ОН ҶОЕ, КИ БОҚӢ РАҲИМЗОДАСТ

1. Расми Боқиро дидаед?

Мегуфтанд, он ҷое устод Боқист, дар он ҷо ханда ҳасту хушҳолӣ. Ӯро дидаву аз зарофаташ баҳра бурда, ба ҳаққонияти ин эътироф гувоҳ шудаам.
Вай дар минбар аст. Аҳли ҷамъомад, хусусан наврасону ҷавонон чашм аз ӯ намекананд.
– Бачаҳои азиз, – мегӯяд устод, – эҳтимол аксарияти шумо маро бори аввал мебинед, вале бовар дорам «чеҳраи зебо»-ям бароятон шинос, ҳамин тавр не?
– Бале! – мегӯяд толор баробар.
– Бале, бачаякҳом. Шумо маро аз расмҳоям мешиносед, ки дар газету журналҳо мебароянд. Хусусан як журнал дар муқовааш зуд-зуд расми маро мебарорад. Он кадом журнал?
Донишҷӯён ба якдигар менигаранд. Сукунатро, ки чанд сония давом кард, донишҷӯе мешиканад:
– «Садои Шарқ!» Э, не, «Занони Тоҷикистон!»
Устод Боқӣ механдад, хандаомез лаб ба сухан мекушояд:
– Қариб ёфтӣ, бачем, қариб. Хӯш, кадом журнал?
Маҷаллаҳоеро, ки дар Душанбе чоп мешаванд, як-як пеши назар меорем. Вақт гузашта истодааст. Устод:
– Наёфтед? – саросема мекунад моро.
Кош меёфтем. Меёфтем ва таҳсин мешунидем аз бузургвор. Вале хомӯшӣ, ки ҳукм меронд, вай гуфт:
– «Хорпуштак!»
Бале, дар ҷое, ки устод Боқист, ханда буду шавқу шодӣ.

2. Боқӣ Раҳимзода – студенти курси як

Устод Боқӣ нигоҳи меҳромез аз донишҷӯён намеканд ва мегуфт:
– Ҳавасам меояд ба шумо!
Ҳақиқатан рӯзгори донишҷӯӣ барои онҳое, ки синнашон ба ҷое расида, бештар ҳавасангез. Ҳама ҷавон, ҳама зебо. Давраи беғубори умр!
– Ҳавасам, ки омад, медонед чӣ кор кардам? Ҳуҷҷат омода намудам ба институти шумо. Бахт хандад, аз соли таҳсили нав – ман низ студенти курси як.
«Шӯхӣ мекунад ва ё ... дохил шуданист ба шуъбаи ғоибона?»
Бо табассум не, ҷиддӣ сухан меронд устод Боқӣ. Алалхусус содадилҳое, ки аз деҳаанд, бовар карданд. Наход дар ҳамин син дурӯғ гӯяд?
– Шумо мегӯед, бе «танк», бе гуфтугӯ, бе пора дохил шудан душвор? Инро ман ҳам хуб медонам. Майда-чуйда карда нанишаста, рост пеши ректор даромадам. Гапзанон кардем. Кор пухт. Ҳамту не? – ба ректори донишкада, ки дар садр нишаста, менигарад устод Боқӣ.
Даст пеши бар, нимхез мешавад ректор Қайюмов:
– Ҳамту! Ман агар ректор бошам, шумо – студент!
Инсонҳои ҳамеша ҷиддӣ ва босалобате чун Қайюмов низ табассум мекунанд. Қоҳ-қоҳ мезананд. Зеро давраоро – устод Боқӣ.

3. Изҳори меҳр

Мегӯянд, байни устод Боқӣ Раҳимзода ва ходими намоёни ҷамъиятӣ Рифъат Ҳоҷиев (1925-1997), ки ҳафтдаҳ сол (1971-1987) котиби аввали кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) будааст, риштаҳо мустаҳкам буданд.
Театри пуршукӯҳи ба номи Пушкини Ленинобод (алъон театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ) пур аз одам. Ҳама ба даҳони устод Боқӣ, ки риштаи сухан дар ӯст, нигаранд, нигоҳи вай ба котиби аввали «обком», ки қатори чанд нафар дар президиум нишастааст.
– Меҳри ҷӯрагии ба Рифъатҷон доштаамро бо сухан ифода карданам душвор. Иҷозат диҳед ӯро ба бар кашам ва...
Р.Ҳоҷиев бо табассум аз ҷо мехезад. Шоиру «обком» якдигарро ба оғӯш мекашанд.
– Медонед, руфақо, ман ба куҷои Рифъатҷон ошиқ? Ба мӯйи ҷингилааш! Биё, сари ҷингилаатро як бӯсам...
Чунин мегӯяд устод Боқии паҳлавонқомат ва андак хам шуда, сари бемӯй ва ялаққосии котиби якумро «чалап-чалап» мебӯсад.
Ҳаёҳуи пурзавқ зам мешавад ба гулдурроси қарсакҳои бардавом. Касе нест, ки нахандад ё табассум накунад.

4. Аввал хавотир сохт, баъд шод намуд

Ба Ӯзбекистон низ ояд, хандаву нишот меовард устод Боқӣ.
Назар ба нақлҳо, намояндагони Тоҷикистонро, ки байнашон адибон ҳам буданд, ба заводи оҳангудозии шаҳри Бекобод бурданд. Ба комбинатҳои абрешимресӣ ва бофандагӣ, истгоҳҳои барқи обии соҳилҳои Сирдарёву Зарафшон ва ғайра.
Меҳмононро роҳбари аввали ҷумҳурӣ қабул кард ва таассурот пурсид.
– Азизам Шароф Рашидович, иҷозат диҳед як-ду сухан гӯям, – гуфт Б.Раҳимзода.
– Марҳамат, меҳмони азиз, марҳамат.
– Лекин аввал ҳаминро гӯям, ки дар дили ман гап хоб намеравад. Шарт-шарт мегӯям. Барои ростгӯию чуртгӯиям таъна мешунавам. Ҳозир ҳам фикрамро рӯирост мегӯям ба руфақои ӯзбекистонӣ. Онҳо моро на ба ҷойҳои дигар, балки чаро маҳз ба заводҳо, ба комбинатҳо бурданд, гӯям?
Ҳозирон ботинан безобита шуда, ба якдигар хавотиромез нигаристанд: «Чӣ гуфтанист шоири шарттагӯ? Мабодо...»
– Ҳа, инҳо чизе намефаҳмад нагӯед. Худро ба нодонӣ заданамон мумкин, лекин нағз мефаҳмем, ки чаро моро ба иншоот бурданд. 
Аз оҳанги суханронии шоир касе дарк карда наметавонист, ки вай чӣ гуфтанист.
– Шумо моро ба заводи оҳангудозӣ бурдед, то бубинем дӯстии мо мисли пӯлодҳои он чӣ тавр мустаҳкам мешавад, ба комбинатҳои бофандагӣ бурдед, бубинем, ки чӣ гуна риштаҳои дӯстии мо доманадоранд, моро ба соҳилҳои дарё бурдед, бубинем, ки дӯстии аҷдоди мо аз кадом сарчашмаҳо ибтидо мегирад...
Чун устод Боқӣ суханашро ба охир расонд, ҳозирон оҳи сабук кашиданд ва чапак заданд. Аз дӯши Шароф Рашидов низ гӯё бори гарон бардошта шуд. Вай завқ мебурд ва бо рӯмолча оби чашм поккунон мегуфт:
– Ҳеч ӯлманг, Боқиака. Аввал каме хавотир сохтеду баъд шод намудед.

5. «Дар хонаи ҳизб дурӯғ гӯям?»

Мошин аз Тошканд ба Самарқанд дар чаҳоруним-панҷ соат расида рафт. Меҳмононро роҳбари онвақтаи Самарқанд Орзу Маҳмудов қабул кард:
– Монда нашуда омадед?
– Сахтакак монда шудем, тақсир, – гуфт Боқӣ Раҳимзода.
Мегӯянд, роҳбари ҳайати адибон Сотим Улуғзода бисёр хиҷолат кашид, норозиёна пичиррос зад: – Ин хел не-да, Боқиҷон. Наход надонед, ки мондашавиро ошкор намекунанд. Сипоҳиро бой додан нағз не, дар назди мизбонҳо.
– Пичир-пичир не, баланд-баланд гап занед, Сотимхон. Ман ин хел карда, яъне гапи дурӯғ зада наметавонам. Хусусан дар ҷойи бисёр нозуке, ки нишастаем. Ин ҷо хонаи оддӣ не, хонаи ҳизб! «Йӯл азоби – гӯр азоби», мегӯянд ин мардум. Панҷ соат роҳ рафтем-а?!
Ман, масалан, медонед чӣ қадар монда шудам? Лекин «монда нашудам» гӯям? Не, ба партияамон гапи дурӯғ назадаам ва намезанам...
Лутфи хушоянду беғубори устод Боқӣ тамом шуда-нашуда, аз ҳама баландтар Орзу Маҳмудов қоҳ-қоҳ мезад.

Муҳаммад ШОДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: