«ӮЗБЕКИСТОН - 2030»: МЕХАНИЗМИ ШАФФОФИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ «ДАФТАРИ ЗАНОН»

Дар Стратегияи «Ӯзбекистон - 2030» ташаккул додани низоми тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷавобгӯйи талаботи аҳолӣ ва андозаҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳуҷҷат пурзӯр гардондани низоми дастгирии бонувон, муваффақ шудан ба баробарии гендерӣ, то 30 фоиз зиёд намудани шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарӣ пешбинӣ шудааст.
Ба ташаккул додани муҳити тоқатнопазирӣ ба тазйиқ ва зӯроварӣ нисбати бонувон, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо таваҷҷуҳи алоҳида дода шудааст.
Таҳияи механизми шаффофи кор бо «Дафтари бонувон» ва муқаррар намудани назорати ҷамъиятӣ барои ин кор ба нақша гирифта шудааст.
Таъкид бояд кард, ки дар таърихи давлатдории бисёрасринаи мо ҳамеша ба арҷгузорӣ ба зан ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагии онҳо таваҷҷуҳ дода шудааст. Имрӯз барои занону намояндагони ҷавонон, ки манзил, кор, касб надоранд ва ба ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии ҳуқуқӣ ва маънавию равонӣ муҳтоҷанд, низоми нави кумаки мақсадноки давлатӣ ҷорӣ карда шудааст.
Дар солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда ва такмил дода шуданд, ки таҳсил ва касбомӯзии занон, ҳавасмандгардонии меҳнат, фароҳам овардани имкониятҳо барои болоравии мансаб, ҳифзи модару кӯдак, ҳифзи кафолатноки иҷтимоии онҳоро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, дар ин самт Низом дар бораи тартиби дастгирии иҷтимоӣ ва ҳалли низомноки мушкилоти бонувон бо роҳи ҷорӣ намудани «Дафтари занон» аҳамияти муҳим дорад.
Дар фароҳам овардани механизми шаффофи дастгирии мақсаднок бо «Дафтари занон» Шӯрои машваратии бонувон, гурӯҳҳои кории секторҳо саҳмгузорӣ мекунанд.
Шӯрои машваратии бонувон сохторест, ки дар асоси ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар ҳар як ҷамоати шаҳрвандон бо мақсади омӯхтан ва мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти бонувони аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор, таҳкими оила ва нақши онҳо дар тарбияи кӯдакон, пешниҳоди машварат оид ба пурзӯр гардондани фаъолнокии иҷтимоӣ ва васеъ тарғиб намудани ғоя дар бораи хислатҳои ахлоқии занон ташкил карда мешавад.
Ҳоло дар тамоми минтақаҳо «Марказҳои машваратии занон», ки аз ҷониби кумитаҳои занон таъсис ёфтаанд, фаъолият нишон медиҳад, ки дар онҳо мутахассисони соҳибихтисос: равоншиносон, ҳуқуқшиносон, кормандони соҳаи тиб, ки ба занон ёрии мақсаднок мерасонанд, кор мекунанд.
Барои ташаккули механизми шаффофи фаъолияти «Дафтари занон» кори секторҳо низ муҳим аст. Бо ёрии онҳо рушди ҳаматарафаи иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо, беҳдошти шароити зиндагонии аҳолӣ ба амал бароварда мешавад. Ин ба усули самарабахши муколамаи мақсаднок бо халқ табдил меёбад.

Лола РАҲИМҚУЛОВА,
доктори фалсафа оид ба фанҳои ҳуқуқшиносӣ.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: