ЗАНОНРО БА ҲАЁТИ ФАЪОЛ ҶАЛБ НАМОЕМ!

Сир нест, ки рушди маънавии ҷамъият, дараҷа ва мизонҳои ҳуқуқӣ, адолатнокии он ба муносибати ҷамъияту аъзои он нисбат ба занону духтарон вобастагии қавӣ дорад.

Озодии аҳолии мамлакат, фаровонии ҳаёти онон бо он қиёс карда мешавад, ки занон то чӣ андоза озоданд, мавқеашон дар ҷамъият дар кадом поя аст.
Ба ҳамагон маълум аст, аз бозе, ки кишварамон мустақил шуд, дар ин давр баробари дигаргуниҳои иқтисодӣ, маданӣ-маърифатӣ ба масъалаҳои оила, занону духтарон эътибори алоҳида дода мешавад. 
Дар айни замон ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, вазифаи модарии, онон бо як қатор қарору қонунҳо ҳимоя карда шудааст.
Масъулияти занону духтарон дар ҷараёни ривоҷу равнақ додани Ӯзбекистони Нав, нақши онон дар таъмини тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию маърифатӣ дар Сарқонуни навтаҳриршудаи Ӯзбекистон, Кодекси меҳнат, Кодекси шаҳрвандӣ ва дигар меъёру ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ пурра акс ёфтаанд.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ аз тарафи Фонди ҷамоатии назди Шӯрои депутатҳои халқии вилояти Сурхондарё барои таъмини иҷрои Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» як қатор грантҳо эълон гардиданд. Мақсади асосӣ аз эълони ин грантҳо дар асоси якчанд лоиҳа боз ҳам амиқтар ба роҳ мондани муносибатҳои шарикии иҷтимоӣ байни институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои давлатӣ мебошад. Ба ғайр аз ин, ҳадафи дигари асосӣ ба роҳ мондан ва мустаҳкам намудани муносибат ва ҳамкориҳои Фонди ҷамоатӣ ва «Комиссияи мустаҳкамсозии  арзишҳои оилавӣ», ки дар ҳузури Ҷамоати шаҳрвандӣ созмон ёфтааст, мебошад. Барои баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ дар ҳудудҳо ва васеъ тарғиб намудани арзишҳои миллӣ, умумиинсонӣ дар оилаҳо шуъбаи вилоятии Маркази иттифоқи занону духтарони ҷумҳурӣ дар озмун-гранти номбаршуда оид ба мавзӯи «Занони ақибмондаро ба ҳаёти фаъол ҷалб карда, хушбахт намоем» ширкат варзида, ғолиб дониста шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, дар Ӯзбекистоне, ки бо суръати баланд ривоҷ ёфта истодааст, ҳарчанд ба занону духтарони ҷавон эътибор афзун аст, вале ҳанӯз ба занону духтарони синнашон аз 50 боло, ки дар корҳои ҷамъиятӣ нофаъоланду ақибмонда ва тарзи зиндагиашон нисбатан нохуб, чорабиниҳои ҷиддӣ дида нашудааст. Ҷавонон тариқи интернет маълумот пайдо карда метавонанд, ки дар хориҷ аҳолӣ барои саломатии худ, тарзу мароми хӯрокхӯрӣ ва бо варзиш чӣ гуна машғул мешавад. Аммо дар шаҳри Тирмиз аксарияти занони синнашон аз 50 боло на забони русӣ ва на забони англисиро медонанд. Аз ҳамин сабаб беҳсозии тарзи зиндагии иҷтимоии онҳо асосан аз тарафи давлат ё ташкилотҳои ғайридавлатӣ бояд ба роҳ монда шавад.
Тадқиқотҳои илмӣ ҳаминро нишон дода истодаанд, ки инсон ҳар қадар зиндагии фаъол аз сар гузаронад, агар рӯзе 10 ҳазор метр қадам занад, имкони пешгирӣ кардани касалиҳои қанд ва дилро пайдо мекунад. Агар занон, хусусан модарон, ҷисман ва руҳан солим бошанд, муҳити оилавӣ ҳам аз ҳар ҷиҳат солим мешавад, аъзои оила ба ҳамдигар меҳрубон, самимӣ гашта, роҳи ҳалли ҳар гуна мушкилро оқилона  пайдо менамоянд. Агар бо як сухан ифода намоем, чунин оилаҳо дар маҳалла намунавӣ маҳсуб ёфта, ҳама бо чашми ҳавас ба онҳо назар месозанд.
Аммо дар ҷомеаи мо падару модароне, ки аз сини 50 боло шудаанду фарзандонашон соҳиби ҷойу макон гардидаанд ва худашон, ки ба нафақа баромадаанд, майли хонашинӣ дар онҳо бештар пайдо мешавад. Заноне, ки ба нафақа баромадаанд натанҳо хонашин мешаванд, балки дар натиҷаи аз ҷамъият билкул ҷудо шудан, руҳияти психологиашон ҳам хеле паст мегардад. Ин, албатта, ҳолати номатлуб аст. Дар шаҳри Тошканд занон агар имконияти аъзо шудан ба клубҳои фитнес, йога дошта бошанд, дар шаҳри Тирмиз барои занон ин имконият ба таври бояду шояд нест. Агар бошад ҳам, хеле кам ва аксарияти занон аз вуҷуд доштани ин гуна клубҳои солимгардонӣ ҳатто бехабаранд, ё худ аксарияти занон аз фикри «ба ҳаёти фаъол гузаштанам даркор» дуранд.
Барои ҳамин ҳам дар ҳузури ҷамоаи шаҳрвандон ташкил гардидани «Комиссияи мустаҳкамгардонии арзишҳои ои-лавӣ» нақши бориз дорад ва агар аз тарафи давлат маблағгузорӣ шавад, барои беҳсозии тарзи зиндагии занон ва дуруст риоя кардани онҳо ба тарзи хӯрокхӯрӣ бо ҳамкории ин комиссия дарсу машғулот ташкил намудан ба мақсад мувофиқ аст. Дар натиҷа дар маҳаллаҳо занон ба ҳаёти фаъол қадам мениҳанд, сафи оилаҳои солим  зиёд ва оилаҳои носолим кам мешаванд.
Вақте ки занон аз синни 50 гузаранд, набояд руҳафтода шаванд, ки акнун синни онҳо ба ҷое расидааст ва ё беморшавӣ ҳолати табиист. Не, онҳо набояд ҳис кунанд, ки ба касе муҳтоҷ ҳастанду ба касе бояд такя кунанд. Ин яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Баръакс, ба онҳо нишон додан лозим аст, ки синни 50 ҳоло баҳори зиндагист, саломатии ҷисмонӣ ва руҳонӣ барои онҳо аз ҳама муҳим аст ва бовар кунонидан лозим, ки ҳамаи ин дар дасти худи онҳост.
Дар лоиҳае, ки мо пешниҳод намудему дар он ғолиб дониста шудем, маҳз ана ҳамин масъалаҳои муҳими занон, ки як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеаи мост, баррасӣ мегардад.
Мақсад ва вазифаҳои асосии лоиҳа:
1. Фитнес ва машғулоти солимгардонӣ ташкил намуда, модароне, ки такягоҳи асосии оилаҳо дар маҳаллаҳо мебошанд ва хушдоманҳо, ки ҳимоятгари асосии мустаҳкамии оила маҳсуб меёбанд, дар он ҷалб намудан;
2. Бо ҳамкории «Комиссияи мустаҳкамсозии арзишҳои оилавӣ» дар маҳаллаҳои «Боғи шамол», «Гули раъно», «Ӯзбекистон», «Алпомиш», «Сурхон соҳили» бо иштироки модарон, хушдоман, бибиён, олимаҳое, ки дар ҷамъият фаъоланду намуна дар мавзӯъҳои «Хонадони аз ҳама ибратнок дар маҳалла», «Хушдомани зукко ва оқила», «Хушдоман – модари дуюми ман», «Зани оқила зеби хонадон», «Хонадони намунавӣ дар маҳалла» суҳбатҳо, вохӯриҳо ва мусобиқаҳои шавқовари оилавӣ ташкил намуда, ба руҳияти соҳибони оилаҳои ҷавон ва оилаҳои носолим таъсири мусбӣ расонида, ба оилаи онҳо низ муҳити солим офаридан ба мақсад мувофиқ аст;
3. Бо кумаки фитнес ва риояи дурусти таомхӯрӣ дар маҳаллаҳо муҳити солими оилавиро тарғиб намуда, касалиҳо ва бартараф кардани ҳолатҳои руҳиро ба занон, модарон, хушдоманҳо ёд додан лозим;
4. Бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар оилаҳои маҳаллаҳои Тирмизшаҳр ва зиёд намудани оилаҳои хушбахт фаъолнокии, занону модарон, кадбону ва хушдоманҳои синнашон аз 50 болоро рӯзмарра афзун гардондан лозим (бояд дар маҳаллаҳо бештар машғулоти фитнесро ташкил кард).
Барои амалӣ намудани ҳамаи инҳо, албатта, ҷойи муносиб ва шароити зарурӣ лозим аст. 

Манзура АБДУЛЛОЕВА, директори шуъбаи вилоятии Иттиҳоди занон ва духтарони Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: