«ХИРАДМАНД» – ҚУТБНАМОИ ДОНИШУ ХИРАД

Дар ҳақиқат, имрӯз мо дар замоне зиндагонӣ мекунем, ки шабакаҳои интернет ҳама ҷоро фаро гирифта, хурду калон ба он сарукор доранд.

На ҳама аз шабакаҳои интернет самаранок истифода мебарад. Он ҷавононро метавонад дар шоҳроҳи зиндагонӣ роҳгум занад. Борҳо шоҳиди ин ҳодисаи дилхарош шудаем. Ҳамчунин ба саломатӣ, хосатан, ба чашм таъсири манфӣ дорад. Ва аксаран шабакаҳои интернет ҷойи китобу маҷаллаву рӯзномаро фаро гирифтааст. 
 Китобхонӣ аз қадим ба мардуми мо мерос буд. Зери болини тифли навзод китоб мегузоштанд. Ин одати хуби ниёкон низ ба фаромӯшӣ расидааст. Мардум, бахусус ҷавонон, аз китобхонӣ дур шудаанд. Китоби бадеӣ кам мехонанд. Дар кишвари мо китобдориву китобхонӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ боло бурда шуд. Дар маҳаллаҳо марафони китоб гузаронида мешавад. Ҳар сол мусобиқаи «Китобхони сол» баргузор шуда, ғолибон мукофотонида мешаванд. Яке аз шартҳои Панҷ ташаббуси Президент низ китобдориву китобхонӣ мебошад.
Равшанфикрон роҳҳои нави тарғиби китобдориву китобхониро ҷустуҷӯ доранд. Ташаббусҳои навро пешкаш менамоянд. 
Соли равон бо ташаббуси нависанда Юнуси Имомназар байни хонандагони мактабҳои тоҷикии кӯҳпояи Нурато маҳфили интелектуалии «Хирадманд» таъсис ёфт. Чанде пеш маҳфил толибилмони нӯҳ мактаби тоҷикии кӯҳпояро дар саҳнаи мактаби рақами 30-юми деҳаи Сойхурди ноҳияи Нурато гирд овард. (Доири тафсилоти маҳфил нигаред «Хирадманд» роҳкушои дунёи муҳаббат ба китоб», «Овози тоҷик», аз 14 ноябри соли 2023).
Бешубҳа, маҳфили «Хирадманд»  роҳкушои дунёи  муҳаббат ба китоб аст. Толибилмон дар давоми чор-панҷ моҳ китобҳои пешниҳодшударо мутолиа мекунанд. Доири ҳаёту фаъолият ва осори муаллиф низ маълумоти умумӣ пайдо мекунанд. Ба саволномаҳо, ки аз ҷониби муассиси маҳфил тартиб дода шуда, дар қуттии махсус ба манзили маҳфил оварда мешавад, намояндаи гурӯҳи аз мактабҳо омада, саволномаро интихоб мекунад. Пас аз муҳокимаи фосилавӣ нафаре дар байни иштирокдорон ба савол посух медиҳад. Ба посухҳо доварон, ки аз байни адибон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба интихоб шудаанд, баҳогузорӣ мекунанд, баъзе иштибохоти шогирдонро ислоҳ мекунанд. Маҳфил ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти ҳозирин бетаъсир набудааст.
Дар мактабе, ки гирдиҳамоӣ ба вуқӯъ меояд, маҳфил боз ҳам таъсири бештар дорад. Иштирокдорони маҳфил хуб дарк мекунанд, ки:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон 
ёре нест,
Дар ғамкадаи замона 
ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи 
танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз 
озоре нест.
Маҳфили «Хирадманд» мактаб ё худ таълимгоҳи дӯстӣ мебошад. Соле муқаддам хонандагони мактабҳои тоҷикии кӯҳпоя бо ҳам алоқа надоштанд, ҳамдигарро намешинохтанд. Туфайли маҳфил байни онҳо робита пайдо шуд, бо ҳам шинос гардиданд. Албатта, ин ҳолат ба ояндаи дурахшони ҷавонон хидмат хоҳад кард. Толибилмон аз ҷавонӣ  хуб дарк мекунанд, ки:
Дарахти дӯстӣ биншон, 
ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, 
ки ранҷи бешумор орад.
Дар гузаронидани маҳфил марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон  саҳми арзанда мегузоранд. 
Дар нишасти сари як пиёла чой пешниҳод шуд, ки дар кори маҳфил хонандагони мактабҳои тоҷикии вилояти Сирдарё низ гирди ҳам оварда шаванд. Ин амал танҳо ба манфиати кор аст. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: