Халид АКРАМ: ШАВКАТ МИРЗИЁЕВРО ПЕШВОИ ОСИЁИ МАРКАЗӣ МЕҲИСОБЕМ

Бо директори иҷрогари Институти тадқиқотҳои стратегии Покистон Халид Акрам доир ба ҷараёнҳои интихобот ва натиҷаҳои он суҳбат оростем.

Бо директори иҷрогари Институти тадқиқотҳои стратегии Покистон Халид 
Акрам доир ба ҷараёнҳои интихобот ва натиҷаҳои он суҳбат оростем.
— Дар рафти назорати интихобот аз дили Шумо чиҳо гузашт?
— Дар рӯзи интихобот дар даҳҳо қитъаҳои интихоботӣ будам. Муҳим он буд, ки дар ҳар қитъа ба талаботи карантин қатъӣ риоя мекарданд. Касе, ки ба қитъаи интихобот дохил мешуд, сарфи назар аз он, ки ӯ кист, баъди безарар кардани дастҳояш, барояш ниқоб медоданд. Дар ҳар қитъа ходимони тиб ҳузур доштанд. Ҳатто дари хонаҳои тиббӣ боз буд. Ин ба худро бехавф ҳис кардани нозирон низ замина фароҳам меовард.
Дар рафти назорати интихобот сатҳи баланди ҳамҷиҳатии халқ рӯшан ба назар мерасид. Бахусус, дар байни овоздиҳандагон ҷавонон бештар буданд. Будани ҷавононе, ки ба воқеияти сиёсии мамлакат бефарқ нестанд — бахти бузург. Охир онҳо соҳиби оянда, бунёдкорони фардоянд. Шуури онҳо фаъол бошад, ояндаи кишвар низ беҳ мешавад.
— Оё дар рафти интихобот ҳолате, ки хилофи қонун ё боиси малоли хотири Шумо бошад, ба мушоҳида гирифтед?
— Пеш аз ин дар ҷараёни интихоботи 8 давлат ширкат ҷустаам. Агар гӯям, ки мисли ин интихобот интихоботи мураттаб ва аҳолиаш фаъолро надидаам, бовар кунед.
Ба сифати нозир дар тӯли фаъолиятам бо нозирони гуногуне, ки аз дигар давлатҳо омадаанд, дар тамос будам. Ба фикру мулоҳизаҳояшон, ба хотири он ки шояд камбудиеро ба мушоҳида гирифта бошанд, таваҷҷӯҳ зоҳир намудам. Онҳо низ қонеъ буданд.
— Тадқиқоти стратегиатон муносибатҳои Ӯзбекистону Покистонро чӣ хел арзёбӣ мекунад?
— Пӯшида нест, ки халқҳои Покистону Ӯзбекистон аз қадим дӯст буданд. Муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ солҳои баъдӣ рушд карданд. Ин ба туфайли саъю ҳаракатҳои роҳбарони ду давлат аст.
Аз имконият истифода бурда, Шавкат Мирзиёевро, ки дар интихобот пирӯзӣ ба даст оварда, аз нав ба сифати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуд, аз номи халқамон самимона муборакбод менамоям.
Дар ин маврид гуфтаниям, ки мо Шавкат Мирзиёевро, барои корҳои густурдааш дар давраи панҷ соли гузаштаи Президентӣ, пешвои Осиёи Марказӣ меҳисобем.
Дар Покистон мо айнан доир ба ин мавзӯъ зери номи «Ҷаноби олӣ Шавкат Мирзиёев — роҳбари барҷастаи давлатӣ» китобе низ чоп кардем. Дар ин китоб фикру мулоҳизаҳои сиёсатмадорон, олимон ва тадқиқгарони пештози Покистон дар бораи кору фаъолияти Мирзиёев, муносибатҳои ба худ хоси Ӯзбекистону Покистон ва истиқболи ҳамкориҳои ду мамлакат ба таври густурда оварда шудаанд.
Фикр мекунам, Президенти навинтихобшуда Шавкат Мирзиёев, агар дар панҷ соли гузашта на танҳо дар миқёси мамлакат, балки дар миқёси Осиёи Марказӣ, ҳатто минтақаи Осиё, ғояю ташаббусҳои бузургро доир ба корҳои васеъмиқёс ба миён гузошта бошад, минбаъд ба татбиқи онҳо мепардозад. Ман дар ин ҷода ба Ҷаноби олӣ нерӯву қудрат ва омад мехоҳам!

Суҳбаторо
 Норгул АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: