БУЗУРГДОШТИ ҶОМӢ

Дар толори Осорхонаи ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд, донишҷӯён ва аҳли илму адаб ширкат ҷустанд.
Устодони донишгоҳ Сироҷиддин Хӯҷақулов, Сабоҳат Маҷидова, Хайём Мирзоев ва магистранти курси дувум Дилшода Аминова доир ба рӯзгори Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Рисолаи арӯз»-и  ӯ маърӯза карданд.
Донишҷӯён аз эҷодиёти шоир шеъру қасидаҳо қироат карданд. 
Инчунин тақдимоти китоби «Авзони ғазалиёти Абдураҳмони Ҷомӣ»-и Мавзуна Муҳаммадова сурат гирифт. 
– Дар арафаи ҷашни шоир ва мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Мавзуна Муҳаммадова  туҳфаи арзандае ҳозир намуд, – гуфт шоир ва котиби масъули маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Норхоҷа Чориев. – Мавзуна таҳти роҳнамоии мунаққид ва арӯзшинос Абдуқайюм Ҳасанзод вазни 250 ғазали шоирро муайян намудааст.
– Албатта, ҳангоми омӯзиш ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудам. Умедворам, ки рисолаи мазкур ба ихлосмандони каломи бадеъ писанд меояд, – гуфт муаллифи рисола.

Асалмоҳ САРХАТЗОДА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: