ҶАҲОНГИР МАҲМУДОВ – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Шогирди мактаби бачагонаи «Баркамол авлод»-и вилояти Бухоро Ҷаҳонгир Маҳмудов дар озмуни байналхалқии робототехникаи «Youth techno art», ки дар Ӯзбекистон бори аввал баргузор гардид, иштирок намуда соҳиби ҷои аввал шуд.

Дар ин озмун, ки ба тарзи онлайн сурат гирифт,  аз мамлакатҳои Австралия, Малайзия, Арманистон ва Ӯзбекистон 124 лоиҳа пешниҳод гардид ва аз ҷониби доварон беҳтарини онҳо интихоб карда шуд.
4 феврали соли ҷорӣ ба воситаи барномаи zoom бо панҷ нафар иштироккунандаи интихобшуда мулоқот ба вуқӯъ пайваста тақдимоти лоиҳаҳои онҳо ба амал омад.
Баъди муҳокима ва ҷамъбасти ниҳоӣ ихтирои Ҷаҳонгир Маҳмудов аз ҳама беҳтарин ва муносиби ҷои аввал дониста шуд.
Ғолиби озмун Ҷ. Маҳмудов аз соли 2020 ин ҷониб дар маҳфили «Робототехника»-и мактаби «Баркамол авлод»-и вилоят иштирок дорад. Вай то ҳол дар бисёр озмунҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорнок гаштааст.
Ӯ аз ҷумла моҳи ноябри соли гузашта дар озмуни «Бачагони ихтироъкор»-и Вазорати таълими халқ низ ғолиб баромада бо диплом ва тӯҳфаи муносиб сарфароз гаштааст.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: