Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба амал татбиқ намудани лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз», ки бо ташаббуси сарвари давлатамон ҷараён гирифтааст, муташаккилона идома дорад.
Дар ин кори неку савоб аҳли дини ислом низ саҳми арзанда мегузоранд.
Чанде пеш раиси идораи мусалмонони Ӯзбекистон, муфтӣ ҳазрати Шайх Нуриддин Холиқназар дар доираи сафари хеш ба вилояти Ҷиззах бо ниҳолшинонӣ машғул шуданд, ки мо, аҳли дини Самарқанд ибрат гирифта, дар деҳаи Вағаштии ноҳияи Ургут «Боғи дӯстӣ» барпо намудем.
Воқеан пайғамбарамон (с.а.в.) таъкид карда буданд, ки «Қиёмат қоим шаваду дар дасти ягони шумо ниҳол бошад, бояд то қоим (охират) фаро расидан онро шинонад».
(Ривояти Имом Бухорӣ).
Дар урфият мегӯянд, ки аз нек – боғ. Камина дар рӯзи намози ҷумъа таъкид мекунам, ки савоби парвариши дарахт бузург аст. Ҳар гоҳ суҳбат доир ба масъалаҳои бунёди боғу гулгаштҳо ҷараён гирад, ҳикояти пандомезро гуфта медиҳам.
Дар замони қадим подшоҳе бо вазирону хидматгорон сайр мекардааст. Нигоҳаш ба пирамарде афтодааст, ки бо ниҳолшинонӣ машғул будааст.
– Эй мӯйсафед, – мегӯяд подшоҳ, – синни ту ба ҷое расидааст, оё ҳосили ин дарахтро мехӯрӣ?
– О, подшоҳи олам, – корашро идома дода ҷавоб медиҳад пирамард, – дигарон шинондаанд, мо ҳосилашро хӯрдем, мо мешиносем, дигарон мехӯранд.
Ҷавоби мӯйсафед ба подшоҳ писанд омада, ба ӯ инъом медиҳад.
– Ана, олампаноҳ, дарахти ман аллакай ҳосил дод, – бо хурсандӣ мегӯяд ӯ, – худатон шоҳид ҳастед.
Ҷавоби боғбон ба подшоҳ писанд омад ва боз инъоме дод.
– Тақсир, дарахти ман дар як сол ду маротиба ҳосил дод, – инъомро гирифта, сӯйи подшоҳ менигарад пирамард.
Подшоҳ ба ҳозирҷавобӣ қоил шуда роҳашро идома додааст.
Биёед, ниҳолшинонӣ кунему дигарон аз мо баҳра баранд.
Ҳоҷӣ Яъқубхон МАНСУРОВ,
ҷонишини имом-хатиби вилояти Самарқанд.