Нақшаҳои оммавӣ гардондани намудҳои варзиш муаррифӣ карда шуданд

  • Нақшаҳои оммавӣ гардондани намудҳои варзиш муаррифӣ карда шуданд
  • Нақшаҳои оммавӣ гардондани намудҳои варзиш муаррифӣ карда шуданд
  • Нақшаҳои оммавӣ гардондани намудҳои варзиш муаррифӣ карда шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимот бахшида ба рушди атлетикаи вазнин дар кишвар ва инфрасохтори футбол дар маҳаллаҳо шинос шуд.

Варзиш дар ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, пурмазмун гузарондани вақти ҷавонон нақши муҳим мебозад. Ба оммавӣ бо варзиш шуғл варзидан Олимпиадаи «Панҷ ташаббус», чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ мусоидат менамоянд. Дар айни ҳол ба рушди намудҳои олимпии варзиш ва омода намудани варзишгарони соҳибихтисос диққати махсус дода мешавад.

Аз ҷумла, дар Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» ташкили низоми кори инфиродӣ бо варзишгарони вазнбардори ҳамаи тоифаҳои синну сол ва ташкили Маркази вазнбардорӣ барои омодагии касбии онҳо пешбинӣ шудааст.

Марказ дар назди Вазорати варзиш дар шаҳри Чирчиқ созмон дода хоҳад шуд. Он муассисаи махсусонидашудаи таълимӣ буда, ба синфҳои 7-11 сабақ медиҳад. Наврасон дар асоси усулҳои пешқадам ҳамчун номзадҳои асосӣ дар таркиби дастаҳои мунтахаб тайёр карда мешаванд. Ба нақша гирифта шудааст, ки марказ аз соли таҳсили 2025/2026 ба фаъолият шурӯъ кунад.

Ба ғайр аз ин, бо дастгирии Шӯрои федератсияи иттифоқҳои касаба клуби варзишӣ оид ба атлетикаи вазнин ташкил карда хоҳад шуд. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, инчунин вилоятҳои Намангон, Тошканд ва Самарқанд мактабҳои минтақавӣ кушода мешаванд.

Умуман барои инкишофи ин намуди варзиш барномаи сесола таҳия шудааст. Дар он вазифаҳо оид ба баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба атлетикаи вазнин, фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарон дар минтақаҳо, рақамисозии раванди селексия, ҷалби мутахассисони соҳибихтисоси хориҷӣ ва аз худ намудани таҷрибаи пешқадам фаро гирифта шудааст.

Ба мақсади оммавӣ гардондани атлетикаи вазнин баргузор намудани мусобиқаҳои сезинавӣ, инчунин чемпионати Осиёи Марказӣ ва чемпионати кушоди «Uzbekistan open» ба нақша гирифта шудааст.

Дар кишвари мо намуди маъмултарини варзиш футбол ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар маҳаллаҳо нақшаҳои рушд ва густариши инфрасохтори футбол таҳия шудаанд.

Барои ин дар маҳаллаҳо стадионҳои мавҷуда ва дигар майдончаҳои варзишӣ самаранок истифода бурда мешавад. Дар он ҷое, ки онҳо вуҷуд надоранд, чунин иншоот дар асоси шарикии давлатию хусусӣ сохта мешаванд. Дастаҳои мунтахаби мардонаю занонаи маҳаллаҳо байни гурӯҳҳои синну солашон гуногун ташкил карда мешаванд. Бозингарони ҷавони боистеъдод ба муассисаҳои футболи касбӣ фиристода мешаванд.

Дар ташкили ин кор ба пешвоёни ҷавонон дар маҳаллаҳо шуъбаҳои минтақавии Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ва мактабҳои варзишӣ ёрӣ мерасонанд.

Ба ғайр аз ин, аз соли ҷорӣ сар карда, дар асоси таҷрибаи Ассотсиатсияи футболи мактабҳои Англия низоми роҳбари мактаби футбол дар байни хонандагони синфҳои 8-11 интихоб карда мешавад. Ҳамчунин миёни наврасони 12-15-сола «Лигаи маҳаллаҳо»-и дудараҷагӣ ва  наврасони  тоифаи синну соли 16-30-сола ҷоизаи сезинавии Хидмати бехатарии давлатӣ ташкил карда мешавад.

Ин чорабиниҳо ба рушди инфрасохтори футбол, интихоб ва дастгирии ҷавонони боистеъдод, ташаккул додани захираи баландсифат барои дастаҳои мунтахаби миллӣ мусоидат мекунанд.

Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро пазируфта, оид ба мустаҳкам намудани фазои варзишӣ ва дӯстӣ байни ҷавонон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаҳо супоришот дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: