ДАР КӮЙИ НЕКНОМӢ

31 сол қабл аз ин ба муносибати 80-умин солгарди аввалин академики Академияи фанҳои педагогии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Миёна, доктори фанҳои таърих, профессор Муллоҷон Эркаев бо номи “Дар кӯйи некномӣ” очерке навишта будам.

31 сол қабл аз ин ба муносибати 80-умин солгарди аввалин академики Академияи фанҳои педагогии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Миёна, доктори фанҳои таърих, профессор Муллоҷон Эркаев бо номи “Дар кӯйи некномӣ” очерке навишта будам. Он дар журнали “Тоҷикистон” ба нашр расида буд. Баъдтар матни пурраи очерк дар қироати нотиқи хуб Хайрулло Иброҳим аз тариқи бахши адабиёт ва ҳунари радиои Тоҷикистон шунавонида шуд. Соли 1991 дар “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, (ҳоло “Овози тоҷик”) низ чоп гардид.
Агар мо аз даричаи таърихи ин давр бо дидгоҳи дақиқ нигарем, мебинем, ки дар як муддати кӯтоҳ  дар рӯзгори мардуми ҷаҳон ва мо чӣ қадар таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар нисфи сайёраи замин ҳизби коммунистӣ давру даврон дошт: ба қавле лигоми зиндагӣ дар дасти коммунистон буд. Он замон Мулло Эркаев дар рафти суҳбатҳо ба ваҷд омада, аз ҳаёти ҳаммаслакони хеш, фисқу фуҷури баъзе аз онҳо, чӣ гуна аз вазифаи котиби ҳизбии вилоят даст кашидани худ қиссаҳо карда буд, ки ақли кас бовар намекард. Ҳоло ба муносибати 110-солагии ин абармарди илм салоҳ донистем, ки нақлҳои домуллоро, ки он замон имкони рӯйи қоғаз овардани онҳо набуд,ёдовар шавем. Аминем, ки зиндагиномаи ин олими ҳамадону фурӯтан барои пасовандон ибратангез хоҳад буд. 
Як шаби сарди зимистон чанд тан мӯйсафедони деҳ гирди бухории гарм ҷамъ омада, суҳбат доштанд. Баъзан байни худ чунон баҳсу талош мекарданд, ки яке аз дигаре ранҷида, рӯзҳову ҳафтаҳо ногап мегаштанд. Бо ҳамин минвол суҳбати мӯйсафедон то як поси шаб идома меёфт ва пасон ҳар кадом чӯбдасти хешро базӯр пайдо карда, ҷониби хонаи худ равон мешуд.
Як пагоҳӣ баъд аз дардодани бухорӣ, падараш ҷисму ҷони ранҷури худро дар гармии ҳаловатбахши он тобонда, дар ҳаққи ҷигарбандаш дуои нек мекард. Муллоҷони кунҷков фурсатро ғанимат шуморида, аз қисмати амакаш – Алпомиш пурсон шуд. Мӯйсафед мисли шаби сипаригашта, оби дида рехта гуфт, ки Алпомиш бародари ӯст, ҷону ҷигараш аст. Ӯ ба вай амакбача мешавад. Ҳафт сол қабл аз ин барои саранҷоми рӯзгор ба бозори Шеробод меравам гӯён, бедарак шуд. Касе намедонад, ки ӯ дар куҷост, бо чӣ кор шуғл дорад. Боре дар ин ҳолат бо ашки шашқатор Муллоҷонро ба наздаш хонда, сари ӯро сила карда, худ аз худ гуфт: –  Бачем, амакат меояд, дар хобам дидам ӯро. Хоби мӯйсафед рост баромад.
Баъди даҳ соли интизориҳо як рӯзи тирамоҳони заррин, Алпомиши гумгашта фойтунсавор ба деҳаашон омад. Падари Муллоҷон бародари ба ҷону дил баробарашро гаштаву баргашта ба оғӯш кашида, ашк мерехт. Бо ин баҳона мӯйсафед занги дили зардобгаштаи худро мешуст. Ҳозирон ин лаҳзаи нишотро дида, ба риққат омада, баробари мӯйсафед оби дида мерехтанд. Хонадон дар як они воҳид ба ошёни шодиву сурур бадал гашт. Хабари омадани меҳмон ба деҳа зуд паҳн шуд. Қарибон, ҳамсоягон ва дӯстон ба дидорбинии вай меомаданду мерафтанд.
Се шабу се рӯз дар хонаи мӯйсафед тӯй буду сур. Чун шаби чаҳорум пойи меҳмонон канда гашт, Алпомиш мақсади худро гуфт. Ӯ ҳикоя кард, ки дар ин солҳо дар мавзеи Килиф бо як гурӯҳ аъзои фирқаи ҳизби коммунист дар адои хизмат будааст. Ӯро низ ба сафи ҳизби худ пазируфтанд. Инқилоб ба пирӯзӣ расид.  Чанд моҳ қабл аз ин, Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон таъсис ёфт. Барои созмони корҳои давлатӣ ӯро ба ин ҷо фиристоданд. Бояд ӯ ба пойтахти ин ҷумҳурӣ, ки Душанбе ном дорад, равад. Аҳли хонадон лаб фурӯ баста, ба ҳарфҳои Алпомиш гӯш медоданд. Муллоҷони хурдсол низ дар гӯшае нишаста, суханони амакашро мешунид. Чун ҳеҷ кас лаб ба сухан боз накард, меҳмон дубора афзуд.
– Кунун ҳукумати амир зеру забар шуд. Халқи мазлум ба сари кор омад. Мо якҷо барои бунёди давлати нав ҷон коҳонда, озодии мазлумонро таъмин мекунем. Бародараш ниҳоят гуфт:
– Илоҷе нест, ки дар музофоти худамон кор кунӣ?
– Дуруст мегӯед, акаҷон, – дар диёри худамон кор мекардам, хуб мебуд, лекин илоҷе нест, ин амри роҳбарони ҳизб аст.
Ҳамон рӯз Муллоҷони наврас пинҳон аз чашми ҳама аз амакаш хоҳишу илтиҷо кард, ки ӯро низ ҳамроҳи хеш бубарад. Алпомиш даъфатан ба гапи бародарзодааш розӣ нашуд, вале пас аз  хоҳишҳои пай дар пайи ӯ дудила гашта, гуфт, ки фурсат ҳаст, дар ин бора андеша мекунем. Дили Алпомиш ба Муллоҷони наврас сӯхту ҳамроҳи худ бурдани Муллоҷонро ба бародараш иброз кард. Мӯйсафед ҷавобе надод.
Бародараш афзуд, ки аз боиси Муллоҷон хавотир нашавад. Ӯро ба интернат супориданист. Барои тарбияаш ҳукумат ҳама шароитро фароҳам меоварад. Аз гиру мон, зиракиву ҳушёриаш пайдост, ки Муллоҷон ояндадор аст.
Ва ниҳоят ду бародар ба як қарор омаданд. Бурдани Муллоҷони наврасро Алпомиш ба дӯши худ гирифта, ваъда дод, ки то зиндааст, дар парастории ӯ саҳм хоҳад гирифт.
Пагоҳӣ фиғони модари зор ва бародарону хоҳарони Муллоҷон ба фалак печид. Қиблагоҳ аз ваъдаву дайни худ пушаймон шуда, чӣ тадбир ҷустанашро намедонист.
Ҳамин тариқ, Муллоҷон бо амакаш ҷониби Шеробод роҳ пеш гирифтанд. Дар тӯли ду рӯз ба шаҳри Тирмиз расида, он ҷо савори қатора ба Душанбеи навбунёд расиданд.
Алпомиш Эркаевро дар ин ҷо хеле хуб истиқбол карда, аз Муллоҷони наврас пурсон шуданд. Гуфт, ки бепарастор аст, агар онҳо ба вай кӯмак расонанд, кори хайре мешавад. Алпомиш Муллоҷонро ба хонаи бепарасторон супорида, худ барои кор ба ноҳияи навташкили Варзоб равона шуд.
Пас аз хатми мактаб ӯро ҳамчун бачаи лаёқатманд, дар қатори баъдан абармардони халқи мо –  Мирзо Турсунзодаву Сотим Улуғзода ба Дорулмуаллимини Осиёи Миёна, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ буд, мефиристанд... 
Баъди солҳои кор дар низоми ҳизб маро котиби ҳизбии вилояти Кӯлоб таъин карданд. Он айём ин минтақа аз ноободтарин гӯшаҳои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. 
Ҳамаи роҳбарон дар як манзили дуошёна зиндагӣ мекарданд. 
Муллоҷон Эркаев  ба мардуми бечораву камбизоат дасти мадад дароз менамуд, сарриштаи баъзе мушкилотро ҷустуҷӯ мекард, асли воқеоти зиндагиро бо чашми хеш дида, дилаш аз кору вазифа хунук мешуд. 
Бо коре ба Душанбе омад. Бо телефони дохилии ҳукумат ба котиби аввали ҳамонвақтаи кумитаи марказии ҲК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров занг зада, аввал ҳол пурсид, сониян хоҳиш кард, ки ӯро қабул кунад. Ӯ розӣ шуд.
– Бобоҷон Ғафуров воқеан шахси донишманду муаррихи бегазанд, одамшиносу дардошно буд.
Дар утоқи кориаш баъди оғӯш кушода салом кардан маро дар рӯ ба рӯяш нишонид. Хеле самимӣ, гарм-гарм ҳолпурсӣ кард. Афсӯс хӯрд, ки бо кору вазифа аз одаму одамгарӣ дур шуда истодаем. 
Хотираи закӣ дошт ин бузургмард. Дидам, ки суҳбаташ хеле дилнишин ва пандомез аст, хомӯшона гӯш кардам. Занги телефон баланд садо доду суҳбатамон каме таваққуф ёфт. Навбатдор ба хӯроки чош даъват мекард ӯро. Айнакашро ба даст гирифта боз ба ҷойи худ омада нишаст.
– Шумо шояд бо мушкиле омада бошед, гӯш накарда, худамон лаҷоми суханро ба даст гирифтем.
– Хӯш, Муллоҷон, чӣ кору чӣ ҳол доред, акнун шуморо мешунавам, –  гуфт Бобоҷон Ғафуров.
Азбаски бо ӯ якҷо кор карда, бо хӯю хислаташ аз наздик ошно будам, ҳама фисқу фуҷури ҳамсафонамро арз карда, дар охир хоҳиш кардам, ки маро аз вазифаам сабукдӯш намояд. Аз бастаи коғазҳое, ки дар даст доштам, аризаи чанде пеш навиштаамро ба наздаш гузоштам. Ӯ аризаи маро гирифта аз пушти айнак ба он чашм давонд. Бардам аз ҷояш бархоста ба ҷойи худ рафта нишаст. Қаламеро, ки дар болои мизаш меистод, ба даст гирифта, ба сӯям тааҷҷубангез дурудароз нигариста гуфт:
– Муллоҷон, ман шуморо солҳои зиёдест, ки мешиносам. Аз ин пеш чанд сол якҷо кор кардем. Он чизе, ки дидаед, шоҳидаш будед, нақл кардед, банда сад фоиз ба шумо бовар дорам, чунки шумо мисли худам аз дурӯғу бӯҳтон фарсахҳо дуред. Вале чӣ илоҷ, ҳамаи онҳоро яку як бора аз кор пеш карда намешавад.  Худатон қазоват кунед, агар ман аз баҳри шумо барин корманди дилсӯзу бовиҷдон гузарам, пас бо кӣ кор мекунам: бо дуздону ҳатӯлкорону ришвахӯрон. 
Муллоҷон, бовар кунед, аз таҳти дил мегӯям, ин гапҳоро. Ман ҳам аз ин кору вазифа мисли шумо дилгир шудаам, вале чӣ илоҷ? Мехоҳам аз пайи кори илмиам шавам, вале пой дар занҷирам. Ин гапҳоро то ҳанӯз ба касе нагуфтаам ва нахоҳам гуфт. Азбаски шумо шикастанафас, ростгӯву якқавлед, гуфтам. Аризаи шуморо хонда воқеан дардҳоям бедор гаштанд. Дар дилам вулқоне бархост, агар онро намегуфтам, дар қафаси синаам метаркид. Шумо гумон накунед, ки адолат, ҳақиқат худ аз худ барқарор мегардад. Дар роҳи пиёда кардани он ҳазорҳо одамон қурбон мешаванд. Агар мо баҳри накӯаҳволии мардуми бечора имрӯз қурбон нашавем, пеши роҳи ҳатӯлкорон, ҳаннотон, ришвахӯронро нагирем, кӣ мегирад?!
Баъди ин гуфтугузор амин гаштам, ки дар роҳи сарпечи зиндагӣ, ман тани танҳо набудаам. Дар паҳлӯям Бобоҷон Ғафуров барин марди хирадманди солор, чун кӯҳ устувор, якҷо қадам мезадааст.
Бобоҷон Ғафуров ба қавлаш устувор монд. Баъди чанд рӯзи ин гуфтугӯ Муллоҷон Эркаевро ба вилояти Сталинобод ба кор гузаронид. Он ҷо ҳама шиносу ошно буданд. Муҳити корӣ муътадил. Аксарият аз пайи супоришҳо даву ғеҷ мекарданд. 
Як бегоҳӣ хонуми хона занг зада гуфт, ки аз зодгоҳатон чор нафар ба меҳмонӣ омадаанд. Ба ӯ фаҳмондам, ки ту дар хидмати меҳмонон бош, гӯй, ки ӯ бо коре банд аст, фурсат даст диҳад, аз ҳарвақта пештар ба хона меравам. 
Дасташ ба кор буду хаёлаш парешон. 
Тамоми рӯз хаёлаш дар самои деҳаи азизаш дар парвоз буд. Ба хона омад. Чор нафар болои кати чӯбӣ дар гирди дастурхон машғули суҳбат буданд. Муллоҷон Эркаев дар паҳлӯи онҳо нишаст. Хайра мақдам гуфт. Ҷавонмарди миёнақади  абрӯвони сип-сиёҳ дошта, аз ҷайбаш коғазеро бароварда ба ӯ дароз кард. 
– Хатро кушода ба хондан оғоз намудам, – ин вохӯриро  чунин нақл карда буд Муллоҷон Эркаев. – Хат аз номи бародарам Ҷамолбой буд. Дар нома бародарам менавишт, ки барои ба донишгоҳ дохил шудани ин ҷавонон  кӯмак расонам.
Ду нафари онҳо таърихчӣ шудан мехосту дуи дигар муаллими забон ва адабиёт. Ба сарвари Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки он замон Ориф Шукуров роҳбарӣ мекард, занг зада, сурати ҳолро фаҳмондам. Таъкид кардам, ки агар дар гурӯҳҳо ҷойҳои холӣ дошта бошад, ҳар чор нафарро аввал имтиҳон карда, сипас қабул кунад. Ҳамаи онҳо аз санҷишу имтиҳонҳои устодон гузашта, бо ҳуҷҷати донишҷӯӣ шодубод ба хона омаданд. Айни чош буд, ба янгаатон хӯрок фармудам, ӯ иброз дошт, ки ош тайёр аст. Ошро  ҳамакаса хӯрдем, чой нӯшидем. Ба сарвари онҳо, ки Асатулло ном дошт, гуфтам, агар санҷишу имтиҳонҳоро ҳамеша бо баҳои аъло супоранд, ҳар ҳафта рӯзи якшанбе барояшон оши палав муҳайё хоҳам кард. Баъди ин гап дар лаби ҳамаи онҳо табассум гул кард, ваъда доданд, ки бо баҳои аъло хоҳанд хонд. Хушбахтона, ин чор нафар: Асатулло Ҳайитов, Холмирзо Ҳамроқулов, Абдураҳмон Холмаҳмадов ва Зиёдулло Маҳмадшоев хуб хонданд ва мо низ ба ваъдаи худ вафо кардем. Ҳамин тариқ ҷавонони дарбандӣ донишгоҳро хатм намуда, дар зиндагӣ роҳи хешро пайдо карданд.
Охирҳои моҳи майи соли 1950-ум буд. Як пагоҳӣ ба кор омада аз пайи иҷрои супоришҳо будам, ки навбатдор шуморо Бобоҷон Ғафуров ба телефон даъват мекунанд, гуфт. Гӯшаки телефонро гирифтам. Бобоҷон Ғафуров маро ба бӯстонсарои Варзоб даъват мекард.
Вақти муқарраргашта ба бӯстонсарой омадам. Ӯ берун аз ин ошёна дар боғ маро интизор буд. Бо табассуми ширин аз ҷой хеста салом дод. Хеле хушҳол менамуд ва дар чашмонаш шодиву нишот ҳувайдо буд. Ба тановул кардан илтифот намуд. Дар болои миз ғайр аз хӯрокӣ як шиша вискӣ ва чанд шиша оби маъдан меистод. Шишаи вискиро кушода “ҳа, воқеан шумо наменӯшед, хайр ҳеҷ қисса не, моро «ҳайбаракалоҳ» гуфта меистед”, – гӯён ба қадаҳи худ машрубот рехт. Қадаҳро нӯшида аз хӯришҳо ба даҳан гирифт.
Ғафуров пас аз ин ба асли мақсад гузашт.
– Муллоҷон, охирин суҳбатамонро ёд доред?  Шумо он гоҳ гуфтед, ки маро аз кор сабукдӯш кунед, аз ин фисқу фуҷури ҳамсафонам ба дод омадам. Он вақт ба шумо суол додам, ки пас аз ин бо чӣ кор машғул хоҳед шуд. Гуфтед, ки ба кори илмӣ. Пас аз ин суҳбат, банда низ дар ин бора бештар меандешидагӣ шудам.
Чанде пеш ба номи Сталин дар бораи аз кор сабукдӯш кардани худ ариза навиштам.   
Агар  дар қавлатон устувор бошед, шумо низ метавонед аз пайи амалӣ  гаштани мақсадҳоятон талош кунед.
Баъди як ҳафтаи ин суҳбат ба  назди Бобоҷон Ғафуров омада аризаамро супоридам. Маро ба Донишгоҳи навташкил, мудири кафедраи таърихи ҳизб таъин карданд.  Бо ҳамин домани кори илмиро маҳкам доштам. Зуд ба аспирантура ғоибона дохил шуда, мавзӯи илмии хешро интихоб намуда, аз пайи навиштани он камар бастам. 
Солҳои охири умри Муллоҷон Эркаев буд. Барои хабаргирии ин марди шариф аз замини худ ду халтачаи пур аз помидор, бодирингро бардошта ба хонаашон омадам. Дар хона бо ҳамсарашон муаллима Раҳматова менишастанд. Баробари дидани камина чеҳрааш кушода шуду:
– Э беҳуда овора шудед? 
– Устод ёд доред, борҳо аз шумо пурсидам, ки наход тӯли даҳ соли дар мансабҳои баланд ифои вазифа доштан, ягон бор аз касе ришва нагирифта бошед? Ҳар дафъа не мегуфтед. Ана, ин усули нави ришва додан аст. 
Академик ин гапро шунида қоҳ-қоҳ зада ханда карда:
– Мо ба маҳорати журналистон қоилем! Ин пораи аввалину охиринро шумо ба мо дода тавонистед, қанд занед, писар!
Боре домулло бемор мешаванд. Чанд нафар ҳамдеҳагон ба аёдаташон меоянд. Нависандаи ҳаҷвнигор Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ низ ҳамроҳи онҳо будааст. Аз вай дар бораи ман пурсида, устод мегӯянд: ба ӯ таъин кунед, агар дубора ба хонаи мо ояд, пора наорад. Ҳама аз асли воқеа огоҳ гашта, ба завқ механданд.
Нависандаи шодравон Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ ин суҳбатро дар бисёр нишастҳо мегуфт.
Он рӯз бо домулло суҳбати дилнишине доштем. Чун фурсати хайрухуш даррасид, аз муаллим иҷозат пурсида ба по шудам, аз дасти ман гирифта гуфтанд:
– Барои эътиқоду эътимодатон ташаккур! Сониян, як гапро ба шумо, ки ҷавонмарди ҳушёред, таъкид карданӣ ҳастам. Вақте ки бори охирин ба Сайроб рафтам, дар қабристон ба Муҳаммадин ва боз чанд нафари дигар, ки он ҷо ҳозир буданд, ҷойи қабри худро нишон дода, таъкид кардам, ки мабодо маро дар ҷойи дигар гӯр накунанд. Баъдан такрор ба такрор ба Муҳаммадин гуфтам, ки агар ёру дӯстон, шогирдон ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ҷасади маро дар ҳамин манзил мемонем гӯянд, розӣ нашавад.
Муҳаммадин парвардаи худам, лекин каме фориғбол ва марди сода аст. Ба қавли сайробиҳо, ба ин гапҳо «лақа» розӣ шуда намонад. Шумо ин гуфтаҳои маро ба ёдаш расонед.
Каме дасту по хӯрда гуфтам: –  Домулло шумо бардаму бақувватед, чаро ин гапҳоро мегӯед. 
– Не, писар, умри мо охир шуд, дигар чора нест. Ҳамаи мо пасупеш ин дунёро тарк мекунем. 
Воқеан, ин дидорбинии охирини мо буд, бо домулло Муллоҷон Эркаев.
Баъди як соли ин гуфтугӯ вафот кард. Тибқи васияташ ҷасади ӯро ба зодгоҳаш Сайроб оварданд. Дар ҷанозаи ин марди бузург одамони зиёде омада, ашк мерехтанд. Дар сари қабраш яке аз шогирдони беҳтарини Муллоҷон Эркаев, доктори фанҳои таърих Ҳайдаршоҳ Пиримшоев ашк дар чашмон ба ҳозирин чунин гуфта буд:
Вуҷуди мардуми доно мисоли зарраи тиллост,
Ки ҳар куҷо, ки равад, қадру қиматаш донанд.
Ман дар ин умри сарам, мисли ӯ на олимеро дидаму на одамеро. Воқеан ин марди бузург ба маънои томаш шахсияти ҷонфидо буд. Таҳти сарпарастии ӯ зиёда аз 60 нафар ба унвонҳои номзади фан ва докторӣ мушарраф шудаанд.
Устод ба мисоли зарраи тиллое буд дар зиндагӣ, ҳар ҷо, ки мерафт одамон қадру қиматашро медонистанд. Бале, қадру қимати ӯ, шахсияти волои ӯ, ҳеҷ гоҳ аз хотири шогирдон фаромӯш нахоҳад шуд.

Нуралӣ РАҶАБ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: