Маъмури давлатӣ дари хонаи кампирро кӯфт.
Пиразан дарро боз намуд. Маъмур пурсид:
– Ассалому алайкум! Дар хона чанд нафар ҳастед? Шиносномаҳоятонро пешниҳод намоед, то сабти ном кунам.
Пиразан ба кӯча нигоҳ карда, бо чашмони пур аз ашк гуфт:
– Агар имкон бошад, фардо меомадӣ.
Маъмур гуфт:
– Модар, чӣ фарқ дорад, имрӯз ё фардо?
Пиразан:
– Шояд писарам имрӯз баргардад ва мо то фардо се нафар шавем.
Дар ин ҳангом ҳамсояи пиразан ба суҳбат ҳамроҳ шуда, ба маъмур гуфт:
– 31 сол мешавад, ки ҷигарбанди аздастдодаашро мунтазир аст. Ҳар ҷое равад, калиди хонаашро ба ман мегузораду мегӯяд:
– Шояд дар набудани ман писарам ояд, хаставу монда моро интизор нашавад...
Таҳияи
Далер АЗИЗОВ.