САМАРАИ ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ЭКСПЕРТИЗАИ СУД

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Маркази экспертизаи суди назди Вазорати адлия доир ба «Самараи ислоҳот дар соҳаи экспертизаи суд» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Маркази экспертизаи суди ба номи Х. Сулаймонова Акрам Халилов таъкид кард, ки моддаи 28-уми навтаҳрири Конститутсия кафолат медиҳад, ки шахсе дар сурати иқрор шудани гуноҳаш ягона далели зидди ӯ бошад, гунаҳкор дониста намешавад. Ин роли масъулиятноки тадқиқоти экспертизаи суд дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноят боз ҳам баланд мешавад. Аз ин лиҳоз, дар Конститутсия муайян шудааст, ки натиҷаҳои тадқиқоти экспертизаи суд низ барои ҳифзи кафолатноки ҳуқуқу озодии шаҳрвандон муҳим аст.
Дар марказ бори аввал дар таърихи мамлакат фаъолияти Институти тадқиқоти илмии экспертизаи суд ташкил карда шуд. Дар натиҷаи корҳои илмию амалӣ дар давоми 4 соли охир дар маркази мазкур як қатор намудҳои нави экспертизаи суд ба вуҷуд омад. Амсоли лингвистикаи суд, компутертехникаи суд, роҳи автомобили суд, электротехникаи суд, психологияи суд, андози суд, маҳсулоти озуқавории суд ва ҳоказо ба амалиёти экспертизаи судӣ татбиқ карда шуд. Дар натиҷа намудҳои экспертизаи суд аз 44 ба 57 то зиёд гардида, самтҳои тахассусӣ ба 91-то расид. Ин бешубҳа ба он хидмат мекунад, ки ҳар як масъалае, ки ба назди экспертизаи суд гузошта мешавад, дар ҳамоҳангӣ бо манфиатҳои инсонӣ ҳал карда мешавад.
Дарвоқеъ ба мақсади баланд бардоштани сифати кори суд, пурзӯр кардани кафолати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин мувофиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» чораҳои куллан такмил додани низоми суду ҳуқуқ ва баланд бардоштани эътимод ва мақомоти суд ба нақша гирифта шудааст.
Дар охири нишаст бинобар вазифаҳои минбаъдаи вазорат маълумотҳои муфассал пешкаш гардид ва ба саволҳои журналистон намояндагони вазорати мазкур ба таври умум ҷавоб гардонданд.

Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: