ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН ЗИЁД МЕШАВАНД

Мухбири ҷамоатиамон бо мақсади баҳодиҳӣ ба муҳити адабии Самарқанд бо раиси шуъбаи вилояти самарқандии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва публитсист Тошпӯлод ТУГАЛОВ суҳбат орост.

Инак, фишурдаи онро ба хонандагони «Овози тоҷик» пешниҳод менамоем.
– Баробари ҳаёт адабиёт ҳам пеш меравад. Шумо ҳоло ба муҳити адабии Самарқанд чӣ гуна баҳо медиҳед?
— Самарқанди бостонӣ тӯли қарнҳо ба рушду такомули шуури илмии халқҳои ҷаҳон ба сифати чорроҳаи илм саҳми назаррас гузоштааст. Дар ин сарзамин уламову фузало ва шоирони пешқадам зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Ҳанӯз дар Самарқанд анъанаҳои «Мактаби устоду шогирд» чун дар замони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ  ва Мир Алишери Навоӣ идома доранд.
Қарори Президент «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон» ба куллан дигар шудани фаъолияти он як ҳуҷҷати муҳими таърихӣ гардид. 
Имрӯзҳо дар шуъбаи мо 55 нафар аъзои Иттифоқи нависандагон ҳастанд. Онҳо дар ҳамаи жанрҳои адабиёт пурсамар эҷод карда истодаанд. 
Соли 2022 аз ҷониби эҷодкорони вилоят беш аз 50 нусха китоби шеърӣ ва насрӣ ба табъ расонида шуда бошад, то ин давраи соли 2023 теъдоди онҳо ба 40 адад расид. 
— Муваффақиятҳои эҷодкорони мо асосан дар кадом соҳаҳо бештар ба назар мерасанд?
– Муваффақияти эҷодкорон вақте ба назар мерасанд, ки онҳо хонандагони худро пайдо мекунанд. Аксари эҷодкорони вилоят бо асарҳои тозаи худ моро шод мегардонанд, дар ҳоле ки ҷавонон дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд. Бурди давру замон ва иллатҳоеро, ки ба ҳаёти мо  ворид мешаванд, ошкор мекунанд. Онҳо ба рӯҳияти шахс ва арзишу эҳсосоти ӯ таваҷҷӯҳ мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, эҷодкорони мо бетараф нестанд. Онҳо қаҳрамонони давру замони навро ба вуҷуд меоваранд. Солҳои охир дар маҳфилҳои адабии муассисаҳои таълимӣ, рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ «Мактаби устоду шогирд»  ба роҳ монда шуд. Ин аст, ки овозҳои нав, истеъдодҳои ҷавон зиёд мешаванд.
Худойбердӣ Комилов, ки яке аз эҷодкорони пуртаҷрибаи мо ба ҳисоб меравад, дар жанрҳои гуногуни адабиёти бачагон асарҳо меофарад, бо тарҷума ва публитсистикаи бадеӣ машғул аст. Публитсистикаи интернетии Нусрат Раҳмат, мақолаҳои рӯзмарраи Фармон Тошев, Хосият Бобомуродова, Нормурод Каримзода, Зоҳир Ҳасанзода, Ёрмамат Рустамов аз эҷодиёти фарогири онҳо дарак медиҳанд.
Исомиддин Пӯлодов, Бегалӣ Эшонқулов, Ҳумоюн, Мавлуда Бойчаева, Гулҳаё Анорова, Талант Примов, Тозагул Ҷуманова, Дӯстбек Сулаймонов, Алишер Сабрӣ барин даҳҳо нафар соҳибистеъдодон дур аз муҳити адабии ҷумҳурӣ низ мавқеи худро пайдо кардаанд. 
— Адабиётро бе танқиди адабӣ тасаввур кардан душвор аст. Дар бораи танқиди муҳити адабии Самарқанд чӣ фикру ақидаҳо доред?
— Дар инкишофи адабиёти бадеӣ адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин нуқтаи назар ҷараёни адабиро бе консепсияҳои назариявӣ тасаввур кардан мумкин нест. Мақсад аз танқид муайян кардани дастоварду камбудиҳои он ва ниҳоят таҳлилу тафсири як асари бадеӣ мебошад. Бинобар ин, бо ин соҳа бояд асосан адабиётшиносон машғул шаванд. Эҷодкорони мо дар бораи асарҳои якдигар ҳатман фикру мулоҳизаҳояшонро баён мекунанд. 
— Чаро дар байни эҷодкорони Самарқанд драматургон нестанд? Ба назари шумо сабабҳои ин дар чист?
— Шумо дар бораи масъалае, ки даҳҳо сол боз моро ба ташвиш овардааст, сухан кушодед. Дар соҳаи драматургия эҷодкорони мо каманд. Ин аҳволро имрӯз дар адабиётамон мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо адибони Самарқанд кӯшиш доранд, ки дар се-чор соли охир ин қафомониро бартараф кунанд. Дар ин маврид метавон драмаи «Тазаррӯъ», «Ялангтуш Баҳодур»-и  Фармон Тошев, «Ҷадид»-и  Раъно Одилова (дар бораи ҷадиди равшанфикр Саидризо Ализода) ва «Суманак»-и Абдухӯроз Абдусаломовро номбар кард. Ин жанр таҷрибаи ҳаётӣ ва маҳорати баландро тақозо дорад. 
–  Дар вилоят чанд фоизи эҷодкорон ба забонҳои дигар асарҳои бадеӣ менависанд? Барои ёрӣ ба онҳо чӣ чораҳо дида мешаванд?
—  Самарқанд вилояти сермиллат аст. Дар ин ҷо 20 дарсади аҳли қалам бо забонҳои гуногун, аз ҷумла ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қароқалпоқӣ эҷод мекунанд. Ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо – 30-юми июли соли 2021, дар шуъбаи вилоятии Иттиҳодияи нависандагон бахши адабиёти тоҷик ифтитоҳ шуда, 4 нафар эҷодкорон ба узвияти иттиҳодия пазируфта шуданд. Дар айни замон шумораи аъзои иттиҳодия, ки ба забони тоҷикӣ асарҳо меофаранд, ба 10 нафар расид. Нусрат Раҳмат, Ҳамида Каримова, Раҳимҷон Наимӣ, Қаҳрамон Саидов, Комилхон Каттаев ба ду забон ва Нормурод Каримзода, Зоҳир Ҳасанзода, Асадулло Шукуров, Малика Ҷумъазода ва Аслиддин Қамарзода ба забони тоҷикӣ эҷод мекунанд. Мақсади асосии мо он аст, ки бахши тоҷикии шуъбаи вилоятиро на танҳо ба минбари шоирону нависандагон, балки ба мактаби маҳорати адибони ҷавоне, ки нав ба олами эҷод қадам мегузоранд, табдил диҳем.
Шоира Дилшоди Фарҳодзод, ки  дар ҳамкорӣ бо шуъбаамон маҳфили «Қофилаи Рӯдакӣ»-ро дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд таъсис додааст, истеъдоди ҷавононро ба рӯйи об мебарорад.
Дар соли ҷорӣ тақдимоти даҳҳо китоби муаллифоне, ки ба забони тоҷикӣ эҷод мекунанд, шуда гузашт. Аз ҷумла, муаррифии китобҳои нави адибон Ҳамза Ҷӯра, Тӯрабек Искандарӣ, Аслиддин Қамарзода ва Хоҷа баргузор гардид. «Суханварони Самарқанд»-и Садрӣ Саъдиев, «Шӯълаи ҷовид»-и Қурбоной Убайдуллоева (очерки бадеӣ дар бораи С. Айнӣ, тарҷумаи Паймон аз забони ӯзбекӣ), «Адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон»-и Абдуқайюми Ҳасанзод, «Сеҳри сухан»-и Нарзипӯлод Саидова (қисса ва ҳикояҳо), «Андешаҳои танҳоӣ»-и Солеҳ Саид Мурод ва ғайра ба табъ расиданд.
Пас аз таъсиси бахши адабиёти тоҷик маҷаллаи адабӣ-илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» ба забони тоҷикӣ нашр шуд. Ин навъи маҷалла бори аввал дар таърихи Ӯзбакистон ба забони тоҷикӣ чоп мешавад. Дар он, пеш аз ҳама, асарҳои эҷодкорони ҷумҳуриамон, инчунин шоҳасарҳои адабиёти Шарқ ҷой дода мешаванд. Ғайр аз ин, ба мақсади ҳавасманд гардондани қаламкашони ҷавон саҳифаҳо ҷудо карда шудаанд. Тавассути маҷалла гулчини асарҳои адабиёти ӯзбек низ пешкаши хонандагони тоҷик гардонда мешавад.
— Хоҳиш ва ниятҳои Шумо...
— Пеш аз ҳама барои таваҷҷуҳи «Овози тоҷик» ба ҷараёни эҷодӣ дар вилояти мо ташаккури зиёд. Ба аҳли эҷод, ба ҳамаи хонандагон, ба халқамон хушбахтӣ орзумандам.

Мусоҳиб 
Бахтиёри ҶУМЪА,
хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: