ИСТЕҲСОЛИ СӮЗАНДОРУ БА РОҲ МОНДА ШУД

Дар Қӯқанд корхонаи муштараки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Лайф Импорт» ба кор шурӯъ кард, ки барои истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ ихтисос шудааст.

 Тибқи нақшаи солона корхона 100 миллион дона сӯзандору, 30 миллион дона системаи инфузионӣ, инчунин 33,5 миллион дона ниқоб ва дастпӯшаки тиббӣ истеҳсол хоҳад кард.
– Маблағи умумии лоиҳа 5,5 миллион доллари ИМА буда, 1 миллион доллари онро сармоягузории мустақими сармоягузорони чинӣ ташкил мекунад. Ман бо кумаки ҳокимияти вилоят 1,8 миллион доллар қарзи бонкӣ гирифтам. Барои истеҳсоли маҳсулоти мадди назар аз Чин мошину таҷҳизоти замонавӣ оварда насб кардем, – мегӯяд соҳибкори маҳаллӣ Аҳмадҷон Ҳайдаров.
Корхона дар ду баст кор мекунад ва зиёда аз 120 нафар ҷавонон бо кори доимӣ таъмин карда шуданд. 
Бо ба кор даромадани ин корхона шумораи корхонаҳои хусусӣ, ки барои истеҳсоли таҷҳизоти дорусозӣ ва тиббӣ ихтисос дода шудаанд, дар вилояти Фарғона ба 10 адад расидааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: