УСТОДИ АДАБОМӮЗИ МАН

Дар ҳақиқат, устод дар ҳаёт роҳнамои ҳар як шогирд мебошад.

Аё устод, мирам пеши поят,
Намеарзад ҷаҳон андар баҳоят.
Ҳамон килке, ки бар дастам
 бидодӣ,
Тамоми умр мегӯям саноят.
Дар ҳақиқат, устод дар ҳаёт роҳнамои ҳар як шогирд мебошад. Ӯ ақлҳоро пурра, роҳи каҷро рост месозад. Ман устодро ба як боғбон монанд мекунам. Агар боғбон барои гирифтани ҳосили хуб заҳмати зиёд кашад, устод ҳам барои илм гирифтани шогирдони худ ҳамон қадар заҳмат мекашад. Рӯзу шаб, хоҳ дар хоб, хоҳ дар бедорӣ роҳу усулҳои ба шогирдонаш тарбияи дуруст доданро меандешад. Муаллим шахси одӣ нест, балки масъули имрӯзу ояндаи мо мебошад. Дар ин роҳ ӯ аз баҳри нури чашмони худ мегузарад.
Инак, мехоҳам дар бораи устоди нахустинам сухан кунам.
Ба дастонам қалам додӣ,                 
Қалам дар дасти ман ларзид.
Зи ларзишҳои дасти ман,
Ки гӯё меҳри ту ҷунбид,
Аё устод, аё устод.
Ман бори аввал ба ин даргоҳи муқаддас қадам гузоштам ва моро устоди аввалинамон Меҳринисо Маҷидова пешвоз гирифта, бо меҳру муҳаббати ба худ хос ба синфхона дароварданд. Аввалин хату саводро мо аз он кас омӯхтем. Аз ҷумла, хондани китоб, навиштани ҳарфҳо, дӯст доштани падару модар ва  Ватанро низ. Бо ҳамин сабабҳо меҳру муҳаббати ман ба устодам хеле зиёд шуд. Ба тамоми ҳастиям устодамро дӯст медорам. Меҳри устод нисбат ба шогирдони ҷавон хеле зиёд буд. Ҳар якеи моро ҳамчун фарзанди худ дӯст медоштанд. Дертар вақте мо ба синфхонаи забон ва адабиёт даромадем, дар он ҷо устоди муҳтарам Салом Атоев нишаста буданд. Бо мақсади шиносоӣ журнали синфро гирифтанду бо ҳар яки мо суҳбат карданд. Устод фанни худро ба он андоза бо шавқ мегузаштанд, ки ман нисбат ба фанни устод меҳри зиёде пайдо кардам. Бисёртар аз фанни устод ба ман таҳлили байтҳо хеле маъқул буд. Заҳмате, ки устод барои шогирдонашон кашиданд, имрӯз самараи худро дода истодааст, ки аксарияти онҳо донишҷӯ шудаанд. Ман ҳам яке аз ҳамин гуна шогирдони устод мебошам ва бо чунин устоди худ фахр мекунам. Нафақат мо, балки шоирони бузург ҳам устодони худро ҳурмату эҳтиром кардаанд. Чунончи:
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеч Мавлоно нашуд авлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ 
нашуд.
Ман Салом Атоевро ба як офтоби нурбахш монанд мекунам, ки бо суханҳои ширину гуворои худ оташи меҳру муҳаббати донишандӯзиро дар дилам ҷо карданд. Ман мехостам, ки дар оянда ҳамчун устоди донишмандам шавам ва ба шогирдони худ таълиму тарбия диҳам.

Сабрина НОРХӮҶАЕВА,
донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: