Хабар
Ҳокими шаҳр Маъруфҷон Усмонов мегӯяд, ки дар ҳамаи идораҳои давлатӣ кассаҳои кумаки иҷтимоӣ ташкил мекунад ва бар асоси он ходимон метавонанд аз ҳисоби маоши худ микроқарз гиранд ва тую маросимҳои дигари худро барпо намоянд.
- Ҳамаи кормандони идораҳои давлатӣ огоҳ карда шудаанд, ки дар сурати даст задан ба коррупсия ба сарнавишти талх мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Ин як роҳи иҷрои ҳалолу поки вазифа мебошад, ки тавассути он қиёфаи маънавии хизматчии идораҳои давлатӣ намоён мегардад, - иброз медорад Маъруфҷон Усмонов.
Вай меафзояд, ки чи гунагии фикри одамон дар бораи кормандони идораҳои давлатӣ ба худи онҳо вобаста аст. Ба ақидаи Маъруфҷон Усмонов вақташ расидааст, ки дар кормандони идораҳои давлатӣ ҳалол меҳнат кардану поквиҷдонӣ ташаккул ёбад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.