САМАРАИ ҲАМКОРӢ

Дар корхонаи хусусии «Siberian wellness Namangan», ки дар ҳудуди ноҳияи Чуст фаъолият дорад, пресс-тур ташкил карда шуд.

 Бо туфайли эътибори роҳбари давлатамон дар ҷойҳо лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба амал татбиқ мегарданд. Аз он ҷумла, дар ноҳияи Чуст низ як қатор корҳои намунавӣ амалӣ гардида истодааст. 
3 сол пеш аз ин дар ҳудуди Варзик тадбиркори маҳаллӣ бо ширкати  «Сибирское здоровье»-и Русия корхона ташкил карда буд. Дар ин ҷо 405,5 гектар замин ҷудо карда шуда, бо усули интенсив боғдорӣ ташкил карданд. 
– Аз Франсия якчанд навъи ниҳоли дарахтҳои гуногунро оварда, ба 263 гектар замин шинондем ва парвариш кардем, – мегӯяд мутахассиси корхона Муҳаммадраҳим Мамаҷонов. – Натиҷа бад нашуд. Соли 2022 боз 105 гектар замин илова карда, ниҳолҳо шинондем. Дар давоми як сол дарахтон ба мева даромаданд ва онҳоро ба фурӯш баровардем.  
Бо мақсади зиёд кардани ҳосилдорӣ аз техникаи замонавӣ истифода мебарем.  Ҳар як дарахт бо назорати мутахассис парвариш карда мешавад. Барои муайян кардани касалиҳои  дарахтон аз техника, яъне дрон истифода бурда мешавад. 
– Бо мақсади аз нав коркарди консентрати мева дар минтақаи саноатие, ки дар Чуст воқеъ аст, 4 гектар замин гирифта, ба фаъолият сар кардем, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд технологи корхона  Камолхон Мӯъминов. – Аз Булғория  технологияи замонавӣ овардем ва биноро ҷиҳозонидем. Экспорти аввалин соли гузашта ба Қирғизистон  бо миқдори 17,5 ҳазор долларро ташкил кард. 

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: