ФИЛИАЛИ ФАРҒОНАГӢ БА КОР ШУРӮЪ КАРД

Дар таркиби шуъбаи фарғонагии ҷарроҳии хуну раги Маркази илмии ёрии таъҷилии ҷумҳурӣ Маркази махсуси ҷарроҳии ангионеврология филиали минтақавии худро боз намуд.

Дар таркиби шуъбаи фарғонагии ҷарроҳии хуну раги Маркази илмии ёрии таъҷилии ҷумҳурӣ Маркази махсуси ҷарроҳии ангионеврология филиали минтақавии худро боз намуд.
Дар филиал мутахассисони масъул, яъне невропатолог, ҷарроҳи хуну раг, шифокорони УЗИ фаъолияти худро пурра оғоз намуданд ва минбаъд ташкил намудани ёрии махсуси бомалака байни филиали фарғонагии Маркази илмии ёрии таъҷилии ҷумҳурӣ ва Маркази махсуси ҷарроҳии ангионеврологияи ҷумҳурӣ мувофиқа мегардад.
– Аз рӯзи аввали кор мутахассисони марказҳои мазкур якҷоя муоинаи беморонро шурӯъ намуданд, – мегӯяд директори  ММҶАҶ, академик Шавкат Каримов.– Дар оянда дар ин филиал ба беморони доимии коҳиши гардиши хуни мағзи сар аз ҷониби духтурони соҳибмалака кӯмак ташкил карда мешавад. Инчунин дар ин ҷо ба амал овардани амалиёти реконструктиви мухталифи артерияи хоб ба нақша гирифта шудааст. Ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки ба мардум дар маҳалҳо дар дараҷаи баланди технологӣ амалиёт гузаронда шавад.
Дар ин маврид бояд таъкид кард, ки мутахассисони соҳибмалакаи ММҶАҶ ба таври доимӣ ба ҳудудҳо рафта, беморонро аз назар мегузаронанд ва ҳам барояшон хизмати босифати тиббӣ мерасонанд. Аз ҷумла, ҳамин рӯзҳо онҳо дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона буданд. Дар бобати муоинаи мураккаби тиббӣ ба шифокорони маҳаллӣ ёрӣ расонданд.
Дар ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон низ ҳамчунин корҳо ба амал оварда шуда, дар натиҷаи муоина бемориҳои мураккаб ташхис гардиданд. Қариб 90 нафар бемор аз муоинаи сканери дуплекси артерияи хоб гузаронда шуданд. Дар натиҷа ба беморон мутахассисони баландмалакаи  марказ ва иттиҳодияи тиббии ноҳияи Тӯрақӯрғон тавсияҳои ногузир доданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ММҶАҶ бинобар қарори дахлдори Девони Вазирон соли 2017 ташкил гардида, дар Фарғона нахустин филиали он ба кор сар кард. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик чунин филиалҳо дар вилоятҳои Бухоро ва Хоразм низ кушода мешавад.

Шуъбаи алоқа бо ҷамъияти Вазорати тандурустӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: