳҳои савдо ва хидмати маишӣ, маҷмӯи варзишӣ ҷойгир хоҳанд шуд. Минтақаи хурди саноатӣ дар майдони 50 гектар дар таъмини аҳолии маҳаллӣ бо кор  нақши муҳим дорад.
Мавзеъ шаҳраки ба худ хоси экологӣ гардид, ки дар ҳудуди 70 гектар бунёд намудани боғи Ӯзбекистони Нав ва кӯли сунъӣ ба нақша гирифта шудааст. Қитъаҳои холӣ сарсабз карда мешавад. Дар атрофи обанбор хиёбон ба вуҷуд меояд.
Роҳбари давлат зимни шиносоӣ доир ба ҷалби сармоягузорон ба лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳудуди мавзеъ, ташкили намудҳои гуногуни хидматрасонӣ супоришҳо дод.
Бо ҳамин сафари Президент ба вилояти Фарғона ба анҷом расид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: