Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои ҳамкорӣ бо ширкати GE HealthCare-ро баррасӣ кард

18 сентябр дар доираи сафари корӣ ба ИМА Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо президент ва директори иҷрогари генералии ширкати GE HealthCare дар Аврупо, Шарқи Наздик ва Африқо Роб Уолтон мулоқот кард.

Дар рафти вохӯрӣ нақшаҳои корпоратсия оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар кишвари мо баррасӣ шуданд.

Бузургҷуссаи саноатии ҷаҳонии General Electric дар доираи шарикии стратегӣ ба нақша гирифтааст, ки ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва технологӣ бо корхонаҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла интиқол ва лоиҳаҳои маҳаллигардонии таҷҳизоти замонавии баландтехнологиро васеъ гардонад.

Президенти ширкати «GE HealthCare» Роб Уолтон қайд кард, ки дар соҳаи тандурустӣ истеҳсоли кардиографҳо, барномаҳои скринингӣ ва системаи иттилоотии дил ба роҳ монда мешавад. Ба ғайр аз ин, инвестор ният дорад, ки дар ташкили Архиви маълумоти тиббии Ӯзбекистон иштирок кунад.

Дар натиҷаи мулоқот оид ба қабули “харитаи роҳ” барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак тавофуқ ҳосил шуд.

GE HealthCare ширкати фаромиллӣ дар соҳаи технологияҳои тиббии амрикоӣ бо қароргоҳаш дар Чикаго аст, ки соли 1994 дар таркиби General Electric таъсис ёфтааст. Дороиҳои корпоратсия тақрибан 28 миллиард долларро ташкил медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: