ДУНЁИ БӮҚАЛАМУН

Воқеаи имрӯза аз хурсандӣ сар шуд.

Чоршанбеи ДЕҲНАВӢ

ДУНЁИ БӮҚАЛАМУН
Воқеаи имрӯза аз хурсандӣ сар шуд.
Шайхалӣ писардор шудани дӯсташро шунида, дар пӯсташ нағунҷид.
– Оббо ту-ей! – мегуфт гашта-баргашта, – ҳамин қадар хурсандиро чӣ тавр дар дил ғунҷондӣ-а?! Чӣ тавр?! Ту-ку одами хуб бобардошт, лекин ба инаш тоқат карданат мумкин набуд. Боз писар! Чӣ тавр тоқат кардӣ-а?! Занак, ҳӯ занак! Хушхабар! Ҷобир писардор шудааст. Боз хомӯш истодани инро бин! Дод задан даркор, дод! Оббо, ту-ей! Ба накафиданат ҳайронам. Занак, кафгирро ба дег зан. Ман як кӯча баромада оям! Ин хурсандиро қайд накардан мумкин нест! Биё, дӯстам, боз як бори дигар оғӯш кунам. 
Шайхалӣ ҷайб кофта, калидро гирифту саросема ба мошин нишаст. Вале мошин оташ нагирифт, – бар падари аккумулятор ҳам лаънат, – гуфт ба замин туф карда, – хуб вақти нозашро ёфт-дия! Акнун, падари саодатманд, тела медиҳӣ. Занак, ту ҳам!
– Ҳоҷати ташвиш нест, – дили Ҷобир назад.
– Чаро ҳоҷат набудааст?! Ҳоҷат, ҷӯра, ҳоҷат!
– Ман боз ба таваллудхона рафтанам лозим.
– Меравем. Хоҳӣ ҷӯраҳои ҳофизамонро ҳам ҳамроҳ мегирем. Дар ҳавлии таваллудхона як консерти кори калон ташкил мекунем!
– Лозим не.
– Оббо, ту-ей! Чунон осуда гап мезанӣ, ки писарро гӯё аз магазини лӯхтак харида бошӣ!
– Оҳистатар, – зани Шайхалӣ сӯйи девори ҳамсоя ишора намуд, – янгаатон фаҳманд чӣ мегӯянд?!
Чизе хоҳад гуфтан гирад! Худи амакам зинда мебуданд, барои ин хурсандӣ гӯсфанд мекуштанд. Канӣ, баробар тела диҳед. Як, ду, се!
Ҷобиру зани Шайхалӣ ҳарчанд зӯр заданд, мотор ба ҳаракат наомад. Ду-се зӯракӣ тир-тир карду баробари суст шудани тела боз хомӯш гашт.
– Боз пули муаллим бисёр шуда будааст, – гуфт нафаси зани Шайхалӣ дар гулӯяш печида, – зӯрашон ба як аккумулятор намерасаду худашонро дар тахти Сулаймон мебинанд!
– Зан, ки даҳон кушод, аз забонаш шикоят мечакад. Маоши муаллим зиёд шуд гуфта, пулро бо сумкааш медиҳанд чӣ?! Аҷаб ҳимматбаландӣ-дия, занак!
– Рост-дия, ин азоб чӣ азоб?! Боз ин мошинатон хари побаста барин чор по тира кардагеш кардагӣ!
– Бо ихтиёри худат дар ду дунё ҳам машқи бадан намекунӣ. Бин, бозе, ки мошин тела медиҳӣ, рангат ранги тоҷи хурӯс барин суп-сурх гаштааст.
– Аз шумо гап гирад! Шикоратон барор гирад майлаш-куя, нагирад ба тела доданам месӯзам!
– Мегирад, занак, мегирад. Зӯр зан!
– Дер шуд, Шайхалӣ.
– Нисфи шаб намешавад?! Одамон баҳудаву беҳуда менӯшанд, мо ин воқеаи бузургро қайд кунем чӣ шудааст?! Канӣ, боз як бори дигар зӯр занетон. Ҳамин хел. Ҳа, ҳа!
Мотор ба ҳаракат омад.
– Чаро истодаӣ?! Қабатам шин! Оббо, ту-ей! Росташро гӯям, ҷӯра, дар ҳамин лаҳза дилвасеъгии ту ба ҷонам расид. Саночи пуртилло барин дарунат аз хурсандӣ пуру... ҳеч набошад, ханд! Хандидани туро дар ин солҳои наздик надидаам. Дар бозгашт Саъдуллоро гирем-чӣ? Сурудҳои ӯро кайҳо боз нашунидаем.
– Як вақти дигар. Янга шунаванд...
– Ҳа, амакам, раҳматӣ, одами зиндадил буданд. Барои он ҳам умри дароз диданд. Бо вуҷуди он ҷояшон холӣ...
Онҳо вақте ба магазин расиданд, фурӯшанда дари магазинро руст карда, дар қуфлаш латта мепечонд. Шайхалӣ аз мошин саросема фуромада, ӯро нигоҳ дошт.
Як оби мастак лозим шуда монд, ҷӯра, – овози Шайхалӣ оҳанги тавалло дошт, – аз хурсандӣ қариб, ки кафам.
– Нест, – гуфт фурӯшанда ва корашро давом дод, – мебуд ҳам, намедодам. Дер шуд.
– Худат медонӣ, ки хурсандӣ вақт намепояд, ҷӯра. Вақти шаҳрфуроӣ мебуд, ба ту зора карда намеистодам. Туро одами худӣ гуфта омадам. Як илоҷ накунӣ намешавад!
– Бовар кун, нест.
– О, мо хуморӣ не, ки сари туро хам кунем. Имрӯз ба ин муносибат нанӯшем, намешавад. Медонӣ, чӣ? Ҷобир писардор шуд. Писари одӣ не! Баъд аз ҳабдаҳ соли хонадоршавӣ! Акнун фаҳмидагистӣ!
– Фаҳмидам, лекин нест. Буду шудашро Мустафо бурд. Ҳамсояаш тӯй доштааст. Бисёр зарур бошад, назди ҳавай рав. Хотири бародараш не намегӯяд.
– Э-эъ, ба вай бародар не, одамони кулоҳпӯш лозим! –
Китфони Шайхалӣ ғалтида, ба мошин нишаст.
Тухми анқо бошад ҳам, меёбам! – гуфт мошинро ба роҳ дароварда.
Аммо наёфтанд.
– Тӯйхона меравем, – Шайхалӣ маҷбур шуда, чамбари мошинро сӯйи қишлоқи Мустафо тофт, – ҳамин баҳона аз Мустафо муждагонӣ мегирем.
– Фақат арақ намепурсӣ!
– Аз кӣ? Аз Мустафо? Бепул диҳад, намегирам! Эҳ, ҷӯра, ҷӯра, лойи тую вай дигар-дигар аст. Ба вай мо – муаллимон не... Медонӣ, ба хаёлам чӣ расид? Чаро муаллимро аз дигар калоншавандагон паст мегиранд? Барои он ки, якум, кори онҳо ба муаллим намеафтад. Дуюм, мо фарзанди онҳоро маҷбурӣ мехононем. Ниҳоят, гӯё рӯзи мо аз болои фарзандони онҳо мегузашта бошад! Ин фикри аблаҳона аст, ҷӯра, аблаҳона. Чизи дигар не!
Шайхалӣ мошинро дуртар аз тӯйхона боздошт ва Ҷобирро дар мошин гузошта, танҳо рафт. Баъд аз ҳаяле дар намуде баргашт, ки аз шодию ҳаяҷони ӯ осоре боқӣ намонда буд. Вай хомӯш омада, мошинро ақиб гардонд. Суръати мошин торафт тез шуда, дар пасту баландиҳо ҷаҳида-ҷаҳида мерафт.
– Оҳистатар, Шайхалӣ, оҳистатар.
– Гуфтаам омад, ҷӯра. Мустафо ҷорӯби одӣ нест, ки таги пойи ҳамаро баробар лесад. Вай қадри худро медонад. Ба ҷойи хурсанд шудан маро чунон насиҳат кард, ки...
– Аз Мустафо пурсидӣ? – сухани Шайхалиро бурид Ҷобир.
– Маҷбур шудам. Соҳибтӯй назди меҳмонҳо будааст... Маро нафаҳмид. Дар ҷойи он насиҳат кард. Соли амакат нагузаштааст, шунидаҳо чӣ мегӯянд, гуфта! Чаро мо ин қадар сохтакорем, Ҷобир, а? Дар асл банди ташвиши рӯзгору таҳлукаи зиндагиему чаро дар намуд мотамзада бошем? Чаро ғарқи талоши дунёиему шодию хурсандии хешро сир доштан мехоҳем?!
– Оҳистатар! Ба мошин ҷабр накун.
– Дар ҳамин лаҳза гиря кардан мехоҳам, Ҷобир, гиря кардан! Барои худ не, барои сохтагиҳо! Барои ниқобҳои ба пӯсти рӯ табдил ёфта. Барои хурсандиҳои беқадру ҳаяҷонҳои девонагӣ маънӣ гирифта!
– Оҳиста ҳай мекунӣ ё ...!
– Рост, оҳистатар ҳай кардан даркор. Мана. Мошин ҳам сабук кашид. Аммо ман чӣ? Худат чӣ? Ба ту ҳавасам меояд. Ту худатро дошта метавонӣ. Дар ҳар гуна вазъият. Ман не. Ҳамааш ба худаш монанд шавад мегӯям, – хурсандӣ ба хурсандӣ, ғусса ба ғусса! Ту бузургӣ, дӯстам, бузург! Поят накашид, ман маҷбур карда овардам. Ту ҳам ранҷидӣ. Гарчи зоҳир накунӣ ҳам, сахт ранҷидӣ... ҳеҷ боке не, ҷӯра. Муҳимаш, падар шудӣ. Бахудо, ки хурсандиам дар дилам намеғунҷад. Боз ҳам хурсандтар шудан мехостам. Саъдулло суруд мехонд, Раҳмат латифа мегуфт, ба ин чӣ мерасид?! Э-эъ, бе ҳамон оби зормонда ҳам хурсандӣ кардан мумкин буд-ку! Ҳамин қадар, ки дилам об хӯрд... ҳеҷ боке не, ҷӯра, муҳимаш, падар шудӣ. Ҳозир рост назди янга меравем. Эҳ, калла! То арақ кофтана як даста гул ёбӣ намешуд?!
Шайхалӣ хомӯш монд. Намудаш торафт ҷиддитар гашта, дар андомаш аломатҳои ранҷ ва озурдагӣ бештар намоён мегашт.
– Бигузор нафаҳманд, – мегуфт гашта-баргашта, – муҳимаш, падар шудӣ...

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: