Дар Ўзбекистон 15 миллион нафар шаҳрванд бар зидди коронавирус эм карда шуданд

То 10 ноябри соли 2021 дар доираи чорабиниҳои эмгузаронӣ дар Ӯзбекистон 39 миллион вояи шаш намуди ваксина (аз ҷумла тавассути барномаи COVAX) ба маблағи умумии тақрибан 180 миллион доллар истеҳсол ё ворид карда шуд.

15 миллион нафар шаҳрвандон (70,0 фоизи банақшагирифташуда) эм карда шуданд, ки онҳо 28,8 миллион ваксинаҳои гуногун гирифтанд.

Аз ҷумла:

"ZF-UZ-VAC 2001" -- 22 миллион воя;

"Moderna" -- 2,9 миллион воя;

"AstraZeneca" -- 1,5 миллион воя;

"Pfizer-BioNTech" -- 1,3 миллион воя;

"Sinovac" -- 546,4 ҳазор доза;

"Sputnik V" -- 531,9 ҳазор доза.

Аз шумораи умумии ваксинаҳои истифодашуда 76,3% ба "ZF-UZ-VAC 2001", 10,2% - "Moderna", 5,2% - "AstraZeneca", 1,8% - "Sputnik V", 4, 6% - "Pfizer-BioNTec" ва 1,9% - "Sinovac" рост меояд. .

Дар захираи Хидмати санитарию эпидемиолгӣ ба таври иловагӣ 10,1 миллион воя ваксина вуҷуд дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: