Масъалаҳои рушди ҳамкориҳо бо ширкати China Overseas мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Директори Маркази омӯзиши мушкилоти рушди нақлиёт ва логистикаи назди Вазорати нақлиёт Бекзод Холматов бо раиси раёсати ширкати чинии China Overseas ҷаноби Ли Хонг мулоқот кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ, маблағгузории лоиҳаҳо аз ҷониби институтҳои молиявии Чин ва татбиқи бомуваффақияти ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-ро баррасӣ карданд.

Зимни музокира ҷонибҳо доир ба лоиҳаҳои асосие, ки дар доираи рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, ва ҷараёни татбиқи онҳо табодули афкор намуданд. Масъалаҳои марбут ба таҳияи моделҳои нави ҳамкорӣ оид ба татбиқи лоиҳа баррасӣ шуданд.

Дар чаҳорчӯби самтҳои ҳамкорӣ дар мулоқот ҷонибҳо вазифаҳоеро муайян карданд, ки дар оянда амалӣ хоҳанд шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: