РАМЗИ ВАТАНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Кишвари мо сарзамини саховатманд аст.

Мардуми он решаҳои амиқи  дерина дошта, соҳиби анъанаҳои ғании фарҳангӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар замонҳои қадим дар минтақаи мо салтанатҳои гуногуни халқҳои туркзабон мавҷуд буданд, ки тӯли асрҳо дар афкори сиёсиву ҳуқуқӣ ва таъсиси сохторҳои гуногуни давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Мисли ҳар давлат рамзҳои хоси худро доштанд, ки ормонҳои миллатро инъикос мекарданд. Дар ин рамзҳо аломатҳои муайян: ҳамаи он чи ки мавҷуд аст, одамон, олами ҳайвонот, ки бо тарзи зиндагӣ, рӯҳ, анъана, таърихи халқу миллатҳо зич алоқаманданд, инъикос ёфтаанд. 
Халқҳо ва давлатҳо аз қадимулайём  парчамҳои Ватанро, ки  аслу пояҳои сарзамине, ки онҳоро ба воя расондаанд, инчунин арзишҳои беназири ба тарзи зиндагӣ ва тинати мардум хосро таҷассум намудаанд,  қадр карда  ва ба он арҷ мегузоранд.
Аҷдоди мо байрақи кишвари маҳбубашонро бо имони худ баробар медонистанд. Қаҳрамонии онҳо дар саҳифаҳои таърих абадӣ нақш бастааст. Пеш аз ҷанг бо Амир Ҳусайн устодаш ба бобои бузург Амир Темур байрақ ва табл ҳадя кардааст. Вақте Соҳибқирон ба сари қудрат омад, ба рамзҳои давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Фармони ӯ ин буд: агар дар набард ҳатто як сарбоз зинда монад, вай бояд парчами кишварро баланд нигоҳ дорад, зеро парчами поиншуда маънои шикасти давлатро дорад. Тавре ки дар «Маҷмӯи қонуни Темур» зикр шудааст, ба амиру афсарон, ки дар набардҳо пирӯз гардида, мардонагӣ ва ҷасорат нишон додаанд, байрақ ва табл дода мешуд. Ин ҳам аз мақоми баланди рамзҳои давлатӣ шаҳодат медиҳад. Наҷмиддини Кубро, ки дар набардҳои зидди муғулҳо барои озодии диёри худ мубориза бурд, парчами Ватани худро собитқадамона ҳифз карда, дар даст нигоҳ дошта, ҳалок гардид.
Дар давраи сохти шӯравӣ таърих, рӯҳ, анъана ва маданияти халқҳо пурра инъикос дода намешуданд. Рамзҳои давлатӣ ормонҳои ҳақиқии миллату халқиятҳо, асосҳои ҳаёту ахлоқи онҳоро ифода намекарданд. Бо ба даст овардани истиқлолият халқи Ӯзбекистон имкон пайдо кард, ки рамзҳои асилро офаранд, ки хусусияти рушди таърихӣ, рӯҳияи миллӣ ва орзуву ормонҳоро инъикос мекунанд.

Баъди ба даст овардани истиқлол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон корҳо оид ба таъсиси рамзҳои давлатӣ босуръат оғоз гардиданд. Ҳангоми таҳияи расми (эскизи) Парчам ва Мадҳияи давлатӣ комиссия иборат аз рассомони маъруф, муаррих, санъатшинос, устодони тасвир ва графика, арбобони фарҳангу санъат, инчунин ҳуқуқшиносон ва як қатор мутахассисон аз дигар соҳаҳо дар ҷумҳурӣ кор карданд. Тасвири парчам ва герби давлат ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Барои беҳтарин эскизи рамзҳои истиқлоли Ӯзбекистон озмун эълон карда шуд. Байрақи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 18 ноябри соли 1991 дар сессияи ғайринавбатии VII Шӯрои Олӣ тасдиқ гардида, бо қонун «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мустаҳкам карда шуд. Тибқи қонунгузорӣ парчам аз рангҳои кабуди торик, сафед ва сабзи торик иборат аст, бинобар ин, парчами Ӯзбекистон иртиботи таърихиро бо давлатҳои дар гузаштаи дур вуҷуддошта ифода мекунад. Тасвири онҳоро дар парчами давлатӣ ҳамчун рамзи қадимии таъриху маданияти халқи ӯзбек, саъю кӯшиши он ба камолот, бахту саодат ва садоқат ба идеалҳои дурахшон дарк кардан лозим аст. Ҳар боре, ки мо парчамро парафшон, созгории рангҳои кабуду сафеду сабзи он, зебоии ҳилоли сафед ва дувоздаҳ ситораи сафеди панҷгӯшаи дар он тасвиршударо мебинем, диламонро ҳисси ифтихори беандоза фаро гирифта, симои Ватан боз дар пеши назари мо пайдо мешавад. Вақте ки мо парчамро мебинем, ягонагии халқро ҳис мекунем ва ба оянда дилпурона менигарем. Тавре ки дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд карда шудааст, парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб меравад, на танҳо рамзи давлат, балки рамзи миллӣ низ маҳсуб меёбад.
Сарвари давлатамон ба Қонун аз 7 июли соли 2023 №ҚҶӮ-853 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» имзо гузошт, ки он аз ҷониби гурӯҳи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ бо назардошти воқеияти замони ҳозира, пешниҳод ва талаботи шаҳрвандон таҳия шудааст.  Навгониҳое, ки ба қонун ворид карда шудаанд, аҳамияти муҳим дорад, зеро ин имкон медиҳад, доираи истифодаи парчами давлатӣ аз ҷониби аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонон ҳамчун рамзи садоқат ба кишвари худ ва ифтихор аз он васеътар шавад.
Аз ҷумла, тағйирот ба он марбут аст, ки парчами давлатӣ дар биноҳо, маҷлисгоҳҳо ва утоқҳои кории як қатор мақомоти давлатӣ, ҳамчунин «дар рӯзҳои ид ва ҷашнҳои умумимиллӣ бо назардошти таъмини эҳтироми зарурии он барафрохта мешавад». Дар таҳрири нави қонун ин рӯйхат ба таври қобили мулоҳиза васеъ карда шудааст – парчам баробари таъмини эҳтиром ба он, инчунин метавонад дар ҷашнҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, чорабиниҳои расмии байналмилалӣ, чорабиниҳои байналмилалӣ,  идҳои оила-вӣ, ҷашни санаҳои фаромӯшнашаванда, маросими дафни арбобони ҷамъиятию давлатӣ, хидматчиёни ҳарбӣ ва дар дигар мавридҳо, аз ҷумла, бе истифода аз сутуни парчам истифода шавад.
Инчунин дақиқ карда мешавад, ки нишонаҳои Парчами давлатӣ, ки симои онро ифода мекунанд, ҳангоми таъмини эҳтиром ба парчам метавонанд «дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, биноҳо ва дигар объектҳо, ҷойҳои истиқомат ё кор, инчунин дар ҳудуди шафати онҳо, дар дохили мошинҳо» истифода шаванд. Қонун, инчунин, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар чорабиниҳои расмии байналмилалӣ Ӯзбекистонро намояндагӣ мекунанд, барои нишон додани мансубияти онҳо ба Ӯзбекистон истифода бурдани нишонаҳоеро, ки тасвири парчами давлатиро ифода мекунад, иҷозат медиҳад. Нишонаҳо бо тасвири парчами Ӯзбекистон метавонад дар либос ва нишони аломати шахсоне, ки дар хидмати ҳарбӣ ё дигар хидмати давлатӣ қарор доранд, инчунин ҳангоми омода намудани либосҳои варзишӣ ба мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва чемпионатҳои Ӯзбекистон истифода шаванд.
Дар баробари ин, истифодаи нишонаҳое, ки тасвири парчами давлатиро ифода мекунанд, ба мақсадҳои тиҷоратӣ барои пешбурди молҳои истеҳсолшуда ё фурӯхташуда, кор ва хидматрасониҳо манъ аст. 
Истифодаи парчам ва рамзҳое, ки тасвири онро дар намуди дарида, чиркин, сӯрох, пажмурда ё ба таври дигар номуносиб, ҳамчун сарпӯши чизе; тасвири парчамро дар рӯи мизҳо, креслоҳо, стулҳо паҳн кардан ва ба сифати рӯйпӯш истифода бурдан, инчунин тасвири онро дар дигар ҷойҳое, ки одамон нишастаанд, густурдан ё дар зери пойи онҳо гузоштан; байрақро ҳамчун либос, рӯймол ё кати хоб, инчунин барои нигоҳ доштан ва бурдани чизҳо истифода бурдан; парчам ва рамзҳо, ки тасвири онро ифода намудааст, ба мақсади вайронкунии қои-даҳои ахлоқ ва қоидаҳои рафтор дар ҷамъият ва ё ба тарзи дигар, ки таҳқири онҳо дониста мешавад, роҳ дода намешавад.
Чун дар таҳрири қаблӣ ворид намудани ҷузъҳои парчами давлатӣ дар реквизити ҳуҷҷатҳо ё маводи таблиғотии ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ иҷозат дода намешавад, зеро рамзҳои онҳо ба парчами давлатӣ шабоҳат дошта наметавонанд.
Парчами давлатии Ӯзбекистони замонавӣ ҳамчун рамзи ворид шудани кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати узви баробарҳуқуқи он хизмат мекунад. Парчами Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, дар биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа ҷилвагар шуда, нуфузи худро дар ҷаҳон ҳамчун давлати мустақили демократӣ мустаҳкам ва афзун менамояд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар пойтахтҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Африқо парафшонӣ мекунад. Парчами давлатии Ӯзбекистон  барои ба вуҷуд овардани обрӯи ҷаҳонии ӯ ҳамчун иштирокчии фаъоли ташкилотҳои гуногуни байналхалқӣ нақши калон мебозад. Дидани ин рамзи давлати мо дар байни парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Ист-Ривери Ню-Йорк хеле хурсандибахш аст.
Парчами мо дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварро дар хориҷи кишвар намоиш медиҳанд, инчунин дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ зуд-зуд бардошта мешавад. Имрӯз Парчами давлатӣ дар болои биноҳои Дастгоҳи Президент, Палатаҳои Олий Маҷлис, ҳукумат, мақомоти маҳаллии идоракунӣ парафшонӣ мекунад. Хидматчиёни ҳарбӣ дар назди Парчами давлатӣ зону зада, савганд мехӯранд, ки Ватанро мардонавор дифоъ мекунанд. Мукофоти олӣ барои варзишгаре, ки дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ғолиб баромадааст, дар байни байрақҳои мамлакатҳои дигар дидани то чӣ андоза баланд бардошта шудани парчами давлатии Ватани маҳбубаш мебошад.
Дар сутуни парчами 65-метра дар назди муҷассамаи оилаи Шомаҳмудовҳо, ки дар майдони Дӯстии халқҳо дар шаҳри Тошканд ҷойгир аст, рамзи давлатии ҷумҳурӣ бо ифтихор ҷилвагар шуда, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро дар соҳаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, такмил додани бунёди давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ризоияти байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии динӣ, пеш бурдани сиёсати хориҷии  мутавозин ва сулҳҷӯёна дар асоси тамоюлҳои муколамаи созанда ва ҳамкории судбахш таҷассум менамояд. Бо ташаббуси Президенти кишварамон дар пойтахт боғи «Ӯзбекистони Нав» дари худро боз кард. Даромадгоҳи марказии боғ ба сӯи Муҷассамаи Истиқлолият мебарад, ки дар он паррандаи хушбахтӣ Ҳумо – рамзи сулҳ, шукуфоӣ ва озодӣ инъикос ёфтааст. Дар қад-қади роҳе, ки ба сӯи ҳайкали ёдгорӣ мебарад, сутунҳои байрақҳоеро дидан мумкин аст, ки дар онҳо байрақҳои Ватани мо бо насими бод алвонҷ мехӯранд. Ва ҳамчунин,  12 ноябри соли 2021 дар Истанбул дар нишасти сарони Созмони кишварҳои туркӣ, ки дар он Президенти мо ширкат дошт, дар рӯ ба рӯи котиботи ин Созмон парчами Ӯзбекистон барафрохта шуд.
Дар рӯзи Парчами давлатии Ӯзбекистон ва дар рӯзҳои дигар низ барои мо хеле муҳим ва ҳатто зарур аст, ки пояҳои ҳақиқӣ ва амиқеро, ки ҳар яки моро бо сарзамини зархезу халқи худ мепайвандад, фаромӯш накунем. Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ӯзбекистони муосир, бешубҳа, ҳаракатро ба сӯи навсозии кишвари мо дар бар мегирад. Ва ин такяҳо ва ин орзую умедҳоеанд, ки дар онҳо ояндаи мамлакати мо ва ҳар яки мо гузошта шудааст.
Парчами мо рамзи муқаддаси Ватани мост. Онро қонуни мамлакати мо ҳифз мекунад. Вайрон карда шудани қонунгузорӣ дар бораи Байрақи давлатӣ, Герби давлатӣ ё ки  Мадҳияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ё Ҷумҳурии Қароқалпоқистон сабаби ҷавобгарии дахлдор мегардад.
Эҳтиёткорона ва бо эҳтиром муносибат зоҳир намудан ба парчам – вазифаи шарафноки ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон мебошад. Зеро он халқ ҳамеша сарбаланд аст, ки рамзҳои миллии худро баланд мебардорад ва роҳи он  дурахшон, ояндааш бузург хоҳад буд.

Омонулла МУҲАММАДҶОНОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори ДДҲТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: