ТАҶРИБАИ МО ДАР МАКТАБҲОИ САМАРҚАНД

Бояд таъкид намуд, ки дар Муроҷиатномаи сарвари давлатамон ба масъалаҳои таълиму тарбия диққати махсус дода шудааст.

«Наҷот – дар таълим, наҷот – дар тарбия, наҷот – дар дониш», чунки ба ҳама гуна мақсадҳои нек ба туфайли дониш ва тарбия муваффақ мегарданд» – таъкид намуд суханони бузургонро Президент. 
Дарҳақиқат, инсон  барои ба мақсади худ расидан илму дониш гирифта пайваста бо китоб буданаш лозим. Ба ин маънӣ чӣ хуш гуфтааст алломаи Шарқ Абдураҳмони Ҷомӣ:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
***
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
***
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Воқеан, имрӯзҳо дар мактаби мо беш аз ду ҳазор нафар талаба таҳсил гирифта, ба онҳо 101 нафар устодони сахтгиру меҳрубон дар синфҳои равшану хушсохт ва замонавии бо асбобу анҷоми аёнӣ муҷаҳҳаз сабақ медиҳанд.
Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ Дилфуза Насимова, забони хориҷӣ Малика Ҳамидова, Азиза Аслиддинова, Нилуфар Ҳайдарова, риёзӣ Умеда Муҳаммадиева, забони модарӣ Шаҳринисо Файзуллоева, забони русӣ Фазилат Сатторова ва дигарон дар асоси таҷрибаҳои пешқадам дарс гузашта, шогирдони онҳо дар озмунҳои фаннӣ ҷойҳои муносибро ишғол намуданд.
Имсол мактаби моро 138 нафар писарону духтарони гирду атрофи гузарҳои Яккаманор, Муборак, Регистон   хатм карда, қариб нисфи зиёди онҳо ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон дохил шудаанд.
Хурсандиовар аст, ки мактаби мо ҳамчун такягоҳи тадқиқоти байналхалқӣ эътироф шуда, таҷрибаи корӣ дар тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Самарқанд ҷорист. Аз ҳамин сабаб аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд ва ҷумҳурӣ ҳамкасбон ташриф оварда, такмили ихтисос менамоянд.
Муроҷиатномаи сарвари давлат моро водор месозад, ки касби худро дӯст дорем, бомасъулият бошем, дар таълиму тарбияи насли наврас ба беэътиборӣ роҳ надиҳем.

Сабиҳа РАҶАБОВА, 
директори мактаби миёнаи рақами 21-уми шаҳри Самарқанд.
Дар акс: омӯзгорон Муроҷиатномаи Президентамонро муҳокима мекунанд.
Аксбардор: Баҳодури ЗОҲИР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: