ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ — ПОЯГУЗОРИ ДОНИШ

Дар Агентии таълими томактабӣ доир ба корҳои татбиқнамудаи ин сохтор тӯли шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ анҷумани матбуотӣ баргузор шуд.

Таъкид гардид, ки алҳол дар ҷумҳуриамон 30 ҳазору 792 адад муассисаи таълими томактабӣ фаъолият бурда, аз он 6 ҳазору 734-тоаш давлатӣ ва 24 ҳазору 58  ададашон нодавлатӣ ба шумор мераванд. Муассисаҳои таълими томактабӣ 2 миллиону 111 ҳазору 487 нафар хурдсолонро фаро гирифтанд, ки 647 ҳазору 655 нафари он бачаҳои шашсола мебошанд. 563 ҳазору 331 нафарашон синни мактабианд. 
Моҳи майи соли ҷорӣ 7 автобуси ISUZU HC-40 барои хидмат ба муассисаҳои томактабии вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё фиристода шуданд. 
Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 74 ташкилоти таълими томактабии ихтисосонидашуда мавҷуд буда, дар онҳо 576 гурӯҳ фаъолият мебаранд ва 6 ҳазору 77 нафар бачагони дорои нуқсони ҷисмонӣ ё ки рӯҳӣ тарбия мегиранд. Дар тӯли соли хониши 2022-2023 бо иштироки Агентии таълими томактабӣ ва мутахассисони малаканоки Вазорати нигаҳдории тандурустӣ якҷо бо гурӯҳи комиссионии тиббӣ-рӯҳӣ-педагогӣ 8 ҳазору 976 нафар кӯдак аз санҷиши тиббӣ гузаронда, ба 7 ҳазору 804 нафари онҳо ба муассисаҳои таълими томактабии ихтисосонидашудаи бисёрҷанба хулоса-роҳхат дода шуданд. Дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 7 ҳазору 828 нафар роҳбар ва кадрҳои педагогӣ, инчунин 71 нафар муаллимони коллеҷҳо такмили ихтисос намуданд. Дар ду муассисаи таълими олии назди Агентии таълими томактабӣ – Донишгоҳи Пучони шаҳри Тошканд 1 426 нафар, дар филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи А. И. Гертсени Русия 612 нафар талаба таҳсил гирифта истодаанд. 

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: