Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар анбори бозори Санкт-Петербург сӯхтори шадид рух додааст.
Тибқи маълумоти охирин, сӯхторро қариб 30 соат хомӯш карданд. Ба гуфтаи коршиносон, хисорот метавонад ба 15 миллиард рубл бирасад.
Сарвари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дастур дод, ки дар робита ба ин сӯхтор парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Аз фардо ширкат ба пардохти ҷуброни аввалин ба фурӯшандагоне, ки моли онҳо сӯхтааст, оғоз мекунад.
Сӯхтор 70 ҳазор метри мураббаъ майдони анборро фаро гирифт. Дар замони сӯхтор дар ин маҷмаа беш аз ҳазор корманд фаъолият мекард. Ҳоло ҳамаи онҳо эвакуатсия карда шудаанд.