САРБОЗИ ШЕРАФКАНЕ АЗ БУХОРО

Ҷанги дуюми ҷаҳони солҳои 1941-1945 дунёро ба ларза андохт.

Ин офате буд барои инсоният. Дар ин ҷанг аз рӯйи маълумотҳои расмиву ғайрирасмӣ 50 миллион одамон ҳалок шудаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ: Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон низ иштирок карданд. Ҳазорҳо нафар ҷавонмардони мо дар муборизаҳои шадид қурбон гардиданд. Ин ҷанги ҷаҳонсӯз ба мо хело гарон афтод. Ҷасади қурбониёни халқҳои мо дар марзҳои дур гӯронида шуданд. Қисме аз онҳо маъюб шуда ба Ватан баргаштанд. Бояд қайд намуд, ки аксарияти фарзандони халқҳои дар муҳорибаҳо қаҳрамонӣ ва ҷасурӣ нишондода ба мукофотҳои давлатӣ сазовор гардида, бо ордену медалҳо ба зодгоҳи худ баргаштанд, ки онҳо ифтихори халқу миллатҳо мебошанд.
Барои ҳамин мо онҳоро аз хотири худ ҳаргиз намебарорем. Аз ин ҷост, ки дар тамоми минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон 9 Май ба таври тантанавӣ гузаронида мешавад. 
Ман қарор додам, ки дар ин айёми фаромӯшнашаванда аз ҳаёт ва ҷасорати ҳамшаҳрии худ Азимҷон Носиров ҳикоя намоям. Ин марди азимҷусса, рустамсимо ва далеру шуҷоъ 7 майи соли 1916 дар гузари Манораи Калони Бухоро таваллуд ёфтааст. Авлодаш ҳама косибанд. Ҳалвогарӣ, ошпазӣ ва нонпазӣ карда рӯз гузаронидаанд. Азимҷон ҳам давраи кӯдакию навҷавонии худро бо косибӣ гузаронидааст. Меҳнаткашӣ яке аз хислатҳои беҳтарини ӯст. Маълумоти нопурраи миёнаро дар яке аз мактабҳои тоҷикии шаҳри Бухоро гирифтааст.
Соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар мешавад. Азимҷонро, ки дар синни 27 буд, ба фронт даъват менамоянд. Вай зуд ба штаби комиссариати шаҳри Бухоро ҳозир мешавад. Ӯро бо як қатор ҳамсолонаш ба самти Маскав мефиристанд. Дар он ҷо вайро бо 3 нафар ҳамроҳаш ба курси сержантӣ ба хондан ҷалб менамоянд. Азимҷон, ки масъулиятшинос буд, ба омӯхтани илми ҳарбӣ диққати ҷиддӣ дода, ба унвони сержанти калон сазовор мегардад. Ин 4 нафар бухориро ба Фронти 4-уми Украина фиристоданд. Дар ду соҳили дарёи Днепр ҷангҳои шадид идома дошт. Ин муҳориба тахминан 1-1,5 моҳ давом кард. Як бегоҳӣ, фасли тирамоҳ аз Маскав фармон омад, ки гуфта мешуд: «Зудтар ба соҳили рости дарё гузаштан лозим».
Дар як шоми зулматзо тирамоҳ қаиқҳои чор нафарӣ ҳозир намуда ба убури дарё фармон дода шуд. Қаҳрамони мо ҳам ба яке аз ин қаиқҳо ҷойгир шуд. Аз ин ҳодиса фашистон хабардор шуда, ба тирпарронӣ сар карданд. Аз тарафи муқобил Армияи Сурх ҳам ба по хеста тӯпҳоро ба кор андохтанд.
– Қиёмат сар шуд. Бисёр кас нобуд шуд. Қисме аз об гузаштанд, – мегӯяд Азимҷон Носиров. – Аз як дасту як по ҷароҳат бардоштам. Ба замми ин дар наздам мина таркида бо хок гӯрам кард. Аз ҳуш рафтам. Саҳарӣ се марди ҷандапӯш пайдо шуда, ба кашидани мӯзаи хиромам сар карданд. Аз дарди ҷонкоҳ каме ҳушёр шуда, «Ман зинда» гуфта садо баланд кардам. Боз беҳуш шудам. Пас шоҳидони воқеа нақл карданд, ки маро онҳо ба госпитал бурда супурдаанд.
Азимҷон Носиров пас аз пурра шифо ёфтан ба саф баргашта, ҷангро давом медиҳад. Ӯ роҳи ҷангии пурхатари худро то шаҳри Берлин идома медиҳад. Дар муҳорибаҳои Полша, Венгрия ва Чехословакия фаъол иштирок кардааст. Вай шоҳиди шикаст хӯрдани Германияи фашистӣ ва дар Рейхстаги Берлин ҷилвагар шудани байрақи Ғалаба гардидааст. Пас аз анҷоми ҷанг, яъне 9-уми майи соли 1945 ба ватани азизи худ – шаҳри Бухоро бо сари баланд бармегардад. Каме нафас рост мекунаду ба корҳои барқарор намудани хоҷагии халқ, ки дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ тамоман паст гардида буд, камари ҳиммат мебандад. Дар мавзеи Лабиҳавзи Девонбегӣ ошхона ташкил мекунад. Фаъолияти меҳнатии худро васеъ намуда, чанде аз бекоронро бо кор таъмин менамояд. Ба ташкили шохобчаҳои хурд-хурди савдо ташаббус нишон медиҳад. Аксарияти онҳо занҳои ҷавон буданд. Ӯ яке аз ҳамин ҷавондухтаронро, ки Муҳтарама Аҳророва ном дошт, ба занӣ мегирад. Ин духтараки нозанин ҳушахлоқ, меҳнатдӯст ва меҳрубон буд. Онҳо 5 нафар духтарони зеборо ба дунё оварда тарбия намуданд. Ҳамаи онҳо соҳиби маълумот ва касбу коре гардида хушбахтона зиндагӣ доранд.
Духтари нахустин Маҳтоб — журналист, Маҳбуба – ходими корҳои дохилӣ – майор, Манзура – ходими маҳалла, Мавлуда – муҳандис-технологи трести хӯроки умумӣ, Мавҷуда – ҳисобчӣ.

Асад Гулзодаи 
БУХОРОӢ.

БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: