МАРКАЗИ «ИНСОН» БА ИСТИФОДА СУПОРИДА ШУД

Соли гузашта мувофиқи қарори Президент аз 28-уми сентябри соли 2023 «Дар бораи чораҳои такмил додани низоми расондани хидматҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ» дар ноҳияи Пахтачӣ ва шаҳри Каттақӯрғон ҳамчун таҷриба фаъолияти марказҳои хидматрасонии иҷтимоии «Инсон» ба роҳ монда шуд.

Чанде пеш чунин марказ дар ноҳияи Ҷомбой низ ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло дар ноҳия 81 нафар пиронсолони яккаву танҳо, беш аз 4000 нафар шахсони маълӯл зиндагӣ мекунанд, ки дар сохтори иттилоотии «Феҳристи ягонаи иҷтимоӣ» сабти ном шудаанд. Марказ хидматҳои иҷтимоиеро, ки ба онҳо расонида мешавад, ҷамъ карда, имкони ба сатҳи нав баровардани онро медиҳад.
– Дар бино барои ҳаракати шаҳрвандони маълӯл шароит муҳайё аст, – гуфт директори марказ Элёр Отабоев. – Минбаъд онҳо метавонанд хидматҳоро аз муайян кардани маълӯлӣ сар карда, то воситаҳои зарурии ҳаракат ва кумакҳои молиявии дигар дар худи ҳамин ҷо дастрас намоянд. 
***
Бинои Маркази хидматрасонии иҷтимоии «Инсон»-и ноҳияи Нарпай низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Марказ дар ҳудуди маҳаллаи Нарпай қад афрохта, ба аҳолӣ аз рӯйи дар маҳалла ташкил намудани хидматрасонии иҷтимоӣ, кор бо пардохтҳои иҷтимоӣ, шахсони маълӯл, пиронсолон ва оилаҳое, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, инчунин ҳимояи иҷтимоии кӯдакон хидмат мерасонад.
Ёдорас менамоем, ки чунин марказ дар ноҳияи Пайариқ низ ба фаъолият оғоз кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: