Насли нави ҷомеа аз дигар қишри аҳолӣ ба куллӣ тафовут доранд.
Онҳо ҳамеша ба навҷӯиву навгониҳо шавқу ҳавас ва баҳри ноил шудан ба комёбӣ ва муваффақиятҳо азму кӯшиш доранд. Насли нави ҷомеа – ҷавонон шуҷоатноку боғайратанд. Донишу ҳунарҳои замонавиро низ ба хубӣ аз бар менамоянд. Бо вуҷуди ин дар ниҳоди онҳо парваридани эҳсоси эҳтиром ба калонсолон, ғояҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, интихоб ва дарёфти пешаи муносиб аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Сарвари давлат дар ҷамъомаду машваратҳо назди масъулони соҳа вазифаҳои устувор гузошта, онҳоро водор месозад, ки ҳангоми сарукор доштан бо масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон ҳаргиз саҳлангорӣ накунанд. Тавре ки боре гуфта буд:
«Маълум аст, ки масъалаи ҷавонон дар ҳама давру замонҳо аҳамияти калонро молик будааст. Аммо дар ин асри 21, ки мо умр ба сар мебарем, ин чиз боз ҳам мубрамтару муҳимтар мебошад.»
Дарҳақиқат, дар саросари кишвар баҳри бо шуғли доимӣ банд намудани ҷавонон ҳамагуна чораҳо андешида мешавад. Марказҳои инноватсионии ҷавонон фаъолият менамоянд. Корхонаҳое, ки нав таъсис меёбанд, ҷавонони зиёдро истиқбол мегирад. Марказҳои бандкунӣ бо шуғл баҳри дарёфти кор ба ҷавонон кумак мерасонанд.
Дар маҳаллаҳо пешбари кор бо ҷавонон фаъолият мекунад. Ҳоло дар ноҳияи Фориш ҷавонони синну солашон аз 14 то 30-соларо пешбари ҷавонон аз сари нав номнавис намуда, бо рӯзгори онҳо ошно мегардад. Айни замон ба чӣ машғуланду чӣ гуна манбаи даромад доранд, кадом муаммоҳо то ҳол эшонро ба ташвиш овардааст, муфассал меомӯзанд. Дар ҳокимияти ноҳия муовини ҳоким оиди кор бо ҷавонон фаъолият пеш мебарад. Ӯ низ аз ин ҳисобот бохабар мешавад, пайи пиёда сохтани муаммоҳо тадбир меандешад.
Имкониятҳо зиёданд, зеро шумораи корхонаву фабрикаҳо торафт афзун мешавад. Агар масъулон саривақт баҳри ҳал намудани мушкилиҳои рӯзгори ҷавонон камари ҳиммат банданд, шумораи онҳое, ки барои дарёфти кор ва манбаи даромад рӯй ба кишварҳои бегона ниҳодаанд, хеле коҳиш меёбад. Дар он сурат дар Ватани хеш, назди волидон, оилаву фарзандони худ нони ҳалоли худро хоҳанд дарёфт.
Имкониятҳои иловагии корхонаҳои ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах» зимни ҷамъомадҳои ҳокимияти вилояти Ҷиззах мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбарони ин корхонаҳо низ ваъда доданд, ки ҳар чӣ бештар ҷавононро бо шуғл фаро мегиранд.
Роҳбари бахши ҳудудии ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» дар вилояти Ҷиззах Музаффар Маматқулов гуфтааст, ки: «Мо ба туфайли саривақт ва босифат ҳал намудани масъалаҳои ҳаёти ҷавонон самаранокии натиҷаи ислоҳотро хоҳем дид. Дар он сурат ба олами онҳо ворид шуда, водор хоҳем сохт, ки ғамхориҳое, ки алҳол давлату ҳукумат дар ҳаққи ҷавонон мехӯрад, амиқ ҳис намоянд ва дар роҳи расидан ба мақсадҳои неки худ собитқадам бошанд.»
Имрӯз вақти амал фаро расид.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.