МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ БАРРАСӢ ГАРДИД

Аз тарафи Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон ва Бунёди ҷамоатии дастгирии СҒҒ бо ҳамкории Маркази миллии ҷумҳуриявӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Вазорати адлия, Вакил оид ба ҳуқуқи инсони Олий Маҷлис (Омбудсман) ва дигар созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ таҳти мавзӯи «Ҳамкории Созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ дар таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон» форуми миллӣ баргузор гардид.

Дар форум мутахассисони маҳалливу хо-риҷӣ, намояндагони вазорат ва идораҳои алоқамандони соҳа  ва СҒҒ иштирок карданд.
Таъкид гардид, ки дар мамлакат доир ба ҳиф-зи ҳуқуқи инсон ва мустаҳкамсозии пойгоҳи ташкиливу ҳуқуқии он,  ба қонунгузории миллӣ мутобиқ  гардондани стандартҳои байналхалқӣ, иҷрои маҷбуриятҳои байналхалқӣ, инчунин, пурзӯргардонии ҳамкорӣ бо  созмонҳои байналхалқӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон корҳои муназзам ба амал татбиқ мегарданд.
Ба хусус, оид ба ҳуқуқи инсон Стратегияи миллии ҷумҳурӣ қабул гардид. Доир ба амалӣ гардондани он  аз ҷамъ 78 банд 62 банди  «Харитаи роҳ» корҳо бурда мешаванд. Оид ба амал татбиқ намудани 16 банди боқимонда корҳо идома доранд.
Доир ба пурзӯр гардондани фаъолнокии занону духтарон дар солҳои 2022-2026 дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мамлакат Барномаи миллӣ қабул гардид. Ғайр аз ин, Барномаи миллии кумак ба таъмини шуғли шахсони имконоти ҷисмониашон маҳдуд ва ногиро низ тасдиқ гардид.
Дар саросари мамлакат ба ҳолатҳои маҷбурии меҳнат ва меҳнати бачагона барҳам дода шуд.
Пас аз нисфирӯзӣ масъалаҳои номбаргардидаи форум  дар шуъбаҳо муҳокима гардиданд. Дар он намояндагони СҒҒ бо маърӯзаҳои худ ширкат варзиданд. Ба хусус, маърӯзаҳо доир ба масъалаҳои таъмини хуқуқ ва озодии занону духтарон ва дар ин хусус  мустаҳкам гардондани ҳамкории мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, дар асоси ихтиёрӣ дар сохтори  кор бо ҷавонон  ба амал татбиқ намудани таълим, ҳуқуқ, тарбия ва ташаббусҳои ҷавонон барои иштирокдорон аҳамиятнок  гардид.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: